Издивоҷ[1]

67

Аҳамияти издивоҷ дар Қуръон ва ривоёт

Ислом бо дар назар гирифтани ниёзҳои воқеӣ ва табиии инсон аз як су ва бо иноят ба масолеҳи фард ва иҷтимоъ аз сӯи дигар, издивоҷро ба унвони беҳтарин роҳ ва муносибтарин шева барои рафъи ниёзҳои отифӣ, равонӣ ва ҷинсии ӯ интихоб кардааст.

Қатъан ҳар миллате дар дин ва оини худ ба навъе аз он баҳраманд буда ва ҳаст аммо дини Ислом беш аз ҳама бар он таъкид дорад ва барои он осор ва фавоиди муҳимме ёд кардааст. Дар Қуръони маҷид се оя дар аҳамияти асли издивоҷ омада ва ҳамагонро ба он ташвиқ ва даъват намудааст.

1- сураи муборакаи Нур / 32.

2- сураи муборкаи Рум / 21.

3- сураи муборкаи Нисоъ / 3.

Илова бар оёти мазкура ривоёти бисёре низ дар ин замина вуҷуд дорад чунончи Паёмбари Ислом(с) фармуд:

مَن تَزَوَّجَ اَحرَزَ نِصفَ دینه

Касе, ки издивоҷ кунад ниме аз дини худро ба даст овардааст.[1]

Аз ин рӯ фуқаҳо ва уламои дини Ислом издивоҷро аз мустаҳабботи муаккад баршумурдаанд ва онро барои касе, ки ба сабаби ихтиёр накардани ҳамсар ба гуноҳ биафтад воҷиб донистаанд. Қатъан вақте ғаризаи ҷинсӣ аз роҳи саҳеҳ ва шаръӣ ирзо шавад ва рӯҳи пуризтироби инсон, эътидол ва оромиш ёбад, ҳақоиқи зиндагиро беҳтар дарк мекунад ва ба сӯи дин ва саодати худ гомҳои бузургтаре бар медорад.

Қуръон ҷиҳати ташвиқ ва тарғиби ҷавонон ба издивоҷ, хилқати зан ва шавҳарро аз оёт ва нишонаҳои муҳимми худ баён медорад ва ин хилқатро аз муҳимтарин авомили расидан ба оромиши рӯҳӣ – равонӣ ва ҳатто ҷисмӣ муаррифӣ мекунад. Ва ҷиҳати омодасозии ҷавонон мефармояд: ду ҳадияи гаронбаҳо дар гарави ин васлат ва пайванд аз ноҳияи Худо ба шумо эҳдо мешавад

1: Маваддат;

2: Раҳмат.

Ҳикмат издивоҷ, сукун ва оромиш ёфтани мард дар канори зан ва зан дар канори мард аст. Ин бадон маъност, ки аз як су инсон ба оромиш ниёз дорад ва аз дигар су касе, ки ҳамсаре интихоб накарда ва зери бори издивоҷ нарфта дар ҳақиқат сукун ва оромиши рӯҳӣ ва фикрии худро дар маърази осеб қарор додааст. Оромише, ки бахше аз он марбут ба ниёзи ҷинсӣ, ва бахше дигар нозир ба ниёзҳои отифӣ аст.

Умре канори ҳам зистан ва дар шодӣ ва ғамҳо шарики якдигар будан, муҳаббат ва ҳамдилии вежаеро металабад, ки бисёр фаротар аз муҳаббатҳои роиҷи миёни дӯстон аст. Ба ин ҷиҳат Худованд чунин муҳаббат ва пайванди қалбиро бо тасарруфи таквинӣ дар миёни дилҳои зан ва мард эҷод кардааст

]وَجَعَل بَینَکُم مَوَدَّةً وَ رَحمَةً[.

Раҳмат, он меҳри қалбӣ ва ботинӣ аст ва маваддат асаре аст, ки дар натиҷаи он меҳри қалбӣ бар забон ё рафтор зоҳир мешавад.

Нуктаи муҳимме, ки метавон аз ин оя бардошт кард инки муҳимтарин ниёзе, ки бар асари издивоҷ таъмин мешавад, ниёз ба оромиш ва эҳсоси амният ва осудагӣ аст, ин ниёз, ки дар сиришти одамӣ реша дорад, чунон муҳимм аст, ки Худованд дар баёни фалсафаи издивоҷ ба он ишораи мустақим мефармояд.

Бинобарин, ҳамсарро мӯҷиби оромиш ва амнияти хотир ва муҳити хонаро василаи оромиши рӯҳии зан ва мард қарор дода шудааст.

Дар воқеъ дасти офариниш навъе кашиши дарунӣ миёни зан ва мард ба вадиат ниҳода то ҳар кадом дар синну соли хосс хоҳони якдигар шаванд ва изтироб ва парешониашон аз тариқи издивоҷ ба сукун ва оромиш табдил гардад. Таъкид ва тарғибҳое, ки аз ноҳияи оёт ва ривоёт дар заминаи издивоҷ ворид шуда ва бар аҳамият ва зарурат он далолат дорад фаровон аст ва аз завоёи мухталифе ба ин мабҳас пардохтаанд.

А. Гоҳе аз боби мазаммати муҷаррад мондан ва адами интихоби ҳамсар аст. Ва лизо дар ин маворид аз муҷаррад мондан ба шиддат наҳи мешавад то ҷое, ки дар аҷр ва подоши амали афроди муҷаррад ва афроде, ки ҳамсар ихтиёр кардаанд, тафовути зиёде қоил шудааст.

[فَانکِحُوا ما طابَ لکم مِن النُّساء مثنی و ثلاث و رباع][2]

Муқаддаси Ардабили(рҳ) дар зайли оя мефармояд: Аз ин оя фаҳмида мешавад, ки издивоҷ накардан барои ҳамеша, кори шоиста ва хубе нест, ва ин нукта ба даст меояд, ки муҷаррад зиндагӣ кардан мазаммат шуда ва ба издивоҷ хеле аҳамият дода шудааст.

 Таъкид бар ташвиқ ва тарғиби дигарон ба издивоҷ

Қуръон ба муъминин дастур медиҳад занон ва мардонро ба ҳамсарии якдигар дароваред ва нагузоред занон ва мардон муҷаррад боқӣ бимонанд.

[وانکحوا الایامی منکم و الصالحین مِن عبادکم و امائکم][3]

Бо сиғаи амр (анкиҳу) ташвиқ мекунад, ки васоил ва муқаддамоти издивоҷи дигаронро фароҳам кунед хоҳ зан ё мард бошад.

Аз онҷо, ки издивоҷ як амри ихтиёрӣ ва баста ба майли тарафайн аст. Лизо маънои оя ин метавонад бошад, ки муқаддамоти издивоҷро барои афроди муҷаррад фароҳам созед.

Имтисоли ин амри илоҳӣ метавонад аз тариқи ташвиқ ба масъалаи издивоҷ, пайдо кардани ҳамсари муносиб, анҷоми кумакҳои молӣ дар сурати ниёз ва ё по дар миёнӣ барои ҳалли мушкилоте, ки маъмулан дар ин маворид бидуни васотати дигарон анҷомпазир нест, сурат гирад.

Бидуни шак, асли таовуни Исломӣ эҷоб мекунад, ки мусулмонон дар ҳамаи заминаҳо ба якдигар кумак кунанд вале тасреҳ ба ин амр дар мавриди издивоҷ далел бар аҳамияти вежаи он дорад.

Дар ин замина ривоёти фаровоне ворид шудааст аз ҷумла имом Содиқ(а) мефармоянд:

[مَن زَوَّجَ اَعزَباً کانَ مِمَّن یَنظُرُ اللهُ الیه یوم القیامة][4]

Ҳар касе муқаддамоти издивоҷи фарди муҷаррадеро фароҳам оварад Худованд рӯзи қиёмат бо дидаи раҳмат ба ӯ назар хоҳад кард.

Б. Адами ҳарос аз фақри молӣ

Худованди мутаол мефармояд:

[اِن یکونوا فقراء یغنهم الله مِن فَضلِه][5]

Агар иллати адами издивоҷ, фақр бошад Худованд онҳоро бениёз хоҳад кард

Пас Худованд ба зиндагии онҳо назаре хоҳад дошт, бинобарин ҳаргиз набояд тарс аз фақр, монее барои издивоҷ бошад.

Қуръон дар қолабҳои мухталиф, ҳам дар садади баёни аҳамияти ҳаётии издивоҷ аст ва ҳам дар мақоми ташвиқ ва тарғиб аз ҳар шеваи асаргузори мумкин истифода мекунад.

Дар ҷиҳати лузум иқдом ба ин суннати илоҳӣ ҳатто дар сурати қарор доштан дар шароити танги иқтисодӣ Қуръон достони духтарони ҳазрати Шуайб(а) ва ҳазрати Мусо(а)-ро баён мекунад. Пас аз онки қудрати баданӣ ва амонатдории ҳазрати Мусо(а) барои ҳазрати Шуайб(а) ба исбот расид эшон хитоб ба ҷаноби Мусо(а) фармуд:

[Ман қасд дорам то яке аз ин ду духтарамро ба ҳамсарии ту дароварам ба ин шарт, ки ту 8 сол барои ман кор кунӣ ва…]

Ончи дар ин достон ҷойи тааммул дорад, шароити номусоиди иқтисодии ҳазрати Мусо(а) ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ин пешниҳод буд. Лизо бархе аз муфассирин мефармоянд паёми ин оя ин аст, ки надоштани имконот ва маскан ва даромадро монеи издивоҷ қарор надиҳем; Зеро ҳазрати Мусо(а) дар он мавқеият чизе надошт. Ва қабули пешниҳоди издивоҷ тавассути ҳазрат Мусо(а) аҳамияти издивоҷро мерасонад.

[1] . Усули кофӣ, ҷ 5, с 328

[2] .  Сураи муборакаи Нисо/3.

[3] . Сураи Нур/32.

[4] .  Васоилушшиа, ҷ 14, с 27.

[5] .  Сураи Нур/32.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.