Sunday 18th February 2018
  • #
  • #
  • #
  • #
Муроқибат аз пӯсти рӯй дар фасли сармо

Бо фарорасии фасли зимистон пӯсти инсон ба якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Якум, вазидани шамоли сард дар кӯча. Дуюм, аз ҳисоби воситаҳои гармидиҳӣ хушк шудани ҳавои хона. Сеюм, якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво, вақте ки шумо аз хона ба кӯча мебароед. Зери таъсири ин омилҳо, пӯсти мо хушк ва ҳассос гардида, дар он чинҳои […]

Мукаммили руҳ бо пуст чӣ корҳое, ки намекунад!

Синк ё ҳамон руҳ яке аз маводи менерали(маъдани)и муфид ва мавриди ниёз барои бадани мо инсонҳо аст. Ин моддаи маъданӣ нақши басазое ҳам дар ҳифзи саломатӣ ва шодобии пустамон дорад. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар , доктор Пажмони Мубошир, мутахассиси пуст, муй ва лазер дар ин бора мегуяд: « Руҳ як моддаи маъдании зарурӣ […]

Статинҳо мизони маргу мири ношӣ аз саратонро коҳиш медиҳанд

Натиҷаи як таҳқиқ тайид мекунад, ки статинҳо метавонанд хатари марги ношӣ аз чаҳор навъ аз шоеътарин саратонҳоро ба андозаи қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳанд. Ба гузориши Ирно, муҳаққиқон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки шумори маргу мири беморони саратонӣ, ки холестирини болое доранд, бадунболи дармон бо доруҳои коҳишдиҳандаи холестирин ба андозаи қобили таваҷҷуҳе коҳиш меёбад. Як мутолиа нишон додааст, […]

Инсулини баланд шӯшҳоро таҳдид мекунад

Тибқи мутолиаи муҳаққиқон, сатҳи баланди инсулин барои шӯшҳо зараровар аст ва бояд бар беҳбуди режими ғизоию сабки зиндагии афроди гирифтори бемории қанд ва пеш аз он низ таваҷҷуҳ бештар шавад. Дар мутолиаи тиме аз муҳаққиқони  урупоию амрикоӣ робитаи байни афзоиши сатҳи инсулин ва осеб ба сохтору амалкарди шӯшҳо баррасӣ шуд. Ба гуфтаи ин тим, аксари […]

БЕМОРИИ СИЛ ЧӢ ГУНА БЕМОРӢ АСТ?

Бемории сил  (туберкулез аз калимаи лотинӣ  tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо  ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда  ва  пешгиришаванда аст. Соли 1882  дар […]

Набоядҳои пас аз тарки сигарет

Тарк кардани сигарет сахт, аммо имконпазир аст . Пас аз тарки сигарет лозим аст чанд нукта риоят шавад, ки дар ин матлаб ба нақл аз «Readers Digest» ба он пардохта шуда аст. 1-Аз нушидани нушиданиҳои кофиендор бипарҳизед; беҳтар аст камаш ба муддати 3 то 4 рӯз аз нушидани қаҳва дурӣ ҷуед, зеро бо масрафи кофиен […]

Навбаронаҳои баҳорӣ алергиязост

Навбаронаҳои баҳорӣ монанди олучаи сабз ва бодоми ғура аз ҷумла меваҳои норасида ҳастанд, ки дорои заҳрҳои кишоварзӣ ва заҳрҳое  дар донаҳояшон мебошанд ва дар сурати истеъмол дар ашхос алергия (ҳассосият) эҷод мекунад. Ба гузориши ИРНА, доктор Саидзиёуддини Мазҳарӣ гуфт: Бодом ва олучаи норасида ё ғура донаҳои нарме доранд ва афрод ба вижа кудакон онро бо […]

Дармони хонагии гирифтагии мушакҳо

Гирифтагии мушакҳо аз нороҳатиҳои паҳншудаест, ки барои ҳар шахсе дар тули рӯз имкон дорад рух диҳад. Ба гузориши Фаҳангниюс иллати аслии гирифтагӣ ва варами мушакҳо, ки бисёр дарднок ва ғайриқобили контрол аст, мушаххас нест; бо ин ҳол иллатҳое аз ҷумла фаолияти беш аз ҳадди мушак, камбуди об, заъфи ҷисмӣ, камбуди ғизоро барои он бармешуморанд. Мушаки […]

Фоидаҳои доруии асал ва дорчин

Дармони бемории қалбӣ: Омехтае  аз асал ва хокаи  дорчинро таҳия кунед ва ба ҷо мураббо руи  нон қарор диҳед ва ба таври муназзам дар   субҳона сарф кунед. Ин равиш дар коҳиши халестрин,  пешгирӣ аз бурузи ҳамлаи қалбӣ, нафаскашии  роҳат ва тақвияти зарабони қалб муассир аст.  Аз байн бурдани асари хориши нешҳои  ҳашарот: Махлуте аз як  […]

Дармони зонудард

Зону яке аз муҳим‌тарин ва ҳассостарин пайвандҳои бадан аст ва зонудардӣ аз паҳншудатарин  шикоятҳои афрод аст, ки ба дармонгоҳҳо  муроҷиъат  мекунанд. Ҳарчанд дарди  зону дар ашхоси солманд бештар  аст, аммо бисёре аз ҷавонон низ аз зонудард  шикоят мекунанд. Зонудард вобаста ба  син ва шароити фард илатҳои мухталиф ва мутафовите  дорад, ки аз паҳншудатарин сабабҳои зонудард […]

Page 1 of 212