Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Аз чӣ асабонӣ мешавем?

Аз рӯи мушоҳида эҳсос мекунам, ки калимаҳои ба истилоҳ «навбаромад», ки танҳо дар адабиёти илмӣ аксарашон маҳфуз буданд, имрӯз хеле серистеъмоланд. Ба мисол вожаҳои афсурдагию асабонӣ, ки миёни мардум «псих» ё ин ки «дипрессия» гуфта мешаванд. Ҳатто кӯдакони хурдсол бо гумони «псих» шуданашон ба қавле «алови чашм»-и мо калонсолонро гирифтаанд. Зеро дар сурати иҷро нашудани […]

Бадтарин ҳалол

чаро азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад? Каюмарси Ато Азҳампошии хонаводаҳои аксаран ҷавон дар Тоҷикистон замоне рӯйи забонҳо омад ва омори расмии он ҳам афзоиш ёфт, ки давлати ин кишвар қонуни танзими расму оинро тасвиб намуд ва тибқи он дар баробари никоҳи шаръӣ никоҳи қонуниро ҳатмӣ донист. Тибқи муқаррароти ин қонун никоҳи шаръӣ […]

Ҳуқуқи башар ва озодӣ аз дидгоҳи ислом ва ғайри он

Инсон, Ҳақ, Ҳуқуқи башар, Зидди ҳуқуқи башар, Қонун, Озодӣ, Демокросӣ ва даҳҳо ановин ва вожаҳои наву куҳна ҳастанд, ки имрӯз гурӯҳҳои хурду бузург ва ширкатҳои сармоядорони ҷаҳониро ҳам ба худ кашондааст ва бо истифода аз ин принсипҳо шиками худро сер мекунанд ва заминаи тиҷоратҳои калонро барои ширкатҳои худ муҳйё кардаанд. Шояд битавон инро ҳам қайд […]

Номгузории соли 2015 дар Тоҷикистон ба соли хонавода

Соли 2015 дар Тоҷикистон соли хонавода номгузорӣ шуд. Ба гузориши Радиои тоҷикӣ б нақл аз Асия-Плюс, Эмомалӣ Раҳмон-раиси чумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон пешниҳод кард соли 2015 дар кишвар соли хонавода эълом кард шавад. Ба гуфтаи Раҳомн соли 2014 аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он ба талоқ анҷомид, ки […]

Ҳамсардории Фотимаи Заҳро

Оини ҳамсардории ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) Паёмбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: дар Ислом биное, ки назди Худованд маҳбубтар аз издивоҷ бошад, ниҳода нашуда аст[1]. Нигоҳи Паёмбари Акрам(салавотуллоҳ алайҳ) ва Аҳли Байт(саломуллоҳ алайҳим) ба хонавода бисёр амиқ ва ҳама ҷониба аст ва тамоми абъоди онро, аз оғоз то анҷом, дар ҳамаи мароҳил дар бар […]

Дар корҳои хона кӯмак кун

Дуруст аст, ки корҳои хонадорӣ бар уҳдаи занҳо аст, ва дар ин бора ҳарфе надоранд, лeкин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки идораи як манзил кори осоне нест. Як бонуи хонадор агар чи шабона рӯз ҳам дар манзил кор кунад боз ҳам миқдоре аз корҳо ланг мемонад. Махсусан дар мавоқеъи ғайри оддӣ монанди меҳмондорӣ корҳо рӯи ҳам […]

Кантроли масоили молии завҷҳои ҷавон

  Ошноӣ бо нуктаҳое, ки завҷҳои ҷавон дар бораи масоили молӣ бояд риоят кунанд. Тасмимгирии молӣ дар солҳои аввали издивоҷ нақши муҳимме дар роҳатии солҳои оянда дорад. Завҷҳои ҷавон ин фурсатро доранд бо тасмиме, ки дар мавриди масоили молӣ дар солҳои аввали издивоҷ мегиранд, солҳои зиёд аз рифоҳи молӣ баҳраманд шаванд. Масоили молӣ, ваҷҳи муштараки […]

ТАРБИЯИ ДУХТАР

Дини мубини ислом дар хусуси эҳтиром ба зан нисбати дигар адён дастуроти зиёде дорад. То паҳншавии ислом миёни аъроб таваллуди духтар мояи нангу бадномӣ буд. Бо зуҳури ислом ин одати бад аз миён бардошта шуд. Барои баланд бардоштани мартабаи зан ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро дар […]