Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Хатна кардан

1.Паёмбари Худо (с): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро бо хатна пок кунед, зеро мояи тамизию покизагии бештар ва рўиши шитобзадатари гўшт аст ва замин чиҳил рўз аз бавли шахси хатнанашуда, олуда мешавад.[1] 2.Имом Содиқ (а): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро хатна кунед, зеро мояи покизагии бештар ва рўиши зудтари гўшт аст ва замин бавли хатнанашударо нописанд медорад. 3.Имом Содиқ […]

Ақиқа кардан

1.Паёмбари Худо (с): Ҳар писаре дар гарави ақиқааш аст, ки рўзи ҳафтум барои ў зибҳ мешавад. 2.Имом Ҳусейн (а): Ҳаргоҳ рўзи ҳафтум вилодати писар ё духтари яке аз шумо фаро расид, бояд гўсфанде ақиқа кунад, барои писар гўсфанди нар ва барои духтар гўсфанди мода ақиқа кунед ва аз ақиқа ба момо бидиҳед ва рўзи ҳафтум […]

Номи нек гузоштан бар фарзанд

1. Номи нек гузоштан Имом Козим (а): Касе хидмати Паёмбар (с) расиду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ҳаққи ин фарзанд бар ман чист? Фармуд: Номи ў ва тарбияти ўро некў гардонӣ ва ўро дар ҷойгоҳи тарбиятии некўе қарор диҳӣ. 2 .Имом Козим (а): Нахустин некии инсон ба фарзандаш ин аст, ки номи нек бар ў ниҳад. […]

Ком бардоштан

1.Паёмбари Худо (с): Коми навзод бо оби гарм бардошта мешавад. 2.Муснади Абўяъло ба нақл аз Абўмўсо: Барои ман писар зода шуд. Ўро назди Паёмбари Худо (с) бурдам. Ўро Иброҳим номид ва коми ўро бо хурмо бардошту дуо кард, ки мояи баракат бошад ва ўро ба ман баргардонд. 3.Саҳеҳи Муслим ба Нақл аз Оиша (р): Ҳангоме […]

Ғусл додани навзод

Азону иқома гуфтан дар гўши навзод Паёмбари Худо (с): Ҳар кас соҳиби фарзанд шавад ва дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома гўяд, умми сибён[1] ба ў зиён нарасонад. Паёмбари Худо (с): Барои ҳар кас фарзанде зода шавад, бояд дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома бигўяд, зеро мояи эминӣ аз […]

Бузургдошти таваллуд

Қуръон Ва дуруд бар ў, рўзе ки зода шуд ва рўзе ки мемирад ва рўзе ки зинда барангехта мешавад![1] Ва салом бар ман рўзе ки зода шудам ва рўзе ки мемирам ва рўзе ки зинда барангехта мешавам![2] Ҳадис Имом Боқир (а): Эй фарзанди рўзҳои сегона: он рўз, ки дар он зода шудӣ, он рўз, ки […]

Ҳуқуқи навзод

Даромад Баррасии раҳнамудҳои пешвоёни Ислом дар бораи ҳуқуқи навзод, нишон медиҳад, ки кўдак дар оғози таваллуд ҳашт ҳақ бар хонаводаи худ дорад. ин ҳуқуқ иборатанд аз: 1. Бузургдошти таваллуд Рўзе, ки Худованди Мутаол неъмате ба инсон иноят кунад, «ид»[1] аст ва фархундаву муборак. Навзод неъмати бузурге барои хонавода аст ва ҷашни таваллуд дар ҳақиқат ҷашни […]

Таъсири ҳолатҳо ва замонҳо дар инъиқод нутфа

Паёмбари Худо (с): Нописанд аст, ки мард дар ҳоли эҳтилом ба ҳамсари худ дарояд, то он ки аз ҷанобате, ки дидааст ғусл кунад, ки агар дар ҷанобат чунин карду фарзанди маҷнун зода шуд, ҷуз худро набояд сарзаниш кунад. Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ касе аз шумо ба ҳамсараш даромад, бояд худро бипўшонад, зеро агар напўшонад, фариштагон […]

Баракатҳои дуо ҳангоми омезиш

Паёмбари Худо (с): Огоҳ бошед, агар касе ҳангоме ки ба ҳамсараш медарояд, бигўяд: «Ба номи Худо, бор Илоҳо! Шайтонро аз ман дур соз ва шайтонро аз он чӣ рўзии мо кардаӣ дур соз» ва сипас дар ин омезиш фарзанде миёни онон муқаддар ва ё қатъӣ шавад, шайтон ҳаргиз ба ў зиён намерасонад. Паёмбари Худо (с): […]

Зиёни омезиш бо ҳоиз

Қуръон Аз ту дар бораи ҳайз мепурсанд. Бигў барои онон ранҷе аст. Пас ҳангоми ҳайз аз онон канора бигиреду бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд ва чун худро пок карданд, он гуна ки Худованд ба шумо фармудааст, ба онон дароед. Бетардид Худованд тавбакунандагонро дўст дорад ва покизагонро низ дўст дорад.[1] Ҳадис 1.Паёмбари Худо (с): […]

Page 1 of 712345...Last »