Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Хатна кардан

1.Паёмбари Худо (с): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро бо хатна пок кунед, зеро мояи тамизию покизагии бештар ва рўиши шитобзадатари гўшт аст ва замин чиҳил рўз аз бавли шахси хатнанашуда, олуда мешавад.[1] 2.Имом Содиқ (а): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро хатна кунед, зеро мояи покизагии бештар ва рўиши зудтари гўшт аст ва замин бавли хатнанашударо нописанд медорад. 3.Имом Содиқ […]

Ком бардоштан

1.Паёмбари Худо (с): Коми навзод бо оби гарм бардошта мешавад. 2.Муснади Абўяъло ба нақл аз Абўмўсо: Барои ман писар зода шуд. Ўро назди Паёмбари Худо (с) бурдам. Ўро Иброҳим номид ва коми ўро бо хурмо бардошту дуо кард, ки мояи баракат бошад ва ўро ба ман баргардонд. 3.Саҳеҳи Муслим ба Нақл аз Оиша (р): Ҳангоме […]

Ғусл додани навзод

Азону иқома гуфтан дар гўши навзод Паёмбари Худо (с): Ҳар кас соҳиби фарзанд шавад ва дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома гўяд, умми сибён[1] ба ў зиён нарасонад. Паёмбари Худо (с): Барои ҳар кас фарзанде зода шавад, бояд дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома бигўяд, зеро мояи эминӣ аз […]

Бузургдошти таваллуд

Қуръон Ва дуруд бар ў, рўзе ки зода шуд ва рўзе ки мемирад ва рўзе ки зинда барангехта мешавад![1] Ва салом бар ман рўзе ки зода шудам ва рўзе ки мемирам ва рўзе ки зинда барангехта мешавам![2] Ҳадис Имом Боқир (а): Эй фарзанди рўзҳои сегона: он рўз, ки дар он зода шудӣ, он рўз, ки […]

Ҳуқуқи навзод

Даромад Баррасии раҳнамудҳои пешвоёни Ислом дар бораи ҳуқуқи навзод, нишон медиҳад, ки кўдак дар оғози таваллуд ҳашт ҳақ бар хонаводаи худ дорад. ин ҳуқуқ иборатанд аз: 1. Бузургдошти таваллуд Рўзе, ки Худованди Мутаол неъмате ба инсон иноят кунад, «ид»[1] аст ва фархундаву муборак. Навзод неъмати бузурге барои хонавода аст ва ҷашни таваллуд дар ҳақиқат ҷашни […]

Паёмадҳои покии вилодат

1. ба нақл аз Ҳусайн ибни Зайд аз Имом Содиқ (а) аз падаронаш (а): Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кас мо Аҳли Байтро дўст дорад, бояд Худовандро бар нахустин неъмат ситоиш кунад. Гуфта шуд: Нахустин неъмат чист? Фармуд: Покии вилодат. Моро дўст намедорад, магар касе ки вилодаташ пок бошад ва моро душман намедорад, магар касе […]

Хўроки падару модар

Таъсири таоми зоу дар навзод 1.Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) фармуд: «Рутаб бояд нахустин чизе бошад, ки зоу мехўрад, зеро Худованди Мутаол ба Марям (а) пас аз таваллуди Масеҳ (а) фармуд: “Ва танаи дарахти хурморо ба сўи худ такон деҳ, бар ту хурмои тоза фурў мерезад”».[1] Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Агар вақти рутаб […]

Шахсият додан ба кӯдак

Дар дунёи кунунӣ ба кӯдак бисёр аҳамият медиҳанд. Парвариши кӯдакон ва эҳтиром ба шахсияти онон дар хонавода ва иҷтимоъ мавриди тавҷҷӯҳи комили давлат ва миллат аст, аммо бо ҳамаи ин масоил, он андоза, ки пешвои мусалмонон ба тарбияти кӯдакон таваҷҷӯҳ доштааст, дунёи имрӯз ба он таваҷҷӯҳ надорад. Агарчи, гоҳе ҳукмронон ва зимомдорони кишварҳои мутамаддин ба […]

Барои тарбияти кӯдак аз куҷо шурӯъ кунем

Барои он ки омӯзиш ва тарбияти муфид воқеъ шавад, бояд хеле зудтар аз он чи умуман имрӯз фикр мекунанд шурӯъ кард, яъне аз ҳамон ҳафтаҳои пас аз таваллуд. Нахуст бояд мунҳасиран ба масоили физиологӣ ва пас аз як сол ба масоили равонӣ таваҷҷуҳ шавад. Як нуқтаи қобили зикр ин аст, ки арзиши замон барои кӯдак […]

Аҳамияти тарбият

    Тарбият Ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва бо одоб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  Аҳамияти тарбият Фарзанд аз оғози зода шудан то он гоҳ ки аз муҳити хонавода ҷудо мешаванд ва зиндагии муштаракеро бо дигарон оғоз мекунад, ду давраи тарбиятиро бояд бигзаронд: 1. Даврони кудакӣ, […]

Page 1 of 212