Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Баландҳимматӣ

1.Имом Алӣ (а): Ҳар ки ҳимматаш баланд бошад, арҷаш афзун мешавад. 2.Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ чизе талаб мекунӣ, баландҳиммат бош. 3.Имом Алӣ (а): Ҳар ки чашми андешаашро боз кунад, ба ниҳояти орзуҳояш мерасад. 4.Имом Алӣ (а): Ҳеҷ чиз одамиро монанди ҳиммати баланд баландмартаба намегардонад ва ҳеҷ чиз ўро монанди шаҳват хор намесозад. 5.Имом Алӣ (а): […]

Арзиши кору талош дар Ислом

Талош Қуръон … Ва ин ки барои инсон ҷуз ҳосили талоши ў нест ва (натиҷаи) кўшиши ў ба зудӣ дида хоҳад шуд.[1] Ва касоне, ки дар роҳи мо кўшидаанд, ба яқин роҳҳои худро барои онон менамоем.[2] Ҳадис 1.Паёмбар (с): Ҳар ки пайваста кўбаи дарро бизанад, дохил мешавад. 2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки пайваста кўбаи дарро […]

Худбоварӣ

1.Имом Алӣ (а): Худованди Субҳон паёмбаронро соҳибони тасмимҳои қавӣ, аммо дар чашми мардум нотавон қарор дод. 2.Имом Алӣ (а): Аз роҳи тасмими росих гирифтан бо сустӣ набард кунед. 3.Имом Алӣ (а): Тасмими росих ва танпарварӣ бо ҳам ҷамъ намешаванд. Чӣ бисёр тасмимҳои рўзро, ки хоби шаб мешиканад ва чӣ бисёр торикиҳое, ки ёди ҳимматҳои баландро […]

Эҳтимом ба пурсишгарӣ

Қуръон Пас агар намедонед, аз огоҳон бипурсед.[1] Ҳадис 1.Паёмбар (с): Дониш ганҷинаҳое аст, ки калиди он пурсиш аст. Бипурсед. Худованд шуморо раҳмат кунад, ки чаҳор гурўҳ подош мебаранд: саволкунанда, посухдиҳанда, шунаванда ва дўстдори онон. 2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки дар хурдсолӣ бипурсад, дар бузургсолӣ посух медиҳад. 3.Имом Содиқ (а)-ба Ҳумрон ибни Аъян дар бораи матолибе, […]

Огоҳӣ аз пайванди илм ва имон

Қуръон Худо ва фариштагон ва донишварон гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷуз ў ҳеҷ маъбуде нест ва ҳамвора ба адл қиём дорад. Ҷуз ў, ки ҳаким ва тавоно аст, ҳеҷ маъбуде нест.[1] Ва касоне, ки аз дониш баҳра ёфтаанд медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат ба сўи ту нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи он […]

Жарфандешӣ дар дин

1.Паёмбар (с): Ҳар чизеро сутуне аст ва сутуни дин фаҳм (огоҳии жарф) аст. 2.Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а): Агар ҷавоне аз ҷавонони пайрави худро биёбам, ки дар паи касби огоҳии динӣ нест, ўро адаб мекунам. 3.Имом Боқир (а)-ҳамвора мефармуд-: Огоҳии динӣ касб кунед, вагарна бодиянишиноне хоҳед буд. 4.Имом Боқир (а): Агар ҷавоне аз […]

Ошноӣ бо Қуръон

1.Паёмбар (с): Ҳар ки Қуръонро дар ҷавонияш фаро гирад, бо гўшту хунаш аҷин мегардад. 65.Имом Алӣ (а)-дар номае ба фарзандаш Ҳасан (а)-: Ва ин ки нахуст ба ту китоби Худоро биёмўзам ва тафсири Қуръон ва шариати Ислому аҳкоми онро ба ту таълим диҳам. 2.Имом Содиқ (а): Ҳар ки Қуръонро дар ҷавонӣ бихонад, бо гўшту хунаш […]

Худшиносӣ

Қуръон Ва ба ростӣ мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкиву дарё нишондем ва аз чизҳои покиза ба эшон рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарии ошкор додем.[1] Ҳадис 1.Имом Алӣ (а): Бартарин ҳикмат худшиносии инсон аст. 2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки худро бишносад, ба болотарин қуллаи донишу маърифат расидааст. […]

Шинохт

Фарҳехтагӣ Қуръон Бигў: Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд баробаранд? Танҳо хирадмандонанд, ки панд мегиранд.[1] Худо (рутбаи) касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки донишманданд, (бар ҳасаби) дараҷот баланд мегардонад ва Худо ба он чӣ мекунед огоҳ аст.[2] Ва чизеро, ки ба он илм надорӣ, дунбол макун, зеро гўш ва чашм […]

Нақши ҷавонон дар ҳукумати Хотами Паёмбарон

Як ҷавон, нахустин намояндаи Паёмбар Қабл аз муҳоҷирати Паёмбари Ислом (с) ба Мадина, рўзе ду нафар аз бузургони Мадина ба номҳои Асъад ибни Зурора ва Заквон ибни Абдулқайс ба Макка омаданд ва дар шароити бисёр сахте ба ҳузури Паёмбари Худо (с) шарафёб шуданд ва пас аз шунидани баёноти кўтоҳу нофизи эшон, Ислом оварданд. Сипас ба […]

Page 1 of 812345...Last »