Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Вазоифи фарзандон нисбат ба волидайн

Фарзандон дар муқобили волидайни худ вазоиф ва масъулиятҳои мухталифе доранд, ки муҳимтарини онҳо ба таври хулоса иборатанд аз: 1-Эҳсон ва некӣ ба волидайн: ҷойгоҳи “эҳсон ва некӣ ба волидайн” аз   азамати хоссе бархӯрдор аст. Худованди Маннон мефармояд:لا تعبدوا الا الله و با لوالدين احسانا[1]  яъне ҷуз Худованди ягонаро парастиш накунед ва ба падару модар некӣ […]

Рафтор дар хонавода аз дидгоҳи ислом

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс ба хонадонам ҳастам.” Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардам, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби […]

10 равиш ва нуктаи муҳим барои падарон

Фароҳамоваранда: Амонулло Бобоӣ  1. Ба ҳамсаронатон ишқ варзед Писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гуна рафтор мекунанд, ки шумо бо ҳамсарони худ рафтор мекунед. Пас иҷозат диҳед фарзандонатон бубинанд, ки шумо ба модарашон ишқу муҳаббат доред. Вақте ки шумо ва ҳамсаратон ихтилоф доред, ба фарзандонатон нишон диҳед, ки чигуна ду одам метавонанд онро ба шеваи […]

Хонавода чист?

Шояд ба назар ояд, ки мафҳуми хонавода  аз мафҳумҳои бисёр равшан аст, ки омаи мардум, кучаку бузург бо саводу бесавод, ҳама онро мефаҳманд ва медонанд, ниёзе ба таъриф надорад. Вале он қадар ҳам сода нест.  Вақте ба манбаъҳои вожашиноси муроҷиат мекунем мебинем, ки  таърифи гуногун аз он шудааст. Соҳибназарон бар  асоси тахассус ва ниёзашон ҳар […]

Танҳо барои ҷавонписарон

Агар ҳар ҷавонписаре пеш аз издивоҷ бо ҳар духтаре ҷавоби 10 суолро аз вай дониста бошад, дар марҳилаҳои мухталифи зиндагӣ, тасмим гирифтан барояш хеле осон хоҳад буд. Ин даҳ суол ба ҳар издивоҷкунандае дар вақти нахустмулоқот ва шиносоӣ байни ҳарду ҷониб радду бадал шуда, натиҷаи таҳқиқоте ҳам дар ин замина нишон додааст, онҳое, ки чунин […]

Масъулиятҳои сангини падару модар

Бархе аз падарону модарон тасаввур мекунанд, ки масъулияти онон фақат махсуси таъмини ниёзмандиҳои ҷисмонии кудак аст ва дигар вазифае надорад, дар сурате, ки парваришҳои ахлоқӣ ва емонӣ, бузургтарин масъулияте аст, ки бар уҳдаи онҳо гузорида шуда аст ва анҷом додани ин масъулият, арзандатар аз таъмини ҳавоиҷи моддии онҳост. Имом Алӣ(а)  мефармояд: ما نَحَلَ وَالِدٌ ولَداً […]