Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #
Тавсияҳое барои дармони афсурдагӣ

Ашхоси афсурда умеде ба зиндагӣ надоранд ва эҳсоси аҷзу нотавонӣ мекунанд. Тавсияи мо ба Шумо ин аст,  ки  барои ҳалли ин масъала  мавридҳои  зерро дар назар дошта бошед. Умеди худро ба Худо аз даст надиҳед  ва ба ёд дошта бошад ҳеч  кас ба андозаи Худованд нисбат ба мардум дилсузӣ  надорад. Тавсиаи  дигари  мо ба Шумо […]

Гуноҳе, ки дӯст доштанаш ҳам гуноҳ аст

Яке аз лутфҳо ва ба иборате минатҳое, ки парвардгори олам бар мо бандагон ниҳодааст ин аст, ки то вақте хато ва гуноҳиро ба марҳалаи амал нарсонем гуноҳи навишта намешавад; Мисло мо ният кунем, ки дузди кунем аммо то ин дузди ба марҳалаи амал нарасад гуноҳи бароямон нест. Дар ин миён мавориди истиснои ҳам вуҷуд дорад; […]

Кашфи «генҳои марг»

Донишмандони англис дар тозатарин таҳқиқоти худ муваффақ ба кашфи «гени марг»,  гене,‌ ки ба таври мутавассит чаҳор соли умри инсонро кам мекунад, шудаанд. Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи “Хабар”, донишмандони Донишгоҳи Эдинбурги Шотландия бо мутолиа бар рӯй DNI-и 150 ҳазор нафар муваффақ ба кашфи «гени марг» шудаанд. Натиҷаҳои қатъии таҷзия ва таҳлили DNI-и ширкаткунандагон дар […]

Марги зудҳангоми аз се якҳисаи ҷавонони сигорӣ

Аз се як ҳисаи ҷавонони сигорӣ дар Чин дучори марги зудҳангом хоҳанд шуд. Муҳаққиқон мегуянд, дар сӯрате, ки ҳеч тағйире дар раванди масрафи сигор эҷод нашавад, шумори қурбониёни сигор дар Чин дар соли 2030 милодӣ дар муқоиса бо қурбониёни кунӯнӣ ду баробар хоҳад шуд. Натиҷаи таҳқиқоти байналмилалӣ, ки дар рӯзномаи « Лансет » мунташир шуд, […]

Хушунати хонаводагӣ: мо дар кадом аср зиндагӣ дорем?

Вақте дар бораи хушунати оилавӣ ҳарф мезанем, шояд касе дар шигифт афтида, ангушти ҳайрат ҳам нагазад, зеро, ба қавле, дар ҷомеа зуроварӣ масъалаи нав нест. Ҳатто бархе аз кишварҳои тараққикардаи дунё низ ин мушкилро доранд.  Коршиносон сабабҳои зиёдеро дар боби ба хушунати хонаводагӣ гирифтор шудани нафаре аз аъзои оиларо зикр кардаанд. Масалан, надонистани ҳуқуқҳои худ, […]

Нақши издивоҷ бо хешовандон

1.Паёмбари Худо (с): Бо бегона издивоҷ кунед, то фарзанди заиф наёваред. 2.Паёмбари Худо (с): Бо хешони наздик издивоҷ накунед, зеро фарзанди заиф падид меояд.

Планшет барои рушди фикрии кудакон зараровар аст

Муҳақиқони амрикоӣ дар охирин таҳқиқоти худ дарёфтанд, ки телефонҳои ҳушманд ва таблет(планшет)ҳо таъсири манфӣ бар руйи рушди фикрии кудакон мегузорад.  Ба гузориши Фарҳангниюс муҳақиқони маркази илмии донишгоҳи Бостон дарёфтанд, ки телефонҳои ҳушманд ва таблетҳо таъсироти манфии зиёде бар руйи  рушди фикрии кудакон мегузоранд. Рӯзномаи Гардиан бо чопи ин хабар дар идома менависад, ки телефонҳои ҳушманд […]

Ҳушдори Қуръон дар бораи масхара кардани ҳамсар

Интиқоди зан ва мард аз якдигар дар зиндагии муштарак бояд тавре анҷом бигирад, ки шахсияти тарафи муқобил поймол нагардад ва ин амр вақте амали мешавад ки шахси интиқод кунанда дар дараҷаи аввал, камолот ва фазилатҳои интиқод шавандаро мавриди таид ва пазириш қарор бидиҳад ва пас аз он аз амале ки анҷом дода, савол намояд. Фаромуш […]

8 сабаби дилхунукии мард

 Одатан занҳо дар назди дугонаву хешовандонашон тез-тез шикоят мекунанд, ки шавҳарашон бемеҳр шудаасту қариб ки ба хона намеояд. Шояд зан ҳам мусичаи бегуноҳ набошад, зеро дар муносибатҳои занушавҳарӣ ҳам мард ҷавобгар асту ҳам зан. Мардак бе ягон сабаб оилаашро тарк намесозад-ку! Мардро аз зан чӣ дилхунук месозад?  Зан дигар ҷолиб нест Барои мард муҳим аст, […]

Нигоҳе ба ҳуқуқи дуҷонибаи байни зану шавҳар

Машҳурахон Ҷавҳаризода Дар мавриди ҳуқуқ ва вазоифи дуҷонибаи зану шавҳар, дар Қуръон ва ривоёти исломӣ ба таври муфассал матолибе зикр шуда ва дар ҳеҷ мактабу мадрасае, ба сурате ки ислом баён фармудааст, ба ҳуқуқи зану шавҳар ишора нашуда ва ҳеҷ мактабе ҳам тавони ироаи беҳтар аз онро надорад. Ҳамон гуна ки медонем, исломи азиз ин […]

Page 1 of 212