Аҳамияти издивоҷ дар Қуръони карим

139

Қуръони карим дар мавридҳои зиёде ба аҳамияти издивоҷ ишора намуда ва ҳадафҳо ва самарҳои онро гушзад кардааст.

Ин андешаи ифротиро ки издивоҷ монеи тараққию рушд ва такомули маънавӣ ва ахлоқии инсон аст аз назари Қуръони карим қобили пазириш нест ва мухолиф бо равиши маъмули анбиёи илоҳӣ дониста шудааст. Дар ояти зер мехонам:

“ Мо пеш аз ту (низ) расулони фиристодем ва барои онҳо ҳамсарон ва фарзандоне қарор додем”.[1]

Худованди мутаол завҷиятро дар матни зиндагии инсон қарор дода ва онро сабаби густариши насли башар дониста аст; онҷое, ки мефармояд:

“ Худованд барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва набераҳое ба вуҷуд овард”.[2]

Издивоҷ аз назари Қуръони карим, нақши асосӣ дар покдомании инсон дорад ва тадовуми иффат бидуни он, бо мушкилоти бисёре ҳамроҳ аст. Бадин ҷиҳат аз касоне, ки тавонои издивоҷ надоранд хоста шуда, ки аз фуру рафтан дар лаҷанзори фасод худдорӣ намоянд ва бо хештандорӣ, иффати худро ҳифз кунанд то барои онон имкони издивоҷ фароҳам шавад. Дар ояти дигар мехонем:

“ Касоне, ки имконе барои  издивоҷ намеёбанд бояд покдомани пеша кунанд, то Худованд аз фазли худ ононро бениёз гардонад”.

Издивоҷ аз назари Қуръони карим аз чунон зарурат ва аҳамияте бархурдор  аст, ки ҳеч чиз наметавонад монеи анҷоми он шавад, чунон ки мефармояд:

“ Мардон ва занони бе ҳамсари худро ҳамсар диҳед. Ҳамчунин ғуломон ва канизони солеҳ ва дурусткоратонро; агар фақир ва тангдаст бошанд, Худованд аз фазли худ ононро бениёз месозад; Худованд гушоишдиҳанда ва огоҳ аст”.[3]

Хонаводаи намуна

[1]. Сураи Раъд ояти 38

[2]. Сураи Наҳл, ояти 72

[3]. Сураи Нур, ояти 32

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.