ХӮРИШ АЗ ҶУВОРИМАККА, ЗАМБӮРУҒ ВА ГӮШТИ МУРҒ

Хӯриш аз ҷуворимака, замбӯруғ ва гӯшти мурғ хӯриши хеле  сабук мебошад.

 Маҳсулот:

Гӯшти мурғ – 300 г

Замбӯруғ – 300 г

1 банка ҷуворимаккаи ширини консервшуда

Карами пекинӣ – 300 г

Майонез

Замбӯруғро то тайёр шуданаш муддати 15 дақиқа меҷӯшонем ва реза мекунем. Гӯшти мурғро низ намак намуда  майда реза карда дар равған мепазем. Карами пекиниро низ майда реза мекунем.

Оби ҷуворимаккаи консервшударо  рехта бо карам  омехта месозем.

Баъд аз он  замбӯруғи обпазкардаро низ ҳамроҳ менамоем.

Ба даруни хӯриш мурғи бирёнкарда ва майонезро  низ ҳамроҳ менамоем.

 Хӯриши  мо тайёр шуд.

 Бо иштиҳои том!

 Фотима С.

Манбаъ: Бонувони Тоҷикистон

Comments (0)
Add Comment