Меъёри нави қонун: Волидайн дастрасии фарзандон ба интернетро назорат кунанд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 27 январ тағйиру иловаҳои нав ба қонун Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандонро баррасӣ мекунад.

Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муарифии тағйироти нав изҳор дошт, ки тибқи иловаҳо волидайн вазифадор мешаванд, ки дастрасии фарзандонашонро ба интернет назорат кунанд. Ӯ афзуд, ширкатҳои дастраскунандаи интернет ба волидайн ройгон дар бораи истифодаи интернет аз сӯи фарзандонашон маълумот пешниҳод мекунанд.

Ҳадафи тағйирот ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ арзёбӣ шуд, чун ба гуфтаи муаллифони тарҳ аксари ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ тариқи интернет сурат мегирад.

Макбаъ: http://www.ozodagon.com/25016-meeri-navi-onun-volidayn-dastrasii-farzandon-ba-internetro-nazorat-kunand.html

Comments (0)
Add Comment