Шакар системаи эминии баданро нобуд мекунад

Истеъмоли маводи хурокии дорои шакар тавоноии баданро барои муқовимат дар баробари навъҳои гуногуни бемориҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад.

Илова бар ин бар асоси таҳқиқоти донишмандон, дустдорони ширинӣ дар гуруҳи афроде қарор мегиранд, ки бо хатари бемориҳои дил рубару ҳастанд.

Ҳамаи афроди бузургсоле, ки дар масрафи шакар, нушиданиҳои ширин, оби набот ва маҳсулоти қаннодӣ зиёдаравӣ мекунанд, ҷузви ин гуруҳ ҳастанд. Зимнан ширинихурҳо аз хатари изофавазн ва заъфи ҳофиза ҳам дар амон нестанд.

Ба гуфтаи донишмандон дар таркиби ғизои рӯзона мизони шакар ва маҳсулоти дорои он набояд аз даҳ дарсад бештар бошад.

Comments (0)
Add Comment