Издивоҷ[4]

Меъёрҳои интихоби ҳамсар

Гуфтем, ки зиндагӣ ҳадафаш чист, [то ба воситаи он ба оромиш бирасед] ва ноил омадан ба ин ҳадаф бидуни шак оризуи қалбии ҳамаи завҷҳое аст, ки дар остонаи издивоҷ ҳастанд.

Ҳамкории ду фард дар сурате метавонад самарабахш ва судманд ва бақопазир бошад, ки ақрабаи рӯҳиёт ва ғароиз ва тарзи тафаккури ҳар ду, ҳамсу бошад ва дар ғайри ин сурат пас аз муддате равобити зебои онҳо камрангу камрангтар шуда ва дар ниҳоят ранг бохта ва шерозаи ҳамкории онҳо аз ҳам хоҳад пошид.

Мутаассифона мо дар тӯли зиндагии худ шоҳиди падидаҳои талх ва дардоваре ҳастем, ки ҳам завҷайн ва ҳам хонаводаҳои ҳар дуро озор медиҳад. Ва он ин, ки кохи зиндагӣ муштарак пас аз андаке фурӯ рехта ва дарахти ширини издивоҷ, меваи талх медиҳад ва завҷайн, аз ҳам ҷудо мешаванд ва чӣ басо навниҳолони мазлумеро рӯйи дасти якдигар раҳо карда, ба думболи роҳи дигар мераванд то шояд бори дигар битавонанд барои худ ҳамсари муносиб интихоб кунанд.

Дар ташреҳи иллати ин падида, як омил беш аз ҳама муассир аст ва он инки: дар интихоби ҳамсар дар оғози издивоҷ, муҳосиботи ғалат ҷоигузини мутолиоти саҳеҳ буда ва асоси зиндагиро ҳамон андешаҳои насанҷида ташкил медодааст. Ва агар дар гузиниши ҳамсар, усули саҳеҳ риоят мешуд, қатъан бахши азиме аз ин талоқҳо ва фироқҳо, дарахти зиндагиро намехушконд.

Яке аз орифони бузург мефармояд: «Агар инсон нисфи умрашро сарф намояд то устоди шоистае пайдо кунад, арзиш дорад, зеро дар нимаи дигари умраш саодатманд хоҳад шуд». Эътиқоди банда низ ин аст: агар инсон нисфи умрашро сарф кунад то ҳамсари шоиста ва мутаносиб бо худ пайдо намояд арзиш дорад, зеро дар бақияи умраш саодатманд хоҳад шуд!

Ислом дар бораи издивоҷ ва интихоби ҳамсар, онқадар қонун ва матлаб ва таъкид дорад, ки инсонро ба тааҷҷуб во медорад!

Устод Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ(рҳ) мефармуданд:

«Бертран Рассел, (файласуфи машҳури Аврупоӣ) ба ман навишт: Чаро Ислом ин қадр ба издивоҷ баҳо дода ва барояш қонун вазъ кардааст?

Дар ҷавоби ӯ навиштам: «Масъалаи инсон аст; Бо издивоҷ мехоҳад инсон ба вуҷуд ояд».

 Замони издивоҷ ва интихоби ҳамсар чӣ мавқеъ аст?

Фориғ аз ҷавобҳои дода шудаи ба ин пурсиш ва бидуни таваҷҷуҳ ба авомил ва мавонеи иҷтимоӣ ва бидуни таваҷҷуҳ ба одобу русум ва ташрифот ва салиқа-ҳои гуногун, ҷавоби ин савол дар дарун ва фитрат ва сиришти инсон нуҳуфта аст ва ниёзе ба ҷавоб ва истидлоли илмӣ ва фалсафӣ надорад. Бояд ҳар фарде ба даруни худ муроҷиа карда ва аз фитрат ва майл ва ғароизи худ, ки содиқона ва бидуни таваҷҷуҳ ба мавонеъ, ташрифот, одот ва русум ва салиқаҳо ҷавоб медиҳанд – посухи саҳеҳро дарёфт намояд.

Монанди гуруснагӣ ва ташнагӣ, ки қонунбардор нестанд ва намешавад ба инсон гуфт: чӣ замон ғизо бихӯр ва чӣ замон нахур, об бинуш ё нануш; Балки инсон ба таври табӣ худ дарк мекунад, ки чӣ замоне гурусна ва ташна аст ва чӣ замоне нест.

Ниёз ба ҳамсар ва ташкили хонавода ҳам, як ниёзи фитрӣ ва ғаризӣ аст, ки Худованд аз рӯйи ҳикмат, ин ниёзи муқаддас ва шадидро дар вуҷуди инсон қарор додааст ва дар замони худ аз даруни инсон сар бароварда ва талаб мекунад.

Агар ба мавқеъ ва ба таври саҳеҳ, ба ин ниёз посух дода шавад ва хоҳишаш бароварда гардад, масири табиии худро тай карда ва ба камол мерасад ва инсонро низ ба камол мерасонад; Аммо агар ба таъхир биафтад, ва ё ба таври ғайрисаҳиҳ ва ғайритабиӣ ба он ҷавоб дода шавад, аз масири табиии худ мунҳариф шуда ва туғён мекунад, он гоҳ ҳам худ фосид мешавад ва ҳам одаме ва ҷомеаро фосид мекунад.

Аммо ҷавобе, ки дини Ислом ба ин пурсиш [чӣ замон издивоҷ?] дода, ин аст:

Замони издивоҷ, ҳангоме аст, ки «булуғи ҷинсӣ» ва «булуғи ақлӣ» дар инсон ба камоли матлуб бирасад. Албатта ногуфта намонад, ки манзур аз камол, расидан ба (болотарин ҳадди мумкин) нест, зеро расидан ба ин ҳадд, махсусан дар (булуғи ақлӣ) бисёр баид ва мушкил аст; Балки манзур расидан ба (ҳадди маъмул ва мутаориф) мебошад.

Ҳангоме, ки аз даруни инсон, ин неруи фитрӣ ва ғаризӣ, (нидои талаб) сардод, ҳангомаи издивоҷ аст. Ҳар кас метавонад ба хубӣ ин нидоро аз дарун бишнавад; Албатта ба шарте, ки ин неру, дар асари авомиле, бемор нашуда бошад; Зеро маълум аст, ки агар бемор шуда бошад, наметавонад ба мавқеъ ва ба хубӣ нидо сар диҳад. Ҳамон гуна, ки инсони тарсида ва ё бемор, иштиҳояш банд омада ва табиаташ аз ҳолати одӣ хориҷ мешавад.

Дар издивоҷ ҳам агар замоне ин ниёз ва неруи дарунӣ хост сарбровард ва бигӯяд: «Ман расидаам, ман ҳамсар мехоҳам», авомиле, ки дар замири инсон пинҳон шудаанд, дар муқобили ӯ сар бароварда ва бигӯянд: «Хона надорам, пул надорам, ҷаҳизия надорам, мадраки таҳсилиамро нагирифтаам, харҷи ҷашн надорам, ҷомеа издивоҷ дар ин синро намеписандад, одоб ва русуми мо ин издивоҷро барнаметобад, хостгори пулдор ва хонадор ва автомобилдор наомада, духтари пулдор пайдо нашуда, ҳамсар харҷ дорад, фардо бачаҳо яке пас аз дигарӣ аз роҳ мерасанд ва харҷу дардисар доранд, меҳмониҳои ончунониро чӣ кунам, ва ғ…, маълум аст, ки он ниёз бечора ва неру ва нидои фитрии ақибнишини хоҳад кард.

Ё агар навҷавон ва ҷавон, ба василаи худирзоӣ ва фасод ва ҳарзагӣ, табиати худро мунҳариф карда бошад, он нидои фитрӣ ва ғаризаи дарунӣ, лаҷанмол шудааст ва дигар наметавон аз ӯ интизор (нидои саҳеҳ)ро дошт.

Ҷавони фарсудае мегуфт: «… Чандин сол аст, ки худирзоӣ дорам ва акнун ҳам, ки бароям ҳамсаре гирифтаанд, ба ӯ майл надорам ва наметавонам аз ӯ лаззат бибарам. Ҳанӯз ҳам худирзоӣ дорам ва ин шеваро бар мубошират ва ҳамбистарӣ бо ҳамсарам тарҷеҳ медиҳам…» ! инро мегуянд табиат ва фитрати бемор! ин дигар наметавонад нидои табиии дарунашро бишнавад. Аслан дигар нидое ва навое боқӣ намондааст.

Аммо дар ҷавоби ин савол аз сӯи падарон, модарон ва мураббиён ва ҳатто аз сӯи худи ҷавонон, ки билохира сини матлуб барои издивоҷ чӣ мавқеъ аст? Бояд гуфт:

Бинобар ақидаи баъзе аз донишмандон, мо 10 навъ булуғ дорем ва аз ҷумлаи онҳо булуғ ҷинсӣ ва булуғи динӣ аст.

Булуғи ҷинсӣ марҳалае аз рушд ва нумуви бадан аст, ки дар он тамоми сифоти ҷинсӣ фаръӣ [таносулӣ – баданӣ (ҷисмӣ) – рӯҳӣ (равонӣи)] рушди комил намуда ва писар ё духтар аз ин марҳала ба баъд, [мард ва зан] аз назари хавоси ҷинсӣ номида мешаванд.

Барои шинохт расидан ба булуғи ҷинсӣ иқрори худи фард кофӣ аст зеро сабаби ба роҳ афтодани ҳурмнҳои ғудади таносулӣ шуда, ки ин ғудад низ таҳти таъсири ҳурмунҳои мутарашшиҳа аз ғудади ондукдин мебошанд.

Дар духтархонумҳо низ тухмдонҳо таҳти таъсири ҳурмунҳои мутарашшиҳа қарор мегиранд. Дар натиҷа марҳалаи булуғи ҷинсӣ ҳамроҳ бо расидан, майл ва иштиёқ ба ҷинси мукаммил комилан бедор мешавад ва лаззати ҷинсӣ тавассути таҳрики манотиқи шаҳавии бадан ба даст меояд.

Булуғи динӣ низ бо аломати аслии булуғ, ки пайдоиши манӣ дар мард ва қоидагӣ дар зан аст фаро мерасад ва ҳам замони фаро расидани булуғи динӣ бо булуғи ҷинсӣ қатъӣ аст.

Булуғи ҷинсӣ зомини бақои насл аст ва булуғи динӣ зомини роҳнамоӣ ва ҳидояти насл аст.

Ғаризае, ки дар вуҷуди инсон аст як ҳолати натанҳо ҷисмӣ ва натанҳо рӯҳӣ балки таркибе аз ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмӣ аст. Дар Қуръон ба ҷойи вожаи ғариза, ки фақат бархе аз ҷавониби мавзӯи мавриди баҳсро дар бар мегирад ва он чи аввалин бор аз ин вожа ба зеҳн мерасад фақат иртиботи ҷинсӣ ва ҷисмӣ аст ва аз ин вожаҳо аслан дар Қуръон ба кор бурда нашудааст. Лизо Қуръон меояд ва аз вожаи (соиқ), ки дарбардорндаи тамоми маонии ҳақиқии муаррифи неруи ғаризаиро дар бар мегирад истифода мекунад.

Вақте Қуръон ин вожаро интихоб мекунад натиҷааш ин мешавад замоне, ки ғариза бо эҳсосот ва ҳаяҷонот ҳамроҳ буд яъне ғариза бо ҷанбаи ҳиссӣ ҳамроҳ шуд метавонад тазоҳуроте дошта бошад, ки ё марбут ба худи шахс аст ё марбут ба татбиқи ӯ бо муҳити ҳозир ё марбут ба татбиқ бо муҳити оянда.

Ба иборати дигар ё ғароизе аст, ки ба худаш бармегардад, ё ба муҳиташ ва ё ба наслаш.

Қисмати аввал ҳамон ғароизи худдӯстӣ аст ба иборате ҳубби инки такрим ва тақдис шавад ва ғ…;

Ва қисмати охир ҳамон ғаризаи ҷинсӣ аст, ки ҳамеша ҳамроҳи инсон аст аз лаҳзаи таваллуд то марг.

Зуҳур ва бурузи ин булуғҳо дар афрод бо алоиме ҳамроҳ аст.

Булуғи ҷинсӣ бо қоида шудани духтар ва эҳтиломи писар ва ҳам чунин эҳсос ва ибрози алоқаи ду ҷинс ба якдигар зуҳур ва буруз пайдо мекунад.

Ҳамеша қоидагӣ дар духтарон зудтар аз эҳтиломи писарон аст. Наздик ба 12 солагӣ ё каме камтар ва бештар ва назди писарон эҳтилом аз 14 солагӣ ё каме камтар ё бештар.

Булуғи динӣ дар духтарон 9 солагии қамарӣ ва дар писарон 15 солагии қамарӣ аст.

Оятуллоҳ Аминӣ дар китоби [интихоби ҳамсар] мефармоянд, кӣ:

«Табиат ва офариниши вежаи инсон, сини издивоҷро таъйин карда ва он, сини булуғ аст. Чун писар дар син 16 солагӣ ва духтар дар сини 10 солагӣ ба сини булуғ мерсанд, шаръан метавонанд издивоҷ кунанд; Ликин беҳтар аст издивоҷро то снини 17 солагӣ дар писар ва 14 ё 15 солагӣ дар духтар ба таъхир биндозанд.

Зеро духтар ва писар дар авоили булуғ аз рушд ва тааққули кофӣ бархурдор нестанд ва издивоҷ дар ин снин мумкин аст мушкилотеро ба ҳамроҳ дошта бошад. Ба илова, дар ду ё се соли аввали булуғ, ғаризаи ҷинсӣ комилан бедор нашуда ва чандон фишори равони бар навҷавон ворид намесозад ва таҳаммули он, чандон барояш душвор нест. Бинобарин метавон гуфт: муносибтарин снин барои издивоҷ, дар писарон 17 ё 18 солагӣ ва барои духтарон 14 ё 15 солагӣ мебошад; Лекин таъхири издивоҷ аз снини мазкур салоҳ нест ва мумкин аст аворизи бади ҷисмонӣ ё равонӣ ва ё иҷтимоиро ба ҳамроҳ дошта бошад, дар ин синнусол ғаризаи ҷинсӣ комилан бедор шуда, бо тамоми қудрат таҳрик мешавад ва ҷавонро таҳти фишор қарор медиҳад ва ҷуз ирзои машрӯъ чорае нест».

 

замони издивоҷинтихобинтихоби ҳамсармеъёрҳоҳамсаршароит
Comments (0)
Add Comment