Ин ҷо тарзи таҳияи дулмакарами сабзавотӣ (голубцы с капустом) ё дулмакарами кореягӣ бо қимаи сабзӣ (зардак)-ро пешкаш мекунем.
Маҳсулот:
1 карами миёнҳаҷм
5 сабзӣ (зардак)
1 (ва ё бештар аз он) дандона сирпиёз
500 мл об
50 мл сирко (уксус)-и 9%
50 мл равғани растанӣ
50 г шакар
15 г намак
Мурчи сиёҳ, тухми гашниз, баргабӯ (лавровый лист) ба табъи дил.
Тарзи таҳия:
Аввалтар аз ҳама карамро барои дулма омода бисозед. Баргаҳои карамро бо ҳар тарзе, ки муносиб медонед; ё бо гузоштан дар микроволновка ё бо тарзи ҷӯшонидан дар об аз таркиби сахтии карам ҷудо созед.
Зардакро аз пӯсташ тоза карда, аз тарошак бигузаронед. Дандонаи сирро фишурда бо зардак ҳамроҳ кунед ва адвияҷотро ба он бипошед.
Обро ҳамроҳ бо намак, шакар, баргабӯ рӯи оташ бигузоред.
Ҳамзамон баргаҳои карамро бо начинка пур созед ва онро бипечонед. Дулмаҳои омодаро дар косаи калон бичинед.
Намакоби ҷушидаро аз боло оташ бигиред, каме сард шавад ба он сирко ҳамроҳ кунед. Мунтазир бошед, то ширгарм шавад, ва онро бо дулмаҳои чидашуда бирезед, рӯи он зарфи вазндорро бигузоред то ба он фишор оварад(мешавад банкаи дорои1 литр обро гузошт.
Як рӯз дар ҳарорати хона ба ҳамин тарз нигаҳ доред, баъдан барои 1 рӯзи дигар дар яхдон гузоред.
Дулмаҳои хушлаззат омода шуданд ва шумо пас аз ин ҳама заҳмат онҳоро бод или пур рӯи дастархон гузоред ва далерона меҳмонон ва аъзои хонаводаатонро барои тановули он даъват намоед.
Дулмакарами сабзавотиро ҳам метавон бо гӯштбирён, моҳибирён ва ё пюреи картошка истеъмол кард. Дулмаҳо ҳар қадар дар намакоби сиркодор (мариноват) хобонда шаванд, ҳамон андоза хушлаззат хоҳанд шуд.
Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна”