Роҳҳои ба даст овардани худбоварӣ

Аҳамияти эътимод ба нафс ва роҳҳои касби он

Эътимод ба нафс ва худбоварӣ чӣ гуна ба вуҷуд меояд?

Чӣ тавр метавон худро бовар кард?

Оё аввалин боре, ки барои кор дар ширкате ва корхонае даъват шудед ва мехостед дар баробари чанд нафар сӯҳбат кунед, ба хотир доред?

Шояд замоне ки мехостед, кореро шурӯъ кунед, ё барои нахустин бор, ба мулоқоти шахси муҳимме рафтед, гулӯятон аз тарсу изтироб хушк шуда ва ларза бар андоматон афтода буд, аз лиҳози руҳӣ ва равонӣ ба ҳеч ваҷҳ дар шароити мусоид набудед ва фикр мекардед, маҷбуред ҳошияи амни худро раҳо кунед ва ба ҳамин хотир, ба шиддат эҳсоси ноамнӣ мекардед?

Аз тарафи дигар, мехостед тамоми маҳоратҳои худро нишон диҳед ва дар ин роҳ ҳар рискеро бипазиред. Медонистед, ки агар муваффақ шавед, фоидаҳову имтиёзоти зиёде аз они шумо хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, набуди эътимод ба нафс ва худбоварӣ, тарсҳо ва тардидҳоятон доиман шуморо ноумед мекунад.

Эътимод ба нафс дар зиндагии ҳар як аз мо нақши бисёр муҳим дорад ва бидуни он наметавонем, ҳатто нахустин қадамро барои талош дар ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳоямон бардорем, ба рағми авомили дилсардкунанда ва мавонеи муваққате, ки бо онҳо мевоҷеҳ  мешавем, ҳамеша бо шаҳомат ба пеш меравем.

Ба ростӣ, ки ин эътимод ба нафс ва худбоварӣ аз куҷо меояд? Ва чӣ тавр метавон худро бовар кард?

Дар идома ба ҳафт рози муҳим ишора мекунем, ки агар аз онҳо огоҳ шавем, метавонем нисбат ба худ боварӣ ва имони комил дошта бошем.

1 – Огоҳиҳои худро афзоиш диҳед

2 – Муваффақиятҳои кучаки худро ночиз нашуморед

3 – Барои доштани имони қавӣ тамрин кунед

4 – Қотеона тасмим гиред

5 – Аз таҷрибаи мушовирон ва афроди ботаҷриба ва мутахаасис баҳра гиред

6 – Худро дар зеҳнатон қавӣ ва бо эътимод ба нафс муҷассам кунед

7 – Интизори муваффақияти худро дошта бошед

Ҳар кадом аз маротиби ҳафтгона тавзеҳоте дорад, ки дар навиштаи баъдӣ, ба таври муфассал ба шарҳи онҳо мепардозем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

Роҳҳои ба даст овардани худбоварӣ
Comments (0)
Add Comment