Хусусиятҳои сарватмандон

Роҳкорҳои сода барои сарватманд шудан

Хостаҳои бештари афроди ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сарватманд будан аст, аммо то вақте ки надонем хусусиёти сарватмандон чист ва аз дарун ба ин нукта пай набарем, ки сарватманд ҳастем, ин рӯйдод пеш намеояд.

Сарватманди воқеӣ касест, ки аввалин қадамро барои тағйири боварҳо ва бардоштҳояи иштибоҳи худ аз зиндагӣ мебардорад ва саъй мекунад, дар хусусиёти худ таҷдиди назар кунад ва онро ба хусусиёти як фарди сарватманд табдил кунад.

Бояд бидонем, ки дигарон ҳам ин шароитро пушти сар гузошта ва чизе, ки ба даст оварданд, муваффақият, шодмонӣ ва сарватнд будааст.

Дар идома, ба чанд роҳкори сода барои сарватманд шудан ишора хоҳем кард.

* * *

Хусусиёти сарватмандон чист?

Мо инсонҳо ба қудрати фикри худ метавонем таъйин кунем, ки ҷузъи кадом даста бошем, сарватмандон ва ё ниёзмандон.

Вижагии бузурге, ки афроди ниёзмандро аз сарватмандон ҷудо месозад, наҳваи фикр кардан ва нигоҳи онҳо ба масоили мухталифи зиндагист.

Агар шумо мехоҳед, ки ҳамеша ҷузъи сарватмандон бошед, бояд сабки зиндагӣ ва нигоҳи худро тағйир диҳед то ба ин манзур даст ёбед.

Мавориди зер ба шумо кӯмак мекунад то даричаҳои тозаеро барои вуруди шигифтонаҳо ба зиндагиатон боз кунед ва шумо ҳам сарватманд шавед.

* * *

Саҳархезӣ аз муҳимтарин хусусиёти сарватмандон

Бисёре аз афрод то дер вақт дар бистарҳои гарму нарм мемонанд ва корҳои худро ба замони дигар мегузоранд, аммо сарватмандон ин корро анҷом намедиҳанд.

Бештари онҳо субҳи зуд бедор мешаванд ва бар асоси як барномарезии муназзами субҳгоҳӣ, ки барои худ тартиб додаанд, пеш мераванд.

Вақте шумо битавонед одат кунед, ки субҳи зуд аз хоб бедор шавед ба бештари корҳои рӯзонаи худ мерасед. Муназзам мешавед, ба саломатии худ аҳамият медиҳед, дигар барои чизе саросема нестед ва саросем буданро ба унвони як хусусияти нодуруст аз худ дур мекунед.

Хонаводаи намуна

Хусусиятҳои сарватмандон
Comments (0)
Add Comment