Мусалмон кист?

Мусалмон кист?

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ҳар кас шабашро ба рӯз расонад, дар ҳоле ки ба умури мусалмонон аҳамияте намедиҳад (ва ба фикри мусалмонон нест), ӯ аз онон нест. Ва ҳар кас бишнавад, ки касе мусалмононро ба кумак фаро мехонад, вале посухе надиҳад, мусалмон нест”.

Ҳуқуқи ҳафтгонаи мӯъмин

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Мӯъмин бар гардани бародари мӯъминаш ҳафт ҳаққи воҷиб дорад, ки аз сӯи Худо ба ӯ воҷиб шудааст:

1 – Ба ӯ, ба дидаи эҳтиром бингарад.

2 – Муҳаббати ӯро дар дил дошта бошад.

3 – Дар молаш ӯро ҳам шарик созад.

4 – Ғайбати ӯро ҳаром бишморад.

5 – Ҳангоми беморӣ аз ӯ аёдат кунад.

6 –Ҷанозаашро ташйеъ кунад ва дар ҷанозааш ширкат кунад.

7 – Пас аз маргаш, ҷуз хайру хубӣ аз ӯ нагӯяд.

Хонаводаи намуна

Мусалмон кист?
Comments (0)
Add Comment