Зан ва ишқ

Ҳақ таъоло дилҳоро биофарид пеш аз ҷонҳо ба ҳафт ҳазор сол пеш ва дараҷаи васл бардошту ҳар рӯз сесад шаст назари каромат фармуд бо калимаи муҳаббат. То он даме,ки набзи дил ба гӯш мерасад муҳаббат ҷовидон хоҳад буд.

 Зан,ту оне, ки мехоҳам  дору надори худро дар пои ту нисор кунам.

Зан фаришта аст, ки дар ҷавонӣ комбахши мо ва дар пирӣ  тасаллодеҳи мост.

Зан ягона вуҷудест, ки ҳақиқати ишқи моро мешиносад.

Ҳама андешаҳои мард ба як меҳри зан намеарзанд.

Ҷаҳон барои мард як қалб асту  қалб  барои  зан ҷаҳон.

Зан беҳтарин ва охирин ҳадяи осмонист.

 Зан кист?

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар  маъракаву косаи ҷом аст.

Без зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин , ҳусни само, ҳусни замон аст!

 Таронаи ишқ  ягона таронаест, ки аз сари ҳамагон фаро меояд ва онро аз шарора то ситора, аз гавҳора то сайёра –ҳамагон ба шеваи нотакрор ҷовидона бисароянд.

Аз ҳисори дил ба диёри хирад назар андоз ва аз ҳисори хирад ба диёри дил.

Модар ягона худоест рӯи замин, ки худошиносон намедонанд.

Зан фариштаест, ки дар айёми кӯдакӣ парастори мо, дар ҷавонӣ  ҳамдилу ҳамроз ва дар пирӣ тасаллобахши мост.

Бобои Одам барои гуноҳи хеш аз биҳишт ронда шуд. Барои он гуноҳе, ки фарқ миёни неку бад дид, ақлу дил барои эҳсос кардани дард, ғам, нафрат, ишқ, зино, хиёнат туғён намуд. Гуноҳ  кард ҳазрати Одам, ки дил ба Момоҳаво  дод ва аз биҳишт ронда  шуд.

Кадом балост, ки  мардум аз он нагрезанд? Посух доданд: – Он бало ишқ аст.

Зиндагие, ки дар он умеду орзу набошад аз марг душвортар аст.

Ҳар рӯз субҳ аз осмон нидо  мерасад: -Торикиҳоро аз худ фурӯ бирез ва зиндагиро аз  сар бигир.

Зан агар  шоир бошад, худ ғазалест, ки поён надорад.

Писандатарин чизе, ки падару модар   барои фарзандон боз гузоранд, фарҳанг аст.

Пиразани  садсолае дар дами марг  модар гӯён нолиш мекард:

Садсолазане зи дард нолиш мекард,

Як коса зи оби сард хоҳиш мекард.

Худ модари модарону модар мегуфт,

Тар з-оби дучашми хеш болин мекард.

 Маро аз ҳикмате, ки ашкро намедонад, аз фалфасае, ки хандаро  намедонад ва аз бузургие, ки дар пеши кӯдакон сар фуруд намеоранд, наҷот диҳед.

 Манбаъ: бонувони тоҷик

занишқмуҳаббат
Comments (0)
Add Comment