Занон ва мардон: тафовутҳо, шабоҳатҳо

Равоншиносон дар мавриди бурузи тафовути зану мард, ду омилро яъне омили муҳит ва омили виросатро саҳим медонанд. Аммо ҷомеашиносон дар ин замина, бо равоншиносон ихтилофи назари зиёде доранд. Онҳо мӯътақиданд, ки тафовутҳои зану мард маълули тафовути рафторӣ аст, ки ҷомеа дар мавриди онон пеш мегирад ва мӯътақиданд, ки ду ҷинс дар асос бо ҳам тафовуте надоранд, балки иҷтимоъ мӯҷиб мешавад, ки онҳо гароишҳои мутафовит пайдо кунанд ва ба заминаҳои мухталиф суқ дода шаванд.

Аз назари ҷомеашиносон, тафовути зану мард дар ҷузъиёт аст на дар куллиёт. Зистшиносон ақида доранд, ки зану мард тафовутҳои бунёдӣ доранд, ба ин маъно, ки тафовутҳои онҳо дар дараҷаи аввал ирсӣ аст, на муҳитӣ. Онҳо мӯътақиданд, ки ҳар ҳуҷайраи бадани зан бо ҳар ҳуҷайраи бадани мард тафовут дорад.

Онҳо қабл аз он ки ба дунё биёянд ва таҳти тасири нуфузҳои иҷтимоӣ қарор гиранд, комилан тамоюз пайдо карда ва барои зан ё мард шудан омода мешаванд.

Хусусиятҳои сохт ва амалкарди аъзо ва дастгоҳҳои бадани духтарон ва писарон мутафовит аст. Ин тафовут тавре аст, ки писаронро барои зиндагӣ фаъол ва пурҷунбуҷӯш ва духтаронро барои зиндагии ором омода мекунад. Дар истеъдоди таҷассуми фазоӣ, ташхиси ҷиҳат ва ҳадафгирӣ, писарҳо беҳтаранд. Аз назари каломӣ, духтарҳо бартарӣ доранд, аммо аз назари идроки каломӣ писарҳо бартаранд.

Писарҳо иртиботҳои меканикиро беҳтар дарк мекунанд ва истеъдоди риёзии беҳтаре нисбат ба духтарҳо доранд, аммо дар корҳои дастӣ, махсусан корҳое, ки ниёз ба чолокии ангуштон доранд, духтарҳо беҳтаранд ва чобукии ангуштони занон ба онҳо иҷоза медиҳад, ки мошиннависи хубе бошанд. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби занон ин аст, ки метавонанд маълумотеро барои муддати кӯтоҳе дар ҳофизаи худ нигаҳ доранд, ки бо ҳам ҳеҷ иртиботе надоранд ва ба худи онҳо низ марбут нест. Бар пояи ҳамин тавоноӣ аст, ки занҳо беҳтар метавонанд ба муншигарӣ ва корҳои дафтарӣ иштиғол дошта бошанд. Духтарон аз даврони ибтидоӣ то донишгоҳ, он ҳам то сатҳи диплом, дар маҷмӯъ беҳтар аз писарҳо дарс мехонанд ва муваффақиятҳои бештаре ба даст меоваранд. Аммо баъд аз фароғати таҳсил ва ба хусус баъд аз давраи диплом, одатан аз рақобат даст мебардоранд ва дар сурати издивоҷ, худро комилан вақфи хонавода мекунанд.

Албатта занони шоғил, нависанда, вакил ва пизишк ҳам вуҷуд доранд, аммо камтар ба ҷоҳталабӣ ва мақомпарастӣ рӯй меоваранд ва ин амр ба миқдори зиёде аз шукӯфоии истеъдодҳои онҳо ҷилавгирӣ мекунад. Пас метавон гуфт, ки иллати маҳдудияти занҳо, масоили отифӣ аст, на камбуди истеъдод.

Матин Ҳорнер мегӯяд, занон барои ба даст овардани муваффақият барангехта мешаванд, вале дар айни ҳол, аз муваффақият низ метарсанд. Ҳорнер мегӯяд: муваффақ шудан дар дунёи рақобатталаб чизе аст, ки хеле аз занҳо аз он парҳез мекунанд, зеро хусусиятҳоеро мунъакис мекунад, ки ба таври суннатӣ ғайри занона ба ҳисоб меояд. Китоби “Парвози танҳо, занони муҷаррад дар нимаи роҳи умр”, навиштаи осебшиносони хонаводаӣ Карл Андерсон ва Сюзан Ствард, бо баррасии зиндагии занон ва мардон қабл ва баъд аз ташкили хонавода, чунин натиҷа мегирад, ки мардон одатан пас аз издивоҷ, пиллаҳои тараққиро тай мекунанд ва коромадтар, оқилтар ва ниҳоятан муваффақтар мешаванд.

Девид Скос, профессори улуми рафторшиносӣ баён мекунад, ки хромасомаи X падарӣ на танҳо аз назари виросат хусусиятҳои занона нақши муҳимтареро нисбат ба хромасомаҳои X модарӣ ифо мекунад, балки интиқолдиҳандаи баъзе маҳоратҳои иҷтимоӣ низ ҳаст. Ва ин ба ин маъност, ки мардон бояд маҳоратҳои иҷтимоиро биёмӯзанд, дар ҳоле ки занон онро дар сохтмони генетикии худ доранд ва ин амр бо бисёре аз ҷанбаҳои булуғ (-и равонӣ, иҷтимоӣ, ҷинсӣ) дар духтарону писарон низ мутобиқат дорад.

Муҳаққиқони австралиёӣ эълом кардаанд: он қисмат аз мағз, ки барои сӯҳбат кардан мавриди истифода қарор мегирад, дар занон нисбат ба мардон 20-30 дар сад васеътар аст. Шояд ҳамин мавзӯъ сабаб мешавад, ки занон дар имтиҳоноти балоғати шифоҳӣ, ҳофизаи шифоҳӣ ва баъзе маҳоратҳои ҳаракатии зариф беҳтар аз мардон амал кунанд.

Дар мутолеае, ки бо истифода аз фанни радиогрофӣ ва MRI сурат гирифт, мушаххас шуд, ки мардон танҳо аз самти чапи мағзи худ барои ҳалли масоили забоншиносӣ истифода мекунанд, дар ҳоле ки занон аз ҳар ду нимкураи мағз суд мебаранд. Тавоноии занон дар истифодаи ҳамзамон аз ҳар ду нимкураи мағз, онҳоро қодир месозад, ки ҳангоми сӯҳбат кардан ба марокизи отифӣ низ дастрасӣ пайдо кунанд ва дар иртибототи отифӣ муваффақтар амал кунанд. Шояд ин нуктаро, ки хонумҳо мададкорони иҷтимоӣ, мушовирон, омӯзгорон ва парасторони муваффақ ва хубе ҳастанд, битавон ба ин мавзӯъ нисбат дод.

Тафовути ҳормонии байни мард ва зан, масъули қисмати бузурге аз тафовутҳо дар тестостерони тарашшуҳшуда дар мардҳо асари анаболикии пурқудрате дорад; ба ин маънӣ, ки мӯҷиби афзоиши тавлиди протеин дар тамоми бадан, ба хусус дар азулот мешавад. Дар воқеъ ҳатто марде, ки фаъолияти варзишии зиёде надорад, аммо тестостерони зиёде дорад, ҷуссаи азулонии ӯ 40 дар сад бештар аз занони назири худ хоҳад буд ва қудрати ӯ низ ба ҳамин нисбат бештар аст.

Ҳормони ҷинсии занон, яъне истрожен низ эҳтимолан масъули қисмате аз ихтилофи байни қудрати зану мард аст, агар чи асари он ба ҳамон шиддати тестостерон нест. Маълум шуда аст, ки истрожен русби чарбиро дар занон ба хусус дар баъзе бофтҳо афзоиш медиҳад. Бадеҳӣ аст ин мавзӯъ монее дар баробари тавлиди ҳадди аксари қудрат дар варзишҳое эҷод мекунад, ки ба суръат ё қудрати баданӣ бастагӣ дорад, аммо аз тарафи дигар ин мавзӯъ мавзӯъ метавонад дар варзишҳои истиқоматии сахт, ки барои тавлиди энергия ниёз ба чарбӣ доранд, як кӯмаки муассир ба шумор ояд. Чунон ки рекорди рафту баргашти байни ду сӯи канал мониш дар ҳоли ҳозир мутааллиқ ба занон аст.

Писарҳо дар партоб кардани тӯп ва диск беҳтар аз духтарон ҳастанд. Шояд иллати он дар ағлаби маворид ин бошад, ки писарон барои бозӣ бо тӯп тақвият мешаванд, аммо эҳтимолан иллати асоситаре ҳам вуҷуд дорад; шакли дастҳо дар ду ҷинс мутафовит аст, махсусан дар духтарони соид бо бозу зовияе ташкил медиҳад, ки дар дасти писарон вуҷуд надорад. Бинобар ин, духтарон ба далелҳои генетикӣ ва ташреҳӣ наметавонанд муваффақияти писаронро дар партоб ба даст оваранд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳи дигар он аст, ки агар мард ва занеро дар ҷазирае дурафтода раҳо кунед, чигунагии вазъяити сӯхту сози бадан дар занҳо мунҷар ба он хоҳад шуд, ки зан беш аз мард зинда бимонад.

занонмардонтафовутҳошабоҳатҳо
Comments (0)
Add Comment