Ҳафт иштибоҳ сабаби талоқ (қисмати аввал)

Ҳар сола милёнҳо нафар дар саросари дунё аз як дигар ҷудо мешаванд ва худ, волидайн ва кӯдакони худро дучори паёмадҳои баъд аз талоқ мекунанд. Мутаассифона омори талоқ низ дар кивари мо ба тарзи ваҳшатноке дар ҳоли густариш аст. Падидаи талоқ аз онҷое, ки барои ҷомеашиносон ҳоизи аҳамият аст, ки ҳастаи марказии хонаводаҳои насл ояндаи башар дар хатар аст. Имрӯза зану шавҳари ҷавон бидуни таваҷҷуҳ ба авомиле, ки волидайни онҳо дар гузашта барои шинохти ҳамсари муносиб истифода мекарданд издивоҷ карда ва фикр мекунанд, ки равишҳои мутмаин вале қадимӣ гузашта барои зиндаги дар асри ҳозир корбурде надоранд. Мутаассифона издивоҷҳое, ки ин рӯзҳо сурат мегирад бештар аз онки ҷанбаи хонаводагӣ дошта бошад ҷанбаи отифӣ дошта ва бидуни шинохти кофӣ аз рӯҳиёт ва вижагиҳои ахлоқии тарафи муқобил сурат мегирад. Дар канори мавориде, ки аз дарун сабаби аз ҳам пошидагии хонавода мешавад гоҳ авомиле аз дунёи хориҷ сабаби эҷоди мушкилоти мухталиф дар муҳити хонавода ва ниҳоятан талоқ мегардад. Ин мақола бар асоси назароти беш аз даҳҳо хонум ва оғо навишта шудааст, ки аз ҳамсарони собиқи худ ҷудо шудаанд ва замоне мутаваҷҷеҳи иштибоҳоти худ шудаанд, ки дигар дер шуда ва фурсате барои онҳо боқи намонда буд. Вале шояд барои шумо дер нашуда бошад ва битавонед бо анҷоми иқдомоти муассир зиндагии хонаводагиатонро аз табоҳию нобудӣ наҷот диҳед. Авлавияти матолиби зикр шуда бар асоси бештарин мавридҳое аст, ки зиндагии заношуиро ба тарафи дарвозаи талоқ ҳидоят мекунанд.

  1. Ба волидайнатон иҷозаи дахолат надиҳед

Ин қонуни табиат аст, ки ҳар мавҷудӣ дар табиат рӯзе бояд мустақил шуда ва рӯи пои худ беистад. Ин ҳақиқат ҳамон қадар, ки барои ҳайвонот сидқ мекунед барои инсонҳо низ содиқ аст. Инсонҳо издивоҷ мекунанд, то мустақил шаванд. Иштибоҳе, ки баъзе аз волидайн анҷом медиҳанд ин аст, ки онҳо бо нияти хайрхоҳонаи худ ё баъзан санг андозӣ дар зиндагии фарзандони худ дахолат мекунанд. Волидайн бо дахолат дар зиндагии фарзандони худ танҳо зндагии онҳоро талх мекунанд. Баъд аз издивоҷ агар зану шавҳар ба таври комил аз волидайн ҷудо нашуда бошанд эҳтимоли афтодани ин мушкилот дар зиндагии заношуии онҳо бештар аст. Маъмулан хонаводаҳое, ки танҳо як фарзанд доранд дӯст надоранд, ки фарзанди онҳо баъд аз издивоҷ аз онҳо ҷудо шаванд. Ҳақ ҳам ҳамин аст, ки онҳо дар канори падару модар бошанд ва аз онҳо ҳимояту нигоҳдори кунанд. Вале бояд волидайт таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки набояд бо дахолатҳое бе маврид зиндагии ширинро барои онҳо тангу талх кунанд. Вале дар баъзе оилаҳо хоҳару бародарон зиёд ҳастанд вале волидайн исрор доранд, ки ин фарзандашон ҳам дар канори онҳо бошад бедуни таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки ин кор мумкин аст сабаби ба вуҷуд омадани мушкилот дар зиндагии заношуи шавад талош мекунанд, то ҳамсари фарзанди худро маҷбур ба зиндаги дар хонаи муштарак кунанд. Мумкин аст зану шавҳар ба сабаби баъзе аз мушкилоти молию пулӣ бихоҳанд то дар хонаи ақвом ё волидайни худ зиндаги кунанд. Бисёре аз завҷҳое, ки аз ҳамсари худ талоқ гирифтаанд ба ин мавзуъ ишора мекунанд, ки дахолатҳои беҷои волидайн на танҳо мушкилеро ҳал намекунад, балки сабаби ҷудоии онҳо аз як дигар мешавад. Албатта но гуфта намод, ки баъзе вақтҳо ҳақ ба падару модару наздикон аст ва баъзе вақт ҳам ҳақ ба ҳамсар аст, ки дар ҳар кудом дар ҷои худаш огоҳона бояд ҳимоят кард. Ин маҳорати шавҳар аст, ки бе хафагию ҷангу ҷидол ин праблемаҳоро ҳал намояд ва ин ниёз ба базе омӯзаҳо дорад, ки зану шавҳар бояд онҳоро биомузанд, то мушкилотро бо ҳам ҳаллу фасл кунанд ва падару модарҳам мушкилотро ба худи онҳо вогузор кунанд.

  1. Аз мушовираи хонавода кумак бигиранд

Дар воқеъ машварат бо мутахассисони масоили хонаводагӣ ба як зарурати иҷтимои дар дунёи имрӯз табдил шудааст ва набояд бо бе таваҷҷуҳи аз он гузашт. Араг имрӯз мехоҳед, ки зиндагии ороме дошта бошед ва дар парвариш ва роҳнамои дурусти фарзандон ва ғайра роҳи хато наравед( ҳамеша решаи ҳамаи мушкилот дар робитаҳои заношуи нест, гоҳе мушкилоте, ки ба вуҷуд меояд ва решаи зиндагии хонаводагиро хушк мегардонад ба сабаби ихтилофоте аст, ки бар сари наҳваи тарбияти фарзандон ба вуҷуд меояд) метавонед аз назароти як коршиноси оилавӣ барои идораи ҳар чи беҳтари зиндагии худ кумак бигиред. Барои ин кор зану шавҳар фақат бояд каме аз худ ҳамдигар фаҳми нишон диҳанд ва гуш шунавоии худ барои шунидани назарҳои дурусти тарафи муқобил истифода кунанд. Бо ин ҳол пурсишҳое вуҷуд дорад, ки завҷҳо ба танҳои наметавонанд барои онҳо посухе пайдо карда ва дар ин сурат бояд ба мушовираи хонавода муроҷиат кард. Мушовири хонавода фақат барои танзими хонавода нест. Дар кишварҳои аврупоӣ мушовири хонавода нақши бисёр бештар аз он чизе дорад, ки мушовирон дар кишварҳои осиёи доранд. Тибқи табақа бандиҳои ташхиси равонпизишкӣ масоил ва мушкилоти заношуӣ ва хонаводагӣ яке аз болотарин сабабҳо руҷуъ ба килиникҳо ва марокизи хадамоти мушовираи аст, ки ин худ гувоҳи суҳбати матолиби баён шудааст.

  1. Ба ҳамсари худ бе таваҷҷуҳи накунед

Зану шавҳар аз ҳар тариқе, ки метавананд бояд ба як дигар муҳаббат кунанд. Баъзе аз завҷҳои ҷавон ин тавр фикр мекунанд, ки фақат бо хариди туҳфаҳои гаронқимат аст, ки метавонанд алоқаи худро ба ҳамсарашон нишон диҳанд. Гоҳе як шоха гули сурх ва ё як ҷумлаи “азизам дӯстат дорам” таъсире бар рӯи ҳамсар мегузоранд, ки гаронқиматтарин ҳадяи дунё наметавонад ҷои онро бигирад. Гуфтугу бо завҷҳои ҷавон нишон додааст, ки онҳо аз тариқи моддиёт наметавонанд ба ишқу отифаи мавриди ниёз бирасанд чизе, ки онҳо хостори он буданд муҳаббату самимият бедуни қайду шарти ҳамсаронашон будааст. Равишҳои мисли ҳадя додан, гул харидан, берун ғизо хурдан ё… фақат ҷанбаи кумаки дорад ва ба танҳои наметавонад дар зиндагии муштарак тавлиди ишқ кунад. Яке аз хонумҳо дар суҳбатҳои худ ба ин мавзуъ ишора карда, ки “ шавҳарам ҳар вақт манро мезад баъдаш бароям туҳфа мехарид, то аз ман узрхоҳи кунад, ман ҳам ба хотири зиндагии муштаракамон ӯро мебахшидам вале ин кор дар ӯ ба одат табдил шуда буд. Шавҳари ман пеши худ ин тавр фикр мекард, ки ҳар вақт бихоҳад метавонад маро бизанад ва баъдаш барои ман як туҳфа бихарад ва ҳама чизро ҳал кунад”. Ин хонум сабаби шикасти зиндагии заношуии худро бе таваҷҷуҳии ҳамсараш ба ниёзҳои отифии зиндагии худ медонист чизе, ки ҳич ҳамсаре таҳаммули онро надорад.

Идома дорад…

талокталоқҷудоӣ
Comments (0)
Add Comment