Таъсири расона бар фарҳанги ҷомеа

Паёмҳои расонаӣ сабаби тағйир дар нигариши мухотабон мешавад. Дар сурате, ки натавон мудирияте бар он эъмол кард, бо тағйири сатҳи интизори инсон мизони ризоятмандии ӯро аз зиндагӣ бо мушкил мувоҷеҳ мекунад.

Дар асри иртиботот ҳоло ахбор ба нуқтаи махсус вобаста нест. Имрӯза фановариҳои нави иртиботӣ ба тағйироти иҷтимоӣ чунон тағйирот додаанд, ки ҳатто побарҷотарин арсаи ҳаёти башарӣ, яъне фарҳангро низ дарнардида ва инсонро дар миёнаи як дигаргунии фарҳангӣ қарор доданд, чароки суръати интиқоли ҷараёни фарҳангӣ аз тариқи иртиботи навин дар ҳоли афзоиш аст.

Гуногунии расонаҳо ва густаришу нашри онҳо дар афкору эҷоди фазои муносиб ва рушди фарҳанг нақши асосӣ доранд, зеро яке аз муҳимтарин авомили тавсеаи фарҳанг ва аз нишонаҳои таҳаррук ҳар ҷомеаанд.

Дар ин байн фарҳангсозӣ аз тариқи расонаҳои иҷтимоӣ арсаи мушкилоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ қарор гирифтааст.  Расона бо қудрати нуфузнопазири худ пӯстаи ниҳодҳои иҷтимоӣ, хосса хонаводаро шикофта ва бидуни ихтиёри аъзо, вориди зиндагии онҳо мешавад ва аъмоқи он ниҳодҳоро дар ихтиёр гирифта ва саъй мекунанд иттилооти худро бо фишор бар зеҳни мухотаб таҳмил кунанд.

Ин паёмҳои расонаӣ боиси тағйир дар нигариши мухотабон мешавад. Дар сурате, ки натавон мудирияте бар он эъмол кард, бо тағйири сатҳи интизори инсон мизони ризоятмандии ӯро аз зиндагӣ бо мушкилоте рӯбарӯ мекунад ва таҳти таъсири бомбаборони иттилоотӣ, инсони саодатманди дирӯз ба фарди норозии имрӯз табдил мешавад. Паёми расонаӣ бояд ба шакле бошад, ки ба унвони фарҳанги умум ба мухотабон ироа шавад ва ҷомеа ба он паём эҳсоси ниёз кунад. Аз тарафи дигар бетафовутӣ дар муқобили таҳаввулоти расонаӣ ва раҳо кардан он сабаб мешавад авомиле, ки таъсири мусбат доранд, суст шаванд ва дар натиҷа таҳаввули фарҳангӣ ҷиҳати манфӣ биёбад. Агар бо диққат ба ин навъ таҳаввул нигариста шавад, метавон бо барномарезӣ ба ҳадафманд шудани он ёрӣ расонд.

Дар асри иттилоот ва густариши рӯзафзуни расонаҳои иҷтимоӣ, мухотабон бо баҳрамандӣ аз қудрати интихоб нақши таъйинкунанда дар дунёи ҷадид ва саҳми физоянда дар ҷараёни фарҳангсозии иҷтимоӣ доранд, ки ин масъала замоне ҳосил мешавад, ки аз яксӯ соҳибони қудрат ва давлат бо қонунгузорӣ ва қалби кушод ба нақши расонаҳо дар ҷомеа бингаранд ва онро на ҳамчун душманон, балки ба унвони рукни асосӣ ва ҳамтарози дастгоҳи қонунгузорӣ, дастгоҳи иҷроияи қонун ва дастгоҳи қазоӣ бовар кунанд ва ба расмият бишносанд.

Аз сӯи дигар аҳолии қалам низ бояд ба масъулият  худ дар тарвиҷ  тафоҳум ва тақвият  ҳисси ҳамбастагӣ огоҳ бошанд ва аз иҳонати ашхос ва шоеапароканӣ ва таблиғи хушунат бипарҳезанд. Агар масъулона ба таҳаввули фарҳангии бархоста аз таъсири расонаҳо нигариста шавад, метавон бо барномарезӣ ва пайгирӣ ба шакли созмонёфта ва ҳадафманд ҷиҳати мусбате ба ин таҳаввулот дод ва аз нуқоти қуввати он баҳраманд шуд.

расонафарҳангҷомеа
Comments (0)
Add Comment