Ҳиҷоб маҳдудият нест!

Ҳиҷоб

Ҳиҷоб дар луғат ба маънои пӯшиш, парда, василаи пӯшиш, ва ғайра маъно шудаст. Парда, сатр ва ниқобе, ки занон чеҳраи худро ба василаи он пӯшонанд ва рӯйбанд ва чодаре, ки занон сар то пойи худро бо он пӯшонанд ҳиҷоб аст. Ин вожа дар истилоҳ ба маънои «пӯшиши махсуси занон» аст.

 Фитрӣ будани пӯшиш

Тамоми касоне, ки зиндагии башар ва таҳаввулоти онро баррасӣ карданд, ба ин натиҷа расиданд, ки аз оғози пайдоиши инсон, ҳар як аз зану мард кӯшидааст, ки пӯшиши муносиби худро таҳия кунад. Талоши ҳамешагии башар барои таҳияи пӯшок аз он ҷиҳат, ки бо омӯзиш ихоссе ҳамроҳ набудааст, нишон медиҳад, ки такопуи инсон барои ёфтани пӯшиш, аз фитрати даруниаш сарчашма мегирад. Ҳиҷоби занон пешинаи тӯлонӣ дорад. Бо мутолиаи осори тамаддунҳои гуногун чунин ба назар мерасад, ки ҳиҷоби занон, аз одатҳои деринаи тамаддунҳои башарӣ будааст. Барои мисол, бар асоси навиштаи доиратулмаориф ва фарҳангномаи Лорус, занон юнонӣ дар давраҳои гузашта, суратҳо ва андомашонро то рӯи по мепӯшонданд.

 Ҳифозат, на маҳдудият!

Ҳиҷоб дар боварҳо ва арзишҳои мо реша дорад ва риояти пӯшиш ба вежа дар байни бонувон, эҷоди масуният барои ҷилавгирӣ аз аворизи манфӣ, фасодҳои ахлоқӣ аст. Аз дидгоҳи Ислом, зан шахсияти шоиста дорад ва метавонад мақомҳои камолро паймуда ва ба маротиби олии инсоният даст ёбад. Домани зан, мадрасаи башар аст ва волои мардон, бидуни занон мумкин нест. Ислоҳи ҷомеа дар гарав порсоӣ, ҳаё ва ҳиҷоби бонувон хоҳад буд. Ҷойгоҳ волои ин гавҳари гаронбҳои офариниш металабад, ки дар садафи пӯшиш қарор гирад то арзишҳояш ҳифз гардад. Хонуми Фотима Дувлон, устоди мусулмони забони англисӣ гуфтааст: «Ҳиҷоб сабаб мешавад, ки зан арзиши худро аз ҳадди як колои тиҷоратӣ ё василае барои баҳрадеҳӣ боло бурда ва ҳам худ барои хеш арзиш қоил шавад ва ҳам ҷомеаро водор ба эҳтиром кунад».

 Решаҳои беҳиҷобӣ

Ҳувияту шахсияти зан, дар гарави манишу равиши зиндагии ӯст ва ҳиҷоб, пӯшиши волои зани мусулмон ба ҳисоб меояд. Дар ин байн, беҳиҷобӣ, падидаи шуме аст, ки барои ёфтани авомилу сабабҳои он, бояд бо нигоҳи ҷомеашинохтӣ, масоилу заминаҳои онро баррасӣ кунем. Аз авомили бадҳиҷобӣ ва беҳиҷобӣ метавон талоши истеъмор дар задудани пӯшиш, дигаргунии арзишҳо, улгуҳои ноҳанҷор ва мушкилоти даруниро ном бурд; зеро фарҳангситезон барои задудани арзишҳо дар ҷомеаҳои исломӣ, талошҳои фаровоне ба кор гирифтаанд. Қаҳрамонсозӣ ва улгуофаринии дурӯғ барои зан дар роҳи аз байн бурдани ҳувияти ӯ аз барномаҳои пурдоманаи истеъмор ба шумор меояд.

беҳиҷобӣмаҳдудиятпушишҳиҷоб
Comments (0)
Add Comment