Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а)

Имрӯз 15 раҷаби 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 6 феврали 2023 солрӯзи вафоти ҳазрати зайнаб (а), набераи Паёмбари гиромии ислом(с) ва фарзанди ҳазрати Фотима (а) ва ҳазрати Алӣ (раз.)аст.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳазрати зайнаб (а) усваи ҳикмат ва фарзонагӣ ва сабру хирадмандӣ дар канори бародаршон ҳазрати имом Ҳусейн (а) бо ҷараёни вопасгаро ва мунҳарифе мубориза карданд, ки ба исми дифо аз ислом, фоҷеъаи бузурги Карбалоро ба вуҷӯд овараданд.

Эшон пас аз шаҳодати бародари бузургворашон имоми Ҳусейн (а) ва ёрони бо вафояш ба ҳамроҳи бозмондагони ҳодисаи Карбало ба асорат бурда шуданд, аммо дар ҳамин асорат, бо хутбаҳои пуршӯру ва мантиқӣ, моҳияти паст ва фосиди Бани Уммаяро ифшо карданд.

Наҳзати хунини имом Ҳусейн (а) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб (а) дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати фосиди Язид, аҳдоф ва фалсафаи қиёми имом Ҳусейн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Ҳазрати Зайнаб (а) дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ ва яку нимсол пас аз ҳодисаи Ошӯро дори дунёро видоъ гуфтанд.

Ҳазрати Зайнаб набераи арҷманди Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва духтари гиромии ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро, хоҳари муҳтарами имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало дар понздаҳуми моҳи Раҷаби соли 62 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар синни 53 солагӣ ба раҳмати Худо рафтанд. Солрӯзи вафоти ҷонсӯзи паёмовари Карбало ва парчамдори қиёми Ошӯро ва эҳёгари аҳдофу ормонҳои имом Ҳусейн сайидушшуҳадо ҳазрати Зайнаби Куброро ба ҳамаи мусулмонон ва ошиқони хонадони Расули Акрам таслият мегӯем. Дуруду саломи Худованд бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад бод!

Сабрро маънову мафҳуме ба номи Зайнаб аст
Эҳтироми ишқ ҳам аз эҳтироми Зайнаб аст

Доварӣ бингар, ки дар бедодгоҳи шаҳри Шом
Бо Ҳусайн ҳамдаст гаштан иттиҳоми Зайнаб аст

Муштро карда гиреҳ дар лаҳзаи ҳассос гуфт:
Ин Ҳусейн, фармондеҳи олам, имоми Зайнаб аст

Гуфт душман, гаштаед мағлуб бо хости Худо
“Ҷуз ҷамоли Ҳақ надидам”, ин каломи Зайнаб аст

Нест нобудӣ барои ҳақ, барои аҳли ҳақ
Зикри хайру растагориҳо давоми Зайнаб аст

Бешараф бо Хайзарон мезад ба лабҳои Ҳусайн
Мастӣ пирӯзӣ ба фикри интиқоми Зайнаб аст

Гарчӣ душман хешро пирӯзи майдон хонда буд
То қиёмат нусрату раҳмат ба коми Зайнаб аст

Дар раҳи Ҳақ то дами охир бимонед пойдор
Бо шаҳодат, бо асорат, ин паёми Зайнаб аст

Бо ҷиҳоди хеш кардан доимо бо иқтидор
Фошу расвои риёкорон мароми Зайнаб аст

Дар раҳи Қуръону Ислом ҷонфишонӣ иззат аст
Шӯҳрати хуни Ҳусейнӣ бо қиёми Зайнаб аст

Сабр ҳам шармандаи мардонагияш гаштааст
Шукр бар лаб аз ризои Ҳақ мақоми Зайнаб аст

Медиҳам бо ифтихор имрӯз бар Зайнаб салом
Неъмати нуру ҳидоят аз саломи Зайнаб аст

вафотИмом ҲусейнкарбалореҳлатШом
Comments (0)
Add Comment