Чаро вақтгузаронӣ бо хонавода аҳамият дорад?

 

Ҳар чӣ сини шумо бештар шавад мутаваҷҷеҳ мешавед, ки умр ба суръат дар ҳоли сипарӣ шудан аст. Ба ҳамин далел вақтгузаронӣ бо хонавода яке аз лаззатбахштарин корҳое аст, ки дар дунёи имрӯз набояд ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад.

Имрӯза навҷавонон ниёз ба муҳити гарм ва самимии хонаводагӣ доранд. Муҳите, ки бо лаззат дар он ҳузур дошта бошанд. Ин масъала кумак мекунад аз бисёре аз осебҳои иҷтимоӣ дар амон бимонанд.

 Аҳамияти вақтгузаронӣ бо хонавода

Таҳқиқоти зиёде дар хусуси аҳамияти вақт гузаронӣ бо хонавода анҷом шудааст. Кӯдаконе, ки дар як хонавода бо фарҳанги хонаводагии қавӣ ва мусбат дар имтиҳонот амалкарди беҳтаре доранд. Эҳсоси амният мекунанд ва дар замони бурузи ҳар мушкиле ба волидайни худ руҷуъ мекунанд.

Надоштани сохтори муносиб барои вақтҳои хонаводагӣ боис мешавад фарзандон хотироти хубе аз даврони кӯдакии худ надошта бошанд ва танҳо тасвире аз охири ҳафтаҳои касилкунанда дар зеҳни онҳо бимонад.

Падару модар бояд барои эҷоди вақтҳои шоди хонаводагӣ барномарезӣ дошта бошанд ва рӯйи ҳамкорӣ ва назари фарзандон низ ҳисоб боз кунанд.

 Идеаҳое барои вақт гузаронӣ бо хонавода

Охири ҳафтаҳо беҳтарин замон барои барномарезии давриҳам будани хонаводагӣ аст. Чанд маврид аз фаъолиятҳои пуртарафдори хонаводагӣ иборатанд аз:

 Бозии шаб

Интихоби як бозӣ монанди бозиҳои фикрии мухталиф барои шабҳои хонаводагӣ бисёр лаззатбахш аст ва хотираи хубе дар зеҳни кудакон ба ҷо мегузорад.

 Ғизо пухтан бо кумаки ҳамдигар

Мушорикат додани фарзандон дар пухти ғизо боиси тавонманд созии онҳо ва алоқаманд карданашон ба ғизо хӯрдан мешавад. Бо ин ки тамоми заҳамати пухтани як ғизои хушмаза ба дӯши модар нест.

  Табдил кардани назофти хона ба як бозӣ дар охири ҳафтаҳо

Асосан бозиҳое, ки кудаконро дар анҷоми корҳо мушорикат диҳад метавонанд аз онҳо афроди мустақил ва тавонманд бисозад. Шумо метавонед дар субҳи рӯзи таътили охири ҳафта як оҳанг энергибахшро ба салиқаи худ дар хона пахш кунед ва аз ҳар яке аз аъзо бихоҳед кореро дар ҷиҳати назофти хона ва омода созии субҳона анҷом диҳад ва бо таъйини мусобиқаи суръатӣ ва ғ. онро шодибахш кунед.

 Тағйири фазо

Бо барномарезӣ барои рафтан ба синамо ё парк ва бо тағйири фазои ҳузури канори ҳамдигар метавонед хотироти хушеро дар зеҳни аъзои хонавода сабт кунед. Метавонед асронаи дилпазире барои рӯзи таътил тадорук бибинед ва дар берун аз хона бо хонавода майл кунед. Зимнан аз бозиҳои фазои боз ва паркҳо низ метавонед истифода кунед то кудакон ба ин эҳсос бирасанд, ки дар канори хонавода ҳамвора ширинтарин хотиротро хоҳанд дошт.

аҳамиятбозӣвақткузаронӣназофаттағирхонаводахотира
Comments (0)
Add Comment