Тафовут оре, табъиз ҳаргиз
Табъиз ва тафовут ду вожаи наздиканд, вале бо ҳам фарқ доранд. Табъиз ба ин маъност, ки дар миёни афроде, ки нисбат ба ҳамдигар яксон ҳастанд, бедалел як ё чанд нафареро беҳтар бидонем, вале тафовут иборат аст аз беҳтар донистани шоистагон. Яъне дар миёни фарзандон касе ҳаст, ки хусусияти хуберо дорад, ки дигар фарзандон надоранд ва онро аз дигарон беҳтар бидонем. Дар равиши тарбиятии имом Козим(а) табъиз манъ шуда ва тафовут иҷоза дода шудааст.
Табъиз миёни фарзандон тухми кина ва ихтилоф ва бадбинӣ ба волидайнро дар дили кӯдакон мепошад. Имом Козим(а) аз падаронаш чунин нақл мекунад: Марде яке аз ду фарзандашро бӯсид ва дигареро раҳо кард. Расули Худо(с) бо нороҳатӣ фармуд: Чаро байни онҳо баробар рафтор намекунӣ?
Тафовут ниҳодан миёни фарзандон кори бисёр нозук ва ҳассос аст ва ниёз ба диққати зиёд дорад; Зеро мумкин аст фарзандон хаёл кунанд байнашон табъиз қоил ҳастӣ.
Пас волидайн ба мавориди зер диққат дошта бошанд :
1- Ҳангоми тафовут ниҳодан миёни фарзандон, ба тавре рафтор кунанд, ки касе онро табъиз ба шумор наоварад.
2- Диққат кунанд, хусусиятеро ки сабаби беҳтар будани яке бар дигарон шудааст, ошкор кунанд, ки дар ин сурат низ ном бурдани он бояд бо эҳтиёт анҷом шавад.
3- Дар сурати имкон, хусусияти фарзанди бартарро, бо ибороти созанда, баён кунанд.
Имом Козим(а) дар ҷоҳое ҳазрати Ризо(а)-ро бар дигарон болотар медонист, ӯро улгу ва сармашқи дигар фарзандон муаррифӣ мекард ва ҷиҳати бетарбуданаш бар дигаронро ошкор месохт. Исҳоқ ибни Мӯсо(а) мегӯяд: Имом Козим(а) ба фарзандонаш мефармуд: «Бародаратон Алӣ(а) донишманди оли Муҳаммад(с) аст, дар бораи динатон аз ӯ бипурсед ва ончи баён мекунад, ба хотир бисупоред.
Табъизи ҷинсиятӣ (байни духтару писар) ё табъизи миёни фарзандон сабаби осеб расидан ба қувваи халлоқияти онон мешавад.
Бисёре аз волидайн огоҳона ё ноогоҳона бо табъиз қоил шудан миёни фарзандон сабаби ихтилоф байн онон ва дилсардӣ аз зиндагӣ мешаванд. Табъиз дар рафтор бо хатоҳо ва иштибоҳоти фарзандон аз даст додани худбоварии онон мешавад. Фарқи зиёд қоил шудани миёни духтар ва писар, яке аз чизҳое аст ки пеши роҳи халлоқият ва ҳар гуна пешрафту навоварии онҳоро дар оила мегирад. Рафторҳои носанҷида, ғайри дақиқ ва табъизомези волидайн дар миёни кӯдаконашон, хоста ва ё нохоста дар рафторҳои фарзандонашон таъсир мегузорад. Сабаби ба вуҷуд омадани ҳасодат байни онҳо мешавад. Аз ин рӯ, Ислом ба барқарории адолат байни фарзандон тавсия мекунад. Бо таваллуди навзод дар хонавода, фарзанди аввал, ки маҳбуби ҳамагон буд, дучори навъе ҳасодат мешавад. Ӯ фикр мекунад бо омадани шахси дигар ҷойгоҳашро аз даст додааст. Волидайни доно бояд дар ин вақт бо таваҷҷуҳи бештар ба фарзанди бузургтар, ин мушкилро бартараф кунанд. Ӯро ба танҳоӣ ба парк ё ҳар макони тафреҳии дигар бибаранд ва бо рафтор ва суханони муносиб ба ӯ бифаҳмонанд, ки расидагии бештар ба фарзанди дувум танҳо ба ин далел аст, ки ӯ кӯчак ва нотавон буда ва аз ӯҳдаи корҳояш намебарояд. Додани масъулиятҳои кӯчаки навзод ба фарзанди аввал метавонад ҳасодаташро кам кунад.
Дар идома ба натиҷаи рафторҳои табъизомези волидайн нисбат ба фарзандон ишора дорем:
1- Кинатӯзӣ ва интиқом:
Таваҷҷуҳи волидайн ба яке аз фарзандон боис мешавад, ки яке, нисбат ба дигарӣ ва волидайнаш нафрат ва кина пайдо карда ва дар фикри интиқомҷӯӣ барояд. бинобарин табдил ба шахси хашмгин ва асабонӣ мешавад, ки дар пайи баҳона аст. Фарди хашмнок бар асари рафторҳои нописанд ва нодуруст, аз ҷомеа ронда шуда ва ба фарди гӯшагир табдил мешавад.
2- Аз даст додани худбоварӣ:
Эътимод ба нафс (худбоварӣ), муҳиммтарин ҳолати отифӣ барои рушди комили шахсият аст. Агар фарзанде дар даврони кӯдакӣ муваффақ ба касби он нашуд, эътимод ба нафс ҷойи худро ба ҳисси ҳақорат, худпастбинӣ ва шикастхурдагӣ медиҳад. Табъиз байни фарзандон аз тарафи волидайн ҳиси нотавонӣ ва надоштани худбоварӣ дар фарзанд ба вуҷуд меоварад ва ноумед мешавад.
3- Эҷоди фосила:
Табъиз дар байни фарзандон аз тарафи волидайн боис мешавад, ки фарзанд эҳсос кунад, падар ва модараш ӯро дӯст надоранд. Аз ин ҷиҳат саъй мекунад зиёд ҳамроҳи волидайни худ набошад то камтар дида шавад ва мавриди сарзаниш қарор нагирад. Ҳар рӯз фосилаи ӯ бо волидайнаш бештар мешавад. Бинобарин фарзанд барои ёфтани паноҳгоҳ барои муҳаббат ва дӯстӣ ҷое ғайр аз хонавода ва волидайнро ҷустуҷӯ мекунад. Волидайн бояд огоҳ бошанд, ки эҷоди фосилаи онон ва фарзандонашон бо вуҷуди ин, ки дар як хона ҳастанд, чӣ оқибати баде барои фарзандони онон дорад. Пас набояд иҷозаи ҳеҷгуна фосилаеро бидиҳанд ва дӯстони хубе барои фарзандонашон бошанд.