Чигуна Худоро ибодат кунем? “1”

Чаро ибодати Худоро мекунем?

Фалсафаи офариниши инсон, бандагӣ ва ибодат аст. Ин каломи сареҳи илоҳӣ дар Қуръони Карим аст, ки мефрмояд:

و ما خلقت الجن و الانس الا ليعبدون

“Ҷинну инсро ҷуз барои парастишу бандагии худ нёфаридам”. (сураи Зориёт, 56)

Ин ҳикмату ҳадафи воло сарлавҳаи ҳамаи паёмбарони илоҳӣ ҳам будааст. Дар Қуръон мехонем:

و لقد بعثنا فى کل امه رسولا ان اعبدوا الله واجتنبوا الطاغوت

 “Дар ҳар уммат паёмбаре барангехтем, ки (ба мардум бигӯянд) бандаи Худо бошед ва аз тоғут безорӣ ҷӯед”. (сураи Наҳл, 36)

Ногуфта намонд, ки ин бандагӣ кардан, суде ба Худо намерсонад балки мояи иззату саодати худи инсон аст ва Худованд комилан бениёз:

Ман накардам халқ то суде кунам

балки то бар бандагон ҷуде кунам

решаҳои ибодат

  1. Азамати Худо

Бархурд бо як шахсияти барҷаста инсонро ба тавозӯъ водор мекунад, дидор бо як донишманди бузург одамро ба такриму эҳтиром водор месозад, чунки инсон дар баробари азамату дониш он шахсияту ин донишманд, худро кӯчаку камсавод мебинад. Худованд маншаи тамоми азамату бузургӣ аст. Шинохти Худо ва азамату бузургияш инсони нотавону ҳақирро ба таъзим дар баробари Ӯ водор мекунад.

  1. Эҳсоси ниёз ва вобастагӣ

Инсон оҷизу ниёзманду нотавон аст ва Худованд дар авҷи бениёзӣ аст ва риштаи тамоми корҳои инсонро дар ихтиёр дорад. Ин ҳам омиле аст, ки инсон дар баробари Худованд «бандагӣ» кунад.

  1. Сипоси неъмат

Таваҷҷӯҳ ба неъматҳои беҳисобу фаровоне, ки аз ҳар сӯ ва дар ҳар замина моро иҳота кардааст қавитарин ангезаро барои парастиши Парвардигор эҷод мекунад. Неъматҳое, ки ҳатто пеш аз таваллуд оғоз мешавад ва дар давоми зиндагӣ ҳамроҳ мост ва дар охират ҳам (агар лоиқ бошем) аз он баҳраманд хоҳем шуд. Қуръон ба ин нукта ишора карда ва ба мардуми замони Паёмбар (с) мефрмояд:

فليعبدوا رب هذا البيت الذى اطعمهم من جوع و ءامنهم من خوف

“Бояд худои Каъбаро ибодат кунанд, Худое, ки ононро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарс эмин сохт”. (сураи Қурайш, 3)

  1. Фитрат

Дар сиришти инсон парастишу ниёиш вуҷуд дорад. Агар ба маъбуди ҳақиқӣ даст ёфт, ки камол матлуб ҳамин аст ва агар ба инҳироф ва бероҳа дучор шуд, ба парастиш маъбудҳои ботил мепардозад.

бутпарастӣ, моҳу хуршедпарастӣ, гӯсолаву говпарастӣ намунаҳои инҳирофӣ аст, ки вуҷуд дорад, касоне ҳам пулу мақому ҳамсару мошин ва медал ва дигар чизҳоро мепарастанд.

Паёмбарон омаданд, ки фитратро дар масири ҳақ ҳидоят кунанд ва инсонро аз ибодатҳои нодуруст наҷот бахшанд. Ҳазрати Алӣ (а) дар мавриди биъсати Расули Худо (с) мефрмояд:

فبعث الله محمدا بالحق ليخرج عباده من عباده الاوثان الى عبادته

“Худованд Муҳаммадро барангехт, то бандгонашро аз бутпарастӣ ба худопарастӣ даъват кунад”.

Рӯҳи ибодат дар фитрати инсон нуҳуфтааст ва агар дуруст идора нашавад ба ибодат буту тоғут мегарояд ҳамчун майл ба ғизо, ки дар ҳар кӯдаке ҳаст, вале агар роҳнамоӣ нашавад кӯдак хок мехӯрад ва лаззат ҳам мебарад. Бидуни ҳидояти саҳеҳ ин гароиши фитрӣ ҳам инсон ба ишқҳои зудгузар ё парастишҳои бенатиҷа ва инҳирофӣ дучор мешавад.

Чигуна ибодат кунем?

Магар интавр нест, ки нишоне ҳар хонарро бояд аз соҳиби хона гирифт? Ва магар интавр нест, ки дар ҳар зиёфату меҳмонӣ бояд назар мизбонро риоя кард? Ибодат, ҳузур дар баробари офаридагор аст ва нишастан бар сари дастархони маънавӣ, ки ӯ барои «бандагони» худ фароҳам кардааст.

Пас чигуна ибодатро ҳам аз Ӯ бояд фаро гирифт ва ба дастури Ӯ амал кард ва дид, ки Ӯ чӣ чизеро ибодат дониста ва ибодатро ба чӣ сурат аз мо талабидааст? Ғайр аз шакли зоҳирии ибодот бахусус намоз, ки бештар дар чигунаги он сухан меравад, муҳтавои ибодатро бояд аз диди бузургони дину матни мактаб шинохт ва ба кор баст. Беҳтарин ибодатҳо он аст, ки:

  1. Огоҳона бошад

Ду ракъат намози инсони огоҳу доно аз ҳафтод ракъат намози шахси нодон бартар аст ва ибодаткунандаи ноогоҳ ҳамчун хари осёб аст, ки мечархад вале пеш намеравад.

Имом Содиқ(а) мефрмояд: касе, ки ду ракъат намоз бихонад ва бидонад бо чӣ касе сухан мегӯяд гуноҳонаш бахшида мешавад. Дар ин сурат аст, ки намоз меъроҷи рӯҳ мешавад ва омили боздорнда аз фасод ва сабаби наздик шудан ба Худо мегардад.

.2 Ошиқона бошад

Ончи, ки сабаби нишоти рӯҳ дар ибодат мешавад ва ибодаткунанда аз парастиш лаззат мебарад ишқ ба Худо ва шавқ ба гуфтугӯи бо Ӯ аст.

Ибодатҳои берӯҳ ва аз рӯи танбалӣ ва сустӣ нишонаи надоштани шавқи ниёиш бо Парвардигор аст. Дар дуо мехонем:

و اجعل نشاطى فى عبادتک

 “Худовандо! нишоти маро дар ибодати худат қарор бидеҳ”.

Ононе, ки аз ибодат лаззат намебранд ҳамчун бемороне ҳастанд, ки аз ғизои хуштаъм лаззат намебранд. Агар ин шавқу ишқ бошад дигар чандон ниёзе ба ташвеқу эҷоди ангезаи берунӣ нест, балки ангезаи дарунӣ инсонро ба ибодат таклиф мекунад ва онгуна, ки барои дидори шахсияти маъруфу маҳбуб лаҳзашуморӣ мекунем ва аз он дидор хурсанд мешавем аз ибодат ҳам ба ваҷду нишот меоем.

барои ошиқон шунидани садои «азон» эъломи фаро расидани лаҳзаи дидор аст. Паёмбари Худо(с) ба Билол мефармуд:

ارحنا يا بلال

“Эй Билол! моро аз ғаму талхӣ наҷот бахш”. Ин шавқи беҳадду андозаи он ҳазратро ба намоз маълум мегардонад.

ибодати Худопарастишфитрат
Comments (0)
Add Comment