Зирак шудани кӯдак дар ҳангоми ҳомиладорӣ

Яке аз нигарониҳои ҳамаи занони ҳомиладор донову зирак шудани кӯдакон аст. Онҳо аксар вақт дар пайи роҳкорҳои гуногуне ҳастанд то битавонанд навзоде ба дунё оваранд, ки зирак бошад.

Омилҳои бисёр зиёде вуҷуд дорад, ки дар зирак шудани ҷанин таъсир мегузорад. Аммо дар ҳолати куллӣ, масоили ирсӣ дар ин замина бетаъсир нест.

Маводи ғизоии зарурӣ барои шаклгирии мағзи ҷанин

Ҳуҷайраҳои мағзи ҷанин то замоне, ки по ба дунё нагузорад, дар ҳоли рушду шаклгирӣ ҳастанд. Эҷоду тавсеаи беҳтари мағзи навзоди шумо дар раҳими модар дар гарави омилҳои мутааддиде аз ҷумла масрафи маводи ғизоии зарурӣ мебошад, ки дар зер номбар мекунем:

  • Протеин
  • Кислотаи фолий
  • Оҳан
  • Рой
  • Йод
  • Коллин
  • Кислотаҳои равғании Омега 3 ва 6
  • Витамини А
  • Витамини D
  • Витамини B6
  • Витамини B12

Чӣ чизе бихӯрем то ҷанин зираку доно шавад?

Мутмаиннан баъд аз шинохти маводи ғизоии зарурӣ барои рушди мағзи ҷанин, ин саволҳо дар зеҳни шумо ба вуҷуд меояд, ки чӣ чизе бихӯрем то дар боҳуш шудани ҷанини худ таъсир бигзорем? Ин маводи зарурӣ дар чи ғизоҳое ёфт мешаванд?

Дар посух ба ин саволҳо, чанд намуна аз хӯрокиҳои муфидро, ки барои боҳуш шудани ҷанин беҳтар аст дар барномаи ғизоии хонумҳои бордор қарор бигирад, муаррифӣ мекунем:

  1. тухм
  2. озодмоҳӣ
  3. шир
  4. ладан
  5. муруди ҷангалӣ ё тути заминӣ
  6. Исфанаҷот
  7. мағзу чормағз

Чӣ бояд кард, ки навзодамон боҳуш шавад?

Риояти як режими ғизоии бисёр муносибу саҳеҳро наметавон танҳо роҳкори афзоиши ҳуши ҷанин муаррифӣ кард. Чун модарони бордор метавонанд бо анҷом додани корҳои гуногун, дар ростои ин ҳадаф гом бардоранд. Ин корҳо иборат ҳастанд аз:

Сӯҳбат кардан бо ҷанин

Яке аз корҳое, ки бисёр ба хонумҳои бордор тавсия мешавад ва таъсири фаровоне дар боҳуш шудани ҷанин дорад, сӯҳбат бо ҷанин аст. Ағлаб ба иштибоҳ фикр мекунанд, ки сӯҳбат кардан бо ҷанин кори беҳудае хоҳад буд ё анҷоми он дар зеҳни дигарон мумкин аст фикрҳои ғалате ба вуҷуд оварад.

Кӯдак аз ҳамон даврони ҷанинӣ, қудрати фаҳмидани иттифоқҳо, садоҳо ва мавридҳои дигарро дорад; бинобар ин агар мехоҳед навзоди боҳуше ба дунё оваред, ҳатман соате аз рӯзро ба суҳбат кардан бо ӯ ихтисос диҳед.

Хондани китоб барои ҷанин бо садои баланд, сӯҳбат аз иттифоқҳои рӯзона ва анҷоми корҳои ба монани он, боиси омодагии бештари ҷанин барои вуруд ба ин дунё хоҳад шуд.

Гӯш додан ба мусиқӣ

Тибқи оморҳои мавҷуд, мусиқӣ ва нетҳои он таъсири зиёдӣ бар парвариши ҳушу халлоқияти кӯдак дорад. Пас беҳтар аст аз ҳамон даврони ҷанинӣ, бо гӯш додан ба мусиқиҳои орому классик бидуни гӯшмонак, ба тақвияти ҳуши ҷанин кумак кунед.

Ошноӣ ва шинохти мусиқиҳои мухталиф дар даврони ҷанинӣ боис мешавад кӯдак ба ҳуши фавқулодда болое даст ёбад.

Кам кардани шиддати стресс

Стресс яке аз омилҳои монеъ шавандаи рушду шаклгирии саҳеҳи мағзи ҷанин мебошад; бинобар ин то ҷое, ки мумкин аст аз он дурӣ кунед. Роҳкорҳои мухталифӣ вуҷуд дорад, ки боиси коҳиши стресс шумо мешавад ва гӯш додан ба мусиқӣ ва варзиш аз ҷумлаи содатарин роҳкорҳо мебошанд.

Асари манфии стресс рӯи шахсияти кӯдак ва тавсеаи ҳуҷайраҳои мағзии ӯ боис шудааст то беш аз ҳар чизе, мавриди таваҷҷуҳи модарони бордор қарор гирад. Ба ҳамин хотир бештари онҳо барои кумак ба боҳуш шудани ҷанини худ бояд саъй кунанд давраи бордории худро дар муҳитҳое бо камтарин нигаронӣ пушти сар кунанд.

Оё хондани Қуръон боиси зебо шудани ҷанин мешавад?

Аз қадим дар миёни мусулмонон ривоҷ доштааст, ки сураҳое аз Қуръонро қироат кунанд то навзоди зебову хушчеҳра ба дунё оваранд.

Аз ҷумла сураҳое, ки боиси зебоии ҷанин мешавад, сураи Юсуф аст. Тибқи ақоиди уламои Ислом агар сураи Юсуфро бар себ ё себи беҳ бихонеду онро мбихӯред, соҳиби навзоди зебое мешавад. Ҳамчунин хондани сураи Юсуф тавассути падар бар шиками модар дар ҳангоми бордорӣ, таъсироти мусбате бар зебоии навзод хоҳад дошт.

Яке дигар аз сураҳои Қуръон, сураи Ёсин аст. Таъсири сураи Ёсин аз сӯи бобоҳою бибиҳо таъид шудааст. Пас агар мехоҳед ҷанини шумо зебо шавад, беҳтар аст сураи Ёсинро монанди Юсуф бар яке аз ду меваи гуфта шуда бихонед ва онро бихӯред.

Comments (0)
Add Comment