Паёмбар (с) фармуд: «Чунин магӯед. Агар ӯ барои худ талош мекунад, то худро аз мардум бениёз кунад ва назди онон даст дароз накунад, дар роҳи Худо кор мекунад. Агар барои падару модари нотавон ва ё фарзандони нотавони хеш талош мекунад, то ононро бениёз ва зиндагияшонро идора кунад, кори ӯ дар роҳи Худост, вале агар барои сарватандўзию фахрфурўшӣ талош мекунад, кори ў дар роҳи шайтон аст».
Миёнаравӣ дар ибодат
Паёмбар (с): Ба ростӣ, ки ин дин устувор аст. Пас бо мудоро ба он дароед. Ибодати Худоро назди бандагонаш ногувор масозед, то монанди саворкори навёдгир шавед, ки на роҳе паймуда ва на маркабе боқӣ гузоридааст.