Маънои ибодати Худо

94

Ал-маҳаҷҷат-ул-байзо: Рӯзе Паёмбар (с) дар миёни ёрони худ нишаста буд. Чашмаш ба ҷавони чолоку нерӯманде афтод, ки аз пагоҳ кор мекард. Ёрон гуфтанд: Вой бар ӯ! Чӣ мешуд агар ҷавонию чолокияш дар роҳи Худо мебуд?

Паёмбар (с) фармуд: «Чунин магӯед. Агар ӯ барои худ талош мекунад, то худро аз мардум бениёз кунад ва назди онон даст дароз накунад, дар роҳи Худо кор мекунад. Агар барои падару модари нотавон ва ё фарзандони нотавони хеш талош мекунад, то ононро бениёз ва зиндагияшонро идора кунад, кори ӯ дар роҳи Худост, вале агар барои сарватандўзию фахрфурўшӣ талош мекунад, кори ў дар роҳи шайтон аст».

Миёнаравӣ дар ибодат

Паёмбар (с): Ба ростӣ, ки ин дин устувор аст. Пас бо мудоро ба он дароед. Ибодати Худоро назди бандагонаш ногувор масозед, то монанди саворкори навёдгир шавед, ки на роҳе паймуда ва на маркабе боқӣ гузоридааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.