Имтиҳони осон бо чанд роҳи содда (1)

37

Барои инки аз имтиҳонҳо натиҷаи беҳтар бигиред , беҳтар аст муаллими худатон бошед , ба омодагии ҷисмӣ ва рӯҳиятон таваҷҷуҳ кунед ва диққату тамаркузатонро боло бубаред.

Маҳоратҳои мутолиа, барномарезии дарсӣ, имтиҳонот, хонавода, дониши амузон, хонаводадорӣ, навҷавон; фасли имтиҳонҳо фаро мерасад ва донишомузон машғули дарс хондан ва гирифтани натиҷаи талошашон ҳастанд. Бархе аз донишомӯзон метавонанд натоиҷи дилхоҳи худ ва хонаводашонро бигиранд ва бархе дигар наметавонанд ва ноумед мешаванд. Аммо воқеъи иллати ин масъала чист? Чӣ иттифоқе меафтад, ки бархе донишомӯзон нумраҳои беҳтареро нисбат ба бархе дигар касб мекунанд. Донишомӯзоне, ки маҳоратҳои мутолиа ва барномарезии дарсиро медонанд, беҳтар метавонанд дарс бихонанд ва дар натиҷа муваффақияти лозимро ҳам касб мекунанд.

Барои инки битавонед имтиҳонҳоро бомуваффақият пушти сар бигузоред ва бо камтарин изтироб дар ҷаласа ҳозир шавед ва бештарин натиҷаро бигиред, беҳтар аст то интиҳои аин мақола моро ҳамроҳӣ кунед.

Барои худтон муаллим бошед

Барои дарс хондан дар шабҳои қабл аз имтиҳон, беҳтар аст худатонро дар ҷойгоҳи як муаллим бигузоред. Бубинед агар муаллим бошед кадом қисмат аз дарс муҳим аст ва нуктаҳои муҳимро мушаххас кунед. Агар муаллим бошед чӣ саволотеро дар он баҳс тарҳ мекунед? Он саволотро ҳам бинависед. Дар ниҳоят баҳсҳои марбутаро тадрис кунед. Тасаввур кунед, ки донишомӯзон дар канори шумо нишастаанд ва ба тадриси шумо гӯш медиҳанд.

Ёдгирӣ ё тасбити омӯхтаҳо?

Мутолиа кардан дар шабҳои қабл аз имтиҳон набояд ба маънои ёдгирии матолиби ҷадид бошад балки шумо бояд аз қабл ва дар тӯли сол таҳсилии шумо бояд аз қабл ва дар тӯли соли таҳсилӣ баҳсҳои тадрисшударо мутолиа кунед ва ёд бигиред ва дар шаби қабл аз имтиҳон фақат ба ёдоварии мутолиаи ёд гирифташуда бипардозед.

Баҳсҳои тадрисшударо мутолиа кунед ва ёд бигиред ва дар шаби қабл аз имтиҳон фақат ба ёдоварии мутолиа ёд гирифташуда бипардозед. Яке аз далоиле, ки нисбат ба ин мабҳас метавон гуфт ин аст, ки дар шаби имтиҳон ҳаҷми матолиб ва изтироби шумо боло мебошад ва ҳамин масъала монеъ аз ин мешавад, ки битавонед роҳат ба ёдгирии матолиби ҷадид бипардозед.

Ҳамроҳхонӣ дошта бошед

Ҳангоме, ки мехоҳед матлаби ҷадидеро ёд бигиред ҳатман аз рӯи нуктаҳое, ки муаллиматон дар дарс ёд додааст ҳам мутолиа кунед. Ин кор ба шумо кумак мекунад, ки матолибро беҳтар ёд бигиред. Агар барои дарсе, нуктаҳои муаллиматонро надоштед, аз китобҳои кумакдарсӣ истифода кунед.

Омодагии рӯҳӣ ва ҷисмӣ фаромуш нашавад

Мусалламан ҳар чиқадар дар замони имтиҳонҳо ва ба вижа шаби қабл аз имтиҳон, хоб, истироҳат ва тағзияи беҳтаре дошта бошед, омодагии рӯҳӣ ва ҷисмии болотаре ҳам доред. Саъй кунед шаби қабл аз имтиҳон ғизои сабук ва хонагӣ бихӯред ва 8 соат хоби шабонаро ҳам дошта бошед. Хӯрдани субҳонаи муносиб дар субҳи рӯзи имтиҳон ҳам аз шароити лозимии пайдо кардани омодагии ҷисмӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.