Саодати зан аз дидгоҳи Паёмбари Акрам(с)

492

Паёмбари Акрам(с) хайру саодати занро дар чӣ медиданд?

Зан аз дидгоҳи Расули Акрам(с) чӣ ҷойгоҳе дорад?

Занони биҳиштӣ кадом занон ҳастанд?

Ислом, ҳамон гуна ки супориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.

Пайғамбари Акрам (с) дини мустаҳкам ва оини пурмеҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва решакан намуд. Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (ва онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».

Расули Худо (с) фармуданд: «Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ӯ хашм гирад, бигӯяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».
Ва низ фармуданд: Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад:

  1. Шахсеро, ки шавҳараш аз омадани ӯ нороҳат мешавад ба хона роҳ надиҳад;
  2. Бе ризояти шавҳар аз хона берун наравад;
  3. Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд;
  4. Аз шавҳар дурӣ накунад;
  5. Шавҳарро назанад;
  6. Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сӯи ӯ рафта ӯро аз худ розӣ намояд.

Пас агар шавҳар аз ӯ розӣ шуд, Худо ҳам аз ӯ розӣ шуда ва узри ӯро мепазирад ва гуноҳе барояш наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ӯ розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.

Расули Акрам(с) фармуданд: «Агар зане намозҳои панҷгонаро ба ҷо оварад ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат намояд, аз ҳар даре, ки бихоҳад вориди биҳишт мешавад».

Дар хабар аст, ки агар зане аз аҳолии биҳишт бар аҳли замин рух бинамояд, тамоми дунёро равшан ва муаттар мекунад. Ҳазрати Алӣ (к) аз Расули Акрам (с) нақл карда, ки фармуданд: «Дар биҳишт маҳалле барои ҷамъ шудани ҳурулъайн (занони биҳиштӣ ғайр аз ҷинси инсон) мебошад, ки бо садои бисёр зебое, ки монанди он шунида нашуда, овозхонӣ мекунанд ва мегӯянд: Мо ҷовидонаем ва аз байн намеравем. Хушбархурду розӣ ҳастем ва ҳаргиз хашму ғазаб надорем. Хушо ба ҳоли он, ки мо барои ӯ ва ӯ барои мо бошад».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.