Васвоси вайронгар!

254

Яке аз муъзалоти бузурге, ки мутаасифона боиси эҷоди талхӣ дар зиндагиҳои шахсӣ ва хонаводагии бисёре шудааст, таваҷҷуҳ ва амал кардан ба васвос аст. Бояд донист, ки таваҷҷуҳ ба васвос осори бади зиёде дорад, ки ҳатто мумкин аст инсонро барои ҳамеша аз доираи имон ва зиндагии солим берун созад!

Васвосро дар як нигоҳ метавон навъе таваҷҷуҳи хос ва беш аз ҳад дар коре донист, ки дар зеҳн ва ё амал, инсонро дучори мушкилоти гуногуне месозад; Дар ин замина матлабе аз марҳуми Кошифулғитоъ дар мавриди осор ва натоиҷи васвос вуҷуд дорад, ки матлаби ҷомее аст. Эшон мефармояд:

«Васвосе, ки дар сураи Нос, Парвардгор ба паноҳ бурдан аз он амр намуд иборат аст аз ҳолате дар инсон, ки монеи субот ва итминон мешавад ва монанди ҷунун аст ва ақсоми мухталифе дорад ва маншаи он ғалабаи ваҳм ва изтироби фикр аст… Васвос аз сифоти мазмумае аст, ки ақл ва шаръ онро мамнуъ шумурдаанд ва бо инки худ, зотан қабеҳ аст омили мафосиди азиме аст:

Аз ҷумлаи ин мафосид ин аст,кӣ:

1- Чун васвосӣ ақида дорад феъли худаш дуруст ва феъли бақия хатост, мумкин аст ин фикр мунҷар ба инкори заруриёти дин ё мазҳаб шавад.

2- Васвос, сабаб мешавад ки инсон ба корҳо ва феъли  Паёмбар(с) ирод бигирад. Ва ин сабаби хуруҷи инсони васвосӣ аз имон мешавад.

3- Чун васвосӣ ба вочиб будан ё мустаҳаб будани феъли худ мекунад ва ин худ маъсият аст.

4- Васвос, ғолибан лозимааш бадгумонӣ ба муслимин аст, то ҷое, ки ҳатто ба уламои омил, бадгумон мешавад ва ҳукм ба наҷосати онҳо ва ботил будани ибодати онҳо менамояд.

5- Барои васвосӣ ҳеҷ азм ва нияте дар ҳеҷ амали хоссе ҳосил намешавад.

6- Гоҳе он қадр як амалро дар намоз такрор мекунад, ки мунҷар ба духул дар феъл ё қавли касир дар намоз шуда ва сурати намозро аз байн мебарад.

7- Дар бисёре аз вақтҳо, ҳаракоте, ки аз васвосӣ содир мешавад сурати ибодатро аз байн мебарад.

8- Дар бисёре аз вақтҳо васвосӣ ҷуръат бар исён пайдо мекунад; Чун воҷиботро дер анҷом медиҳад, зеро машғул шуданаш ба муқаддамот, тӯлонӣ аст; Ё ин, ки дар вақт шак мекунад.

9- Васвос, васвосиро мубтало мекунад ба исроф дар масрафи об.

10- Гоҳ васвосӣ бадани худро бемор мекунад; Ё ба далели истифодаи зиёд аз об ё далоили дигар.

11- Васвосӣ, шайтонро ибодат мекунад ё ин, ки ӯро дар ибодати Худованд шарик мегардонд.

12- Васвосӣ, ба хотири васвосаш аз ихлос дар убудийяти Ҳақ Таоло ва тадаббур дар маонии Қуръонӣ ва ғайри Қуръонӣ маҳрум мешавад.» [1]

Барои дармони ин мушкил, мақолот ва роҳкорҳои мутааддиде баён шуда, ки ҷуяндагони ҳаққ метавонанд ба он муроҷиа дошта бошанд вале метавон тамоми онҳоро дар ин ҷумла хулоса баён кард, ки роҳи дармони ин муъзал «Бетаваҷҷуҳӣ ба шахси васвосӣ ва ба тафаккуроташ» аст.

Пайнавишт:

[1] Кашфулғито, саҳ. 310.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.