Хушунати ҳақиқӣ дар дунёи маҷозӣ

132

Бозиҳои хашини компютерӣ миёни навҷавонон ҳамчунон пуртарафдоранд.

Ҳазор навъ бозии компютерӣ вуҷуд дорад; Бозиҳое, ки дар он бояд аз кӯҳҳо ва сахраҳо гузашт, бозиҳое, ки бояд дар онҳо кек пухт ва рестаранеро мудирият кард, бозиҳое барои баранда шудан дар як мусобиқаи футбол ва пазириши нақши одамҳои машҳур. Хеле аз бозиҳо муфиданд; Мешавад дар онҳо шаҳреро мудирият кард, як кишоварзи моҳир буд ва муҳосиботи дақиқи риёзӣ анҷом дод. Аммо росташро бихоҳед гуё ин ҳама бозии ҷаззоб ва созанда чандон тарафдор надоранд ва ба ҷойи онҳо кудакон бештар меписанданд, ки бикушанд, вайрон кунанд ва аз байн бибаранд. Онҳо мехоҳанд қаҳрамони хашинтарин рақобатҳо бошанд, мусобиқаҳое барои пирӯз шудан, аммо ба ҳар қимате.

Баъзе бозиҳои компютерӣ дар хилвати утоқи кудакон, ҷинояткорони кӯчак мепарваранд.

Ин интизор, ки бозиҳои компютериро аз зиндагӣ кудакони имрӯз ҳазф кунем, интизори ғайримантиқӣ аст. Густардагӣ ва фарогирии ин бозиҳо онқадар зиёд аст, ки дигар бояд онҳоро ҷузъе аз зиндагии насли имрӯз ба ҳисоб овард ва ҷаззобияташон чандон аст, ки ҳатто бузургтарҳо ҳам машғули онҳо ҳастанд. Аммо ҳеҷ нозири кунҷкове нест, ки бо дидани саҳнаҳои хашини баъзе аз ин бозиҳо ба ин фикр наафтад, ки воқеан асари онҳо бар зеҳн ва равони бачаҳо чӣ хоҳад буд?

Бозиҳои аввалия компятерӣ бештар ҷангҳои фазоӣ буданд аммо имрӯза силоҳҳои тарроҳӣ шуда дар бозиҳо, маргбор ва бераҳмонатар амал мекунанд ва убур ба мароҳил болотар ҳар рӯз сахттар мешавад. Бозикунанда аз ибтидои бозӣ бояд бикушад, он ҳам бетараҳҳум, то битавонад ба мароҳили баъдӣ роҳ ёбад. Куштан муҳимтарин ва аввалиятарин роҳи касби имтиёз дар аксари бозиҳои кампютерӣ аст. Садогузории печида ва хашин рӯй ин бозиҳои хушунатбор, даҳшатнокӣ ва қубҳи қазияро кам мекунанд ва сабаби эҷоди тағйироте дар рӯҳ ва равони корбарон мешаванд.

Дидани саҳнаҳои бисёр хашин, асари иҷтинобнопазири худро бар навҷавононе, ки аз ин мароҳил убур мекунанд мегузорад.

Донишмандон ин соҳа ба ин натиҷа расиданд, ки тамошои филмҳои хашин ва ҳамчунин бозиҳои роёнаии хушунатомези ҳамроҳ бо саҳнаҳои тирандозӣ ва куштор боиси ба вуҷуд омадани ҳолате дар афроди 4 то 18 сола мешавад. Афроди мубтало ба ин ноҳанҷорӣ дар муқобили дидани хун ё хунрезӣ бетафовут мешаванд ва ҳатто аз он лаззат мебаранд.

Донишмандони хориҷӣ ҳам дарёфтаанд, ки эҳтимоли даст задан ба рафторҳои пурхатаре монанди масрафи машруботи дорои аркагол ва… Пас аз анҷоми бозиҳои хашини компютерӣ ва видеоӣ дар навҷавонон афзоиш меёбад.

Коршиносон бо таваҷҷуҳ ба истифодаи васеи кӯдакон аз бозиҳои роёнаӣ, ки дар он анвоъ ва ақсоми равишҳо ва абзорҳои истифода аз хушунат ба кӯдакон омӯзиш дода мешавад, нисбат ба истиқболи васеи кудакон аз ин бозиҳо борҳо ҳушдор додаанд.

 Тақлиди хушунат

Дар бештари барномаҳои компютерӣ хушунат бидуни ҷазо боқӣ мемонад. Ин масъала нохудогоҳи кӯдаконро аз осори манфӣ ва авоқиби он беиттилоъ нигаҳ медорад ва онҳоро ба сӯи хушунати бештар суқ медиҳад. Бозиҳои хашинро метавон дар 4 даста хушунати варзишҳои размӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва хушунат барои хушунат тақсимбандӣ кард. Дар ин бозиҳо хушунат фақат ба манзалаи равиш ва роҳи муқобила бо тамоми мушкилоти қаламдод мешавад ва ин навъ бозиҳо ба сурати амалӣ тавоноӣ ва қобилият улгусозӣ ва тақлидро дар миёни кӯдакон фароҳам меоварад. Баъзе бозиҳо, ки дар он саҳнаҳои фаҷее аз куштор ва хунрезӣ дар маърази диди кӯдакон қарор мегирад, дар баъзе кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Англис ба далели улгу гирифтани чанд навҷавон ва бурузи ҷиноят тавассути онҳо бо истифода аз равишҳои ин бозиҳо, мамнуъ шудааст.

Доктор Фарзоди Фурӯтан, равоншинос мегӯяд: Шароити зиндагии имрӯз ба ҳар ҳол хашинтар аз даврони гузаштааст. Дар гузашта дасти кам дар муҳити иҷтимоӣ камтар саҳнаҳои хашин дида мешуд. Имрӯз фазо хашинтар аст ва ин бозиҳо боис мешавад бачаҳо ин хушунатро бо худашон берун биоваранд ва дар равобити худашон бо дигарон истифода кунанд. Ба ҳамин далел аст, ки мебинем кудакон ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ҳар иттифоқи соддае даст ба рафторҳои хашине мезананд, ки аслан бо он иттифоқ ҳамхонӣ надорад.»

Хушунати бемуҳокима

Таҳқиқот нишон дода, як бозии компютерӣ бо саҳнаҳои хашин, тарснок ё шаҳватангез, бисёр беш аз як филми синмоӣ бар кӯдакон ва навҷавонон таъсири манфӣ мегузорад. Филми синмоӣ ниҳоятан дар 120 дақиқа поён меёбад ва мухотаб танҳо як тамошогар ба ҳисоб меояд, аммо дар бозиҳои компютерӣ, кӯдакон узви фаъъол ва аслитарин омили хушунат ба ҳисоб мераванд.

Мумкин аст кӯдакон ва навҷавонон ҳафтаҳо даргири як бозии хашин барои тамом кардани он бошанд. Онҳо барои тай кардани мароҳили бозӣ, маҷбӯранд даст ба ҳар кори хилофи ахлоқӣ бизананд. Ин масъала ба иловаи пешрафти гирофикии ин бозиҳо ҳар падар ва модареро нигарон мекунад. Дар ҳоли ҳозир, бозиҳои се буъдӣ (тридӣ) низ боис мешаванд бозикунанда дар бозӣ бештар ғарқ шавад ва дар дунёи маҷозӣ фурӯ равад. Ин масоил боис мешавад марзи дунёи воқеӣ ва маҷозӣ барои кӯдак чандон мушаххас набошад.

Навҷавонон дар ин бозиҳо ҳам мисли бозиҳои дигар думболи қаҳрамон мегарданд. Бо таваҷҷуҳ ба вежагиҳои хоссе, ки шахсиятҳои ин бозиҳо доранд ва бо таваҷҷуҳ ба тавоноиҳои муҳаййирулъуқули онон кудакон ҳам дӯст доранд чунин тавоноиҳое пайдо кунад. Аммо чун дар ҷаҳони воқеӣ расидан ба чунин тавоноиҳое тақрибан номумкин аст, бинобар ин дар кудакон эҷоди сархӯрдагӣ мекунад ва  худбовариашонро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Интихоби бозиҳо ва назорат бар замони бозии кудакон нақши муҳимме дар кам кардани асари бозиҳои хашин дорад.

Истифода аз бозиҳои компютерӣ дар бештар аз 2 ё 3 бахши 30 дақиқаӣ наметавонад кори саҳеҳе бошад ва истифодаи тӯлонитар метавонад мунҷар ба аворизи мухталиф аз ҷумла дар системаи асабӣ шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.