Ҳамсари шод – хонаводаи шод

66

Оё то кунун аз худ пурсидаед, ки чаро баъзе аз пайвандҳои ошиқона баъд аз издивоҷ, ба ҷудоӣ кашида мешавад ва аз ҳам фурӯ мерезад?

Оё то кунун аз худ пурсидаед, ки чаро баъзе аз зану шавҳарон бо якдигар ҳамдилӣ доранд ва бархе надоранд?

Оё аз худ пурсидаед, ки чӣ гуна мешавад, ки занону шавҳароне, ки ҳамдигарфаҳмӣ доранд, пас аз муддате, ин ҳамдигарфаҳмии онон аз байн меравад ва дар зиндагии муштаркашон бо мушкилот бархӯрд мекунанд?

Оё аз худ пурсидаед, ки чаро занону шавҳароне, ки мегуфтанд, наметавонанд бо ҳам зиндагӣ кунанд, пас аз муддате тавонистаанд, ба хубӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд?

Оё медонед, ки аксари соҳибназарони динӣ, равоншиносон, ҷомеашиносон иллати аслии ихтилофҳои хонаводагӣ ва масоили занушавҳариро сӯитафоҳум ва ҳамдигарнафаҳмии иртибот байни зану шавҳарон зикр кардаанд?

Оё медонед, ки бузургони мо, равоншиносон ва коршиносони умури хонаводо роҳи аслии ҳалли масоили занушавҳарӣ ва расидан ба як хонаводаи мӯътадилро эҷоди тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилӣ зикр кардаанд?

Барои посухгӯӣ ба саволҳои боло бахше аз раҳнамудҳои мутахассисони умури хонавода, равоншиносон, соҳибназарон барои шумо зану шавҳарони ҷавон, занон ва мардони бофазилат, шумо хубоне, ки хоҳони расидан ба як зиндагии идеол, ором, шод ва бомаънавият ҳастед, тақдим мешавад. Умед аст, ки ин қадами кучак, муфиду муассир воқеъ шавад.

Зиндагии ҳамроҳ бо навоварӣ ва таҳаввулу пешрафт

Барои пойдорсозии шодию нишот дар зиндагӣ, бояд зиндагии муштаркамонро ба гунае бисозем, ки дар он, таҳаввул, навоварӣ ва такомулу пешрафт ҷой дошта бошад.

Ҳамеша нисбат ба ҳамсаратон нигоҳатон муттакӣ ба ин се унсур бошад:

а) Ӯро ба унвони фарди боарзиш ва баҳраманд аз каромати инсонӣ бипазиред.

б) Дар ҳамсаратон ин истеъдодро бубинед, ки ӯ метавонад соҳиби рушду камол бишавад; яъне истеъдоди таҳаввулро дар ӯ бубинед.

в) Алоқаманд ба пешрафт ва тараққии ӯ бошед.

Чунин биниш ва нигоҳе дар шахсияти инсон, арсаи зиндагиро ба рӯи навоварӣ мекушояд ва конуни хонаводаро аз заволу фарсоиши тадриҷӣ нигаҳ медорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.