Боварҳои иштибоҳ дар зиндагӣ

206

Зану шавҳар бояд беҳтарин дӯсти ҳамдигар бошанд

Бисёр нафарон бар ин боваранд, ки зану шавҳар бояд беҳтарин дӯсти ҳам бошанд ва тамоми масоили хусусӣ ва мушкилотро ба якдигар бигӯянд; зеро онҳо ҳамсаранд. Агар ба ҳамдигар нагӯянд ба чӣ касе бигӯянд? Агар беҳтарин дӯсти ҳам набошанд чӣ маъно дорад, ки бо ҳам издивоҷ кунанд?!

Пеш аз он ки тасмиме дар бораи дуруст ё нодуруст будани ин бовар бигирем ба панҷ тафовути аслии дӯстӣ ва робитаи заношуӣ таваҷҷуҳ кунем:

  1. Дӯстӣ бо гузашти замони тулонӣ эҷод мешавад ва инсонҳо бо таваҷҷуҳ ба шинохти рафторҳои тарафи муқобил дар мавқеъиятҳои мухталиф, мумкин аст нисбат ба ҳам эҳсоси алоқа ва самимияти бештар ё камтаре дошта бошанд, аммо афрод дар муддати каме бо ҳам ошно мешаванд ва тасмим ба издивоҷ мегиранд. Самимияту дӯстии амиқ чизе нест, ки битавон онро як бора ва бо як тасмим эҷод кард.
  2. Нақши хонавода дар дӯстӣ кам аст ва волидон, нуфузи қобили таваҷҷуҳе бар равобити дӯстонаи мо надоранд, аммо дар издивоҷ ин тавр нест; издивоҷ пайванди ду фард нест пайванди маҷмуае аз хонаводаҳо, дӯстон ва ошноён аст. Мо илова бар интихоби ҳамсар, хонаводаро низ арусдор ё домоддор кардаем. Хостаҳои бузургтарҳоро наметавон нодида гирифт ва ин интихоб, дар зиндагии ҳар ду хонавода таъсиргузор аст.
  3. Дар дӯстӣ тақобули қудрат чандон аҳамияте надорад ва нигарон нестем касе бо фаҳмидани розҳои шахсии мо бихоҳад иқтидорамонро ба чолиш бикашад, аммо дар издивоҷ ин тарс вуҷуд дорад, ки ҳамсари мо бо донистани бархе аз заъфҳои мо, имтиёзгирӣ кунад. Ин нигаронӣ ҳамеша бо ҳамсарон ҳаст, ки агар дар зиндагӣ ба мушкиле рӯбарӯ шуданд тарафи муқобил масоилу мушкилотро ба забон оварда ва ба дунболи сӯиистифода бошад.
  4. Дар дӯстӣ, манъе дар ҷудоӣ нест ва ҳар вақт тазодҳо озордиҳанда шаванд, иртиботи тарафайн худ ба худ қатъ мешавад ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро маҷбур ба мондан дар робита кунад, аммо иҷтинобу дурӣ дар издивоҷ, зиндагиро талх мекунад ва мо маҷбурем тазодҳоро ҳал кунем. Тасмими ҷудоӣ сангинтарин ҳазинаҳои моддӣ ва маънавиро ба дунбол дорад.
  5. Дар дӯстӣ, муҷовирату ҳамроҳии тамому камоле вуҷуд надорад. Мо дар дӯстӣ ба роҳатӣ метавонем баста ба ҳаҷми кору фишорҳои равонӣ, бадахлоқӣ ва рафторҳои бади отифии ҳамдигарро камтар ё бештар бубинем, аммо дар издивоҷ наметавон бо таваҷҷуҳ ба вазъият, масъулиятпазирӣ ва ҳамроҳиро кам ё зиёд кард.

Бо таваҷҷуҳ ба ин тафовутҳо бояд бигӯем агар ҳамсарон, беҳтарин дӯсти ҳамдигар бошанд, олӣ мебошад, аммо иҷборе дар ин бора вуҷуд надорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.