Ду ҳикоят аз Гулистони Саъдӣ

1 331

Ҳикоят

Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд.»

Вақти зарурат чу намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

* * *

Изо яисал-инсону тола лисонуҳу,

Касиннавир мағлубин ясулу алал-калби.

Тарҷумаи байт:

Одамиро ба гоҳи навмедӣ забон дароз гардад,

Чун он гурба, ки ба вақти шикаст бар саг битозад.

Малик пурсид:

— Чӣ мегӯяд?

Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:

— Эй худованд, ҳамегӯяд: Вал-козиминал-ғайз вал-ъофина ъанин-нос (тарҷумааш: Пӯшандагони ғазаб ва бахшояндагони гуноҳи мардум).

Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт.

Вазири дигар, ки бар зидди ӯ буд, гуфт:

— Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.

Малик аз ин сухан рӯй дарҳам овард ва гуфт:

— Маро он дурӯғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хабосате ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғе маслиҳатомез беҳ, ки аз росте фитнаангез.»

Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,

Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.

Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,

Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас!

Макун такя бар мулки дунёву пушт,

Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,

Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

* * *

Ҳикоят

Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктагинро ба хоб чунон дид, ки ҷумла вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуд, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили он фурӯ монданд, магар дарвеше, ки хидмат ба ҷой оварду гуфт: Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст.

Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,

К-аз ҳастияш ба рӯи замин-бар нишон намонд.

В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок,

Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.

Зинда-аст номи фаррухи Нӯшервон ба хайр,

Гарчи басе гузашт, ки Нӯшервон намонд.

Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр

З-он пештар, ки бонг барояд, фалон намонд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.