Кутоҳӣ дар адои қарз

94

 

Замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) марде аз дунё рафт дар ҳоле, ки ду динор қарздор буд, Расули Худо (с)-ро барои намоз хабар карданд, ҳазрат аз намоз хондан бар он майити қарздор худдорӣ карданд. Ва ин амали муҳиммро ба ин хотир тарк карданд то касе ҷуръате барои хӯрдани моли мардум, пайдо накунад.(1)

Абусамома ме‏гӯяд: Бар ҳазрати Ҷавод (а) ворид шудам гӯфтам: Қасди ҳаҷ дорам, аммо аз яке аз афроди мурҷиа қарздорам чӣ дастур медиҳед?

Ҳазрат фармуд:

Бирав дайн (қарз)-атро адо кун, ва иҳтиёт кун Худоро бо бар гардан доштани қарз мулоқот накунӣ (қарздор намирӣ), ба ҳақиқат, ки муъмин хиёнат намекунад! (2)

Таъсири кутоҳӣ дар адои қарз

  1. Адои қарз сабаби тули умр

Ҳазрати Содиқ алайҳиссалом фармуд:

Қарзу дайнро сабук кунед, ки дар сабукии дайн, тӯли умр аст. (3)

  1. Аз ҷумлаи дуздон мегардад:

Ҳазрати Содиқ (а) фармуданд:

Дуздон се нафаранд: Онки аз пардохти закот худдорӣ мекунад, онки хӯрдани маҳри занонро ҳалол дониста ва онро намедиҳад, онки пулеро қарз мегирад ва нияти адои онро надорад.(4)

  1. Гуноҳи роҳзан барояш менависанд

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

Касе, ки нисбат ба адои ҳаққи ҳақдор дер ва сустӣ кунад дар сурате, ки қудрати бар адои он ҳаққро дорад, ҳар рӯз гуноҳи он касе, ки ба ноҳақ ва ба зӯр аз мардум боҷ мегирад бар гардани ӯст.(5)

  1. Шармандаи рӯзи қиёмат гардад

Имом Содиқ алайҳиссалом фармуд:

Эй Юнус! ҳар кас ҳаққи муъминеро ҳабс кунад. Худованд дар қиёмат понсад сол ӯро сари по нигоҳ ме‏дорад то аз арақи ӯ рӯдҳо ҷорӣ шавад, ва як мунодӣ аз ҷонибӣ Худованд фарёд бароварад,кӣ: Ин ҳамон золиме аст, ки ҳаққи муъминро ҳабс кардааст. Имом фармуд: Пас чиҳил сол ӯро тавбих ме‏кунанд ва сипас фармон ме‏диҳанд то ӯро ба оташ бибаранд.(6)

  1. Марҳум шудан аз неъматҳои биҳиштӣ

Ва низ Он ҳазрат фармуд:

Ҳар муъмине монеи муъмине аз расидан ба молаш шавад, дар ҳоле, ки ба он ниёзманд аст, ба Худо қасам аз таоми биҳишт начашад ва аз Раҳиқи махтум (оби гуворои биҳиштӣ) нанушад.(7)

Пайнавиштҳо:

1)- Илалушшароиъ: 2/ 528, боби.312, ҳадиси.6.

2)- Таҳзибулаҳком: 6/ 184, боби.81, ҳадиси. 7; Васоил: 18/ 324, боби.4, ҳадиси.23772.

3)- Мустадракулвасоил: 13/ 387, боби.1, ҳадиси.15680; Амолии, шайх Тӯcӣ: 667, ҳадиси 1396.

4)- Баҳоруланвор: 100/ 146, боби.3, ҳадиси.1; Васоилушшиа: 28/ 293, боб 27, ҳадиси.3799.

5)- Баҳоруланвор: 100/ 146, боби.3, ҳадиси.3; Ман лояҳзурҳул фақиҳ: 4/ 15, ҳадиси 4968.

6)- Баҳоруланвор: 100/ 147, боб 3, ҳадиси.6; Савобулаъмол: 240.

7)- Баҳоруланвор: 100/ 147, боб 3, ҳадиси.7; Савобулаъмол: 240

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.