Кантрол ва тасаллут бар майли ҷинсӣ

63

Яке аз чизҳои муҳим ва зарурӣ дар тарбияти ҷинсӣ пеш аз издивоҷ, шеваҳои кантрол ва тасаллут бар ғаризаи ҷинсӣ аст, ки ба муҳимтарин равишҳои кантроли майли ҷинсӣ ишора мешавад:

1- Рӯзадорӣ  

Паёмбари Ислом (с) мефрмояд: “Эй гурӯҳи ҷавонон ҳар кадом аз шумо, ки қудрати издивоҷ дорад, издивоҷ кунад ва агар дар тавони вай нест, рӯза бигирад; Зеро рӯза шаҳвати ҷинсиро кантрол мекунад”(Cабур Урдубодӣ, саҳ.108)

2- Варзишҳои баданӣ 

Варзишҳои баданӣ назири кӯҳнавардӣ, шино ва ғ… Низ метавонанд инсонро дар муроқибат ва тасаллут бар ин ғариза кумак кунанд.

 3- Риояти ҳудуди шаръӣ

Риояти қонунҳои шаръӣ, аз ҷумла тариқаи сухан гуфтани занон бо мардон аст, ки бояд аз ҷониби занон муроот шавад; Яъне дар такаллум ва сухангӯӣ бо мардон аз худ нармӣ ва ишвагарӣ нишон надиҳанд ва таваҷҷуҳи мардонро ба худ ҷалб накунанд; Балки чунон бо ҷиддият ва қотеъият сухан гӯянд, ки ҳеҷ аломати дилрабоӣ дида нашуд (Каҷбоф, саҳ160)

Масъалаи дигар, таваққуф накардани зану марди номаҳрам дар маҳалли хилват аст. Дар китобҳои аҳком омадааст: Агар мард ва зани номаҳрам дар маҳали хилвате бошанд, ки касе дар он ҷо набошад ва дигаре ҳам натавонад ворид шавад, чунончӣ битарсанд, ки ба ҳаром биафтанд, бояд аз он ҷо берун бираванд.

Аз маҷмӯи ончи ба таври кутоҳ дар баррасии кантроли майли ҷинсӣ баён шуд, ин натиҷа ба даст меояд, ки кантроли нигоҳ ва чашм, кантроли хаёл ва фикр, рӯза дорӣ, варзиш ва дар ниҳоят ҳифзи ҳарими зану мард ва риояти ҳудуди шаръӣ, инсонро бар туғёни майли ҷинсӣ мусаллат месозад. (Каҷбоф, саҳ 106.)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.