Нақши хонавода дар беҳдошти равонӣ

92

Хонавода низоми иҷтимоии пӯёе аст, ки барои худ сохтор, аҷзоъ ва қувоъиде дорад ва дар байни тамоми ниҳодҳо, созмонҳо ва таъсисоти иҷтимоӣ, нақш ва аҳамияти хосс ва басазо дорад. Хонавода дар зумраи умумитарин созмонҳои иҷтимоӣ аст ва нишон ё намоди иҷтимоӣ шумурда мешавад ва бароянд ё инъикос аз кулли ҷомеа аст. Дар як ҷомеаи мунҳат, хонавода низ худ ба худ мунҳат хоҳад буд ва билъакс. Бинобарин хонаводаро метавон меъёре барои шинохт осебҳои иҷтимоӣ донист ва барои пай бурдан ба илали ин инҳирофот, ба хонавода муроҷиа кард.

 Кайфияти равобити хонавода

Ҳар низом барои худ аҷзое дорад. Дар низоми хонавода аҷзои муҳим иборат аст аз робитаи модар бо худ ва бо падар, ва робитаи падар бо худ ва бо модар. Чигунагии ин равобит кайфияти хонаводаро мушаххас месозад.

Хонавода монанди ҳар низоми иҷтимоӣ ниёзҳои аввалия дорад. Аз ҷумлаи ин ниёзҳо иборатанд аз: Эҳсоси арзишманде, эҳсоси амнияти физикӣ, эҳсоси самимият ва ба ҳам вобастагӣ, эҳсоси масъулият, ниёз ба ангеза, ниёз ба шодӣ, ниёз ба таъйид ва тасдиқ ва билохира ниёзҳои рӯҳӣ ва маънавӣ. Хонавода ҳамчунин ба падар ва модаре эҳтиёҷ дорад, ки ба барқарории як робитаи солим боҳам мутааҳҳид бошанд ва он қадар эҳсоси амният кунанд, ки битавонанд фарзандони худро ба дӯр аз олудгиҳо парвариш диҳанд.

Хонавода ҳамчунин монанди соири низомҳои иҷтимоӣ ба тавлиди (ғизо, либос, маскан), ба ҳифзи равобити отифь (навозиш ва муҳаббат), ба равобити хуб (ишқ ва самимият), ба худ шукуфоӣ, ба таҳрик (ҳаяҷон, рақобат, нишот) ва ба ваҳдат (эҳсоси тааллуқ ва иттифоқ) эҳтиёҷ дорад.

Хонавода, гурӯҳи кӯчаке аст, ки аз зан ва шавҳар ва фарзанд ё фарзандон ташкил мешавад. Узв хонавода будан, яъне дар навъе шабакаи отифь саҳим шудан, ба як гурӯҳи иҷтимоӣ тааллуқ доштан, таърихи муштарак доштан ва ба муҳити зиндагии хоссе одат кардан. Аҳамият хонавода низ ба хотири ҳамин дастовардҳост.

elizabet harlock хонаводаро ба сурати як системи мутаомил ва печида таъриф мекунад. Ибтидо зан ва шавҳар бо ташкили хонавода, ин системи мутаомилро бунён мениҳанд ва сипас бо вуруди ҳар кӯдак ва ё ҳар фарди дигаре (мисли падар ва модарбузург) ин система печидатар мешавад. Ба унвони мисол, дар хонаводаи якфарзандӣ фақат се робитаи таомулӣ вуҷуд дорад дар ҳоле, ки дар хонаводаи се фарзандӣ, даҳ робитаи таомулӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Равобити кӯдак ва волидайн ва соири аъзои хонавода, чун шабака ва низоме дарҳам печидааст, ки афроди он дар куниши мутақобил бо якдигаранд. Ин низом дар маҷмӯае аз низомҳои бузургтар ҳамчун маҳалла, ҷомеа шаҳре ва ҷомеаи густардатар қарор гирифтааст.

 Интиқоли суннатҳо ва боварҳо

Хонавода аз ин назар низ аҳамият дорад, ки маҳалли интиқоли суннатҳо, боварҳо ва анвои мухталифи шинохтҳост. (аз шеваи ғизо хӯрдан то афкори сиёси). Хонавода аз тариқи иҷтимоӣ боровардани кӯдак, мероси фарҳанги омода ва таҷриба шуда ба василаи наслҳои гузаштаро дар ихтиёри кӯдак мегузорад.

Ба таври куллӣ дархонаводааст, ки кӯдак аввалин қадамҳои иҷтимоӣ шуданро бармедорад ва дар ниҳоят ба мавҷуде комилан иҷтимоӣ табдил мешавад. Хонавода исми худро ба кӯдак интиқол медиҳад ва бад-ин васила ӯро дар масире меандозад ва дар шабакаҳое аз хешовандӣ қарор медиҳад, ки чанд наслро дар бар мегирад. Бинобарин, хонавода аввалин ҳувияти иҷтимоии фардро фароҳам меоварад. Мавқеияти иҷтимоии волидайн, мавқеияти иҷтимоии кӯдакро дар бист соли аввали зиндагӣ таъйин мекунад. Маҳалли сукунати хонавода, ба таври айнӣ бофтҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии муассир бар кӯдакро мушаххас мекунад. Билохира шуғли волидайн, кӯдакро дар табақаи иҷтимоии муаяне ҷой медиҳад. Бинобарин хонавода аввалин муҳите аст, ки дар он аввалин пояҳои иҷтимоӣ шудан гузошта мешавад. Хонавода, кӯдакро дар шабакае аз равобити отифӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва муҳити зиндагии хоссе қарор медиҳад ва барои кӯдак мероси фарҳангӣ ба армағон меоварад, ин, ки гузаштае дорад, бояд тибқи одоб ва сунани хонавода ва фарҳанги худ зиндагӣ кунад ва ӯро водор мекунад, ки одоби муошират ёд бигирад, барои худ идеалогияи хосс дошта бошад ва дар сурти лузум эҳсосоти худро буруз диҳад ё пинҳон нигаҳ дорад.

Хонавода бо улгу қарор гирифтан, ба кӯдак ёд медиҳад, ки чигуна бояд рафтор кунад ва чигуна бо иҷтимоъ созгор шавад. Ҳамчунин хонавода ёд медиҳад, ки зан ва мард нақшҳои мутафовите доранд ва ҳаркас бояд мутобиқ бо ҷинси худ рафтор кунад. Хулоса ин, ки хонавода, кӯдакро як мавҷуди иҷтимоӣ бор меовард.

Хонавода ҷойгоҳе аст, ки онҷо дар оинаи чашми падар ва модар, худро тамошо мекунем. Барои нахустин бор худро мебинем; Эҳсоси самимиятро дарк мекунем; Меомӯзем, ки эҳсос чист ва чигуна метавонем онро иброз кунем ва ин падар ва модар ҳастанд, ки эҳсосоти қобили қабулро мушаххас месозанд, онҳо ҳастанд, ки иҷозаҳоро содир мекунанд ва эҳсосоти мамнуъро мушаххас месозанд.

Рушди кӯдакон дар хонавода бештар мутаассир аз ҳамин арзишгузориҳо ва гироишҳои ахлоқӣ, отифӣ ва иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ хонавода ба унвони яке аз омили муассир дар рушд, дар радифи соири авомил қарор мегирад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.