Нигоҳе ба фазоили моҳи мубораки Рамазон

144

Рамазон дар луғат ба маънои шиддати ҳарорат ва сӯзонидан мебошад. Чун дар ин моҳи муборак гуноҳони инсон бахшида мешавад, ба ин моҳ рамазон гуфтаанд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Моҳи рамазон ба ин ном хонда шудааст, зеро гуноҳонро месӯзонад”.

Рамазон номи яке аз моҳҳои қамарӣ ва танҳо моҳи қамарист, ки номаш дар Қуръон омадааст ва яке аз чаҳор моҳест, ки Худованди Мутаол ҷангро дар он ҳаром кардааст, (магар ҷанбаи дифоӣ дошта бошад).

Дар ин моҳ китобҳои осмонӣ, Қуръони Карим, Инҷил, Таврот, Суҳуф ва Забур нозил шудааст.

Ин моҳ дар ривоёти исломӣ моҳи Худо ва меҳмонии уммати Паёмбари Акрам(с) хонда шуда ва Худованди Мутаол аз бандагони худ дар ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубонӣ пазироӣ мекунад. Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Моҳи раҷаб моҳи Худо ва моҳи шаъбон моҳи ман ва моҳи рамазон моҳи уммати ман аст, ҳар кас ҳамаи ин моҳҳоро рӯза бигирад, бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро бибахшад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнагӣ ва аташи дардноки рӯзи қиёмат амон диҳад”.

Ин моҳ дар байни мусалмонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи вижае бархурдор ва моҳи сулуки руҳии инсон аст. Мӯъминон бо муқаддимасозӣ ва фароҳам кардани заминаҳои маънавӣ дар моҳҳои раҷаб ва шаъбон ҳар сол худро барои вуруд ба ин моҳи шариф ва пурбаракат омода мекунанд. Бо ҳулули ин моҳ шӯру иштиёқ ва додани таому ифторӣ ба ниёзмандон, шабзиндадорӣ ва ибодат, тиловати Қуръон, дуо, истиғфор, додани садақа, рӯзадорӣ ва ғайра, руҳу ҷони худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мекунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.