Рамазон ва рӯза дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ

282

Аз ҷумла мабоҳисе, ки дар ашъори Ҳофизи ширинсухан хуш нишаста ва чун нигини ангуштар, шеърашро зинат бахшидааст, мафоҳиме чун рамазон, рӯза ва шаби қадр аст, ки аз ҷумла зеботарин абёти девони Ҳофизро шомил мешавад.

Ҳофиз қадру манзалати рӯза ва рамазонро медонад ва ба некӣ дарёфтааст, ки аз каромати ин моҳ аст, ки чашми ҳақиқатбини ӯ кушода хоҳад шуд ва ба аволими болотар роҳ хоҳад ёфт, аз ин рӯ мегӯяд:

Рӯза ҳарчанд ки меҳмони азиз аст, эй дил,

Сӯҳбаташ мавҳибате дону шудан инъоме.

Ӯ бо ишроф ба табаот ва дастовардҳои ин моҳ, ҳамкешон ва риндону аҳли ботинро фаро мехонад, ки фурсати моҳи шаъбонро арҷ ниҳода худро барои расидани айёми моҳи рамазон омода кунанд.

Моҳи шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ, к-ин хуршед,

Аз назар то шаби иди рамазон хоҳад шуд.

Агарчи андешаи ирфонии Ҳофиз ва таваҷҷӯҳи ӯ ба аволими ирфонии ӯ ба ҳеч ҳофизпажӯҳе пӯшида нест, аммо породоксе дар ин даст аз аз ашъори Ҳофиз вуҷуддорад, ки таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба худ ҷалб сохтааст ва ҳатто гоҳе афродеро ба иштибоҳ ва доварии сатҳӣ ва бардоштҳои заминӣ аз он андохтааст. Ашъори зер аз ин гунаанд:

З-он маи ишқ, к-аз он пухта шавад ҳар хоме

Гарчи моҳи рамазон аст, биёвар ҷоме…

***

З-он бода, ки дар майкадаи ишқ фурӯшанд,

Моро ду се паймона бидеҳ, гӯ рамазон бош…

***

Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём раст,

Дардеҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт.

Вақти азиз рафт, биё то қазо кунем.

Умре, ки ҳезур суроҳӣ ба ҷом рафт…

***

Гар вафт шуд суҳур, чӣ нуқсон сабуҳ ҳаст,

Аз май кунанд рӯзакушо толибони ёр…

Тақрибан дар ҳамаи абёте, ки Ҳофиз аз рӯза ва рамазон сухане ба миён оварда, онро бо зӯҳдфурӯшӣ ва май ҳамроҳ кардааст. Ончи мусаллам аст, май аз ҷумлаи мафоҳиме баҳсбарангез дар ашъори Ҳофиз аст, ки бисёр дар мавриди он сухан гуфтаанд, аз ҷумла, муҳаққиқи эронӣ, алиасғари Ҳалабӣ мегӯяд: “Ин ҳарфро борҳо пажӯҳандагони Ҳофиз гуфтаанд, ки ду бода дар Ҳофиз дорем, ангурӣ ва ирфонӣ, ё ду маъшуқ дар девон матраҳ ва мухотаб аст, заминӣ-инсонӣ ва осмонӣ-ирфонӣ. Нигоранда ба навъи сеюме аз май ва маъшуқ дар Ҳофиз қоил аст ва бар он аст, ки бештарин ашъори Ҳофиз дар ин заминаи сеюм аст ва он ҳамоно май ва маъшуқи адабӣ ва китобӣ аст”.

Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,

Май зи хумхона ба ҷӯш омада, май бояд хост!

Тавбаи зӯҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт.

Вақти риндию тараб кардани риндон пайдост.

Бо таваҷҷӯҳ ба байти дуюми ин ғазал, ба некӣ пайдост, ки ин май дар муқобили зӯҳдфурӯшиҳои мусалмонони зоҳирӣ, ки динро ҳарбае барои худ қарор додаанд, матраҳ шуда ва манзур илтифот ба руҳ ва ҳақиқати рӯза ва рӯзадорӣ аст, чаро ки ӯ нек медонад, ки риё манфуртарин гуноҳон дар пешгоҳи Худованд аст ва инсон бояд ҳамаи айём ва лаҳзаҳоро ғанимат шуморад ва на фақат моҳи муқаррашудаи рамазонро. Ин мафҳум дар ин ғазал ба рӯшанӣ такрор шудааст:

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард,

Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.

Савоби рӯзаву ҳаҷҷи қабул он кас бурд,

Ки хоки майкадаи ишқро зиёрат кард.

Аз сӯе ишқ, асли андешаи Ҳофизро ташкил медиҳад ва дар бархӯрди шоир бо моҳи рамазон ва рӯза ва ҳатто ҳаҷ низ ҳамон нақши ҳамешагии худро ифо мекунад. пештар аз Хоҷа шунидем, ки дар зери гунбади кабуд, ҳеч садое хуштар аз саддои ишқ нест ва ҳар инсоне, ки ишқ варзидан наомӯхта бошад, ба фатвои шоир ҷасади мутаҳаррике беш нест ва метавон бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҳофиз поро аз марҳала низ фаротар ниҳода ва ягона фарёдраси инсонро ишқ донистааст. (Муҳаммади Қарогузлу).

Мафҳуми шеъри фавқ ба мазмуни дигар дар шеъри Ҳофиз такрор шудааст ва ӯ чун тарҷеҳбанди доим дар паи такрор ва илқои ишқи илоҳӣ аст:

Ишқат расад ба фарёд, гар худ басони Ҳофиз,

Қуръон зибар бихонӣ, бар чордаҳ ривоят…

Агарчи Ҳофиз ҳамаи таобири марбут ба рӯзаро бо танзи махсуси худ дармуқобилириёкорон ба кор бурдааст, дар як маврид аз чаҳор мавриди такрори шаби қадр дар ашъораш, дар бақияи маворид аз он таҷлил ва эҳтиром карда, чаро ки худро мадюн ва марҳуни чунин шабе медонад:

Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.

***

Дар шаби қадр, ар сабуҳӣ кардаам, айбам макун.

Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд…

***

Шаби қадр асту тай шуд номаи ҳиҷр,

Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр…

***

Он шаби қадр, ки гӯянд аҳли халват имшаб аст,

Ё Раб, ин таъсири давлат аз кадомин кавкаб аст…

Ҳофиз барои расидани Иди Рамазон сахт бетобӣ мекунад. алорағми ҳамаи иродати шоир ба афкори маздисноӣ ва меҳроинӣ, ҳушу ҳавосси вай беш аз он ки маътуф ба Иди Наврӯзи бостонӣ бошад, ба иди Фитр аст. Ба ин эътибор, ки басомади даҳгонаи ид дар шеъри Ҳофиз, ҳадди ақал шаш бор иди рамазон дар миён аст.

Ҳофиз манишин бемаю маъшуқ замоне,

К-айёми гулу ёсуману иди сиём аст.

Ид асту охири гулу ёрон дар интизор,

Соқӣ ба рӯи ёр бубин моҳу май биёр.

***

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.