Силаи раҳим дар мушти шабакаҳои иҷтимоӣ

212

“Раҳим” ба маънои зӯҳдон ва ба ҷои кӯдак дар шиками модар мегӯянд.

Калимаи «раҳим» дар силаи раҳм барои қаробату хешовандӣ аст. Чароки онҳо аз як раҳим таваллуд шуда ва мурод аз раҳим яъне нисбати шинохташуда байни он ду вуҷуд дошта бошад ҳар чанде нисбати дуре бо ҳам дошта бошанд. Маънои силаи раҳим ин мешавад: «иттиҳоду якпорчагии хешовандону ақвом ва дидори хешовандон».

Дар аҳамияти силаи раҳим ҳамин бас, ки Расули Худо(с), ҳамаи инсонҳоро ба силаи раҳим супориш кардааст; ҳар чанд, ки дар ин байн сахтиҳои фаровоне бинанд ва роҳашон аз якдигар бисёр дур бошад. Боз силаи раҳимро бахше аз дин дониста ва фармуднд, ки ҳар кас онро баҷо наоварад дини ӯ нақс дорад. Ҷобир аз имом Боқир(а) ривоят карда, ки Расул Худо(с) фармуданд:

«Ба ҳозиру ғоиби умматам ва онҳое, ки ҳанӯз ба дунё наёмаданд бигӯед, ки то рӯзи қиёмат супориш мекунам, ки силаи раҳимро ба ҷой оваранд, агарчи роҳашон ба сӯи ҳамдигар як сол фосила дошта бошад; Зеро сила раҳим аз дин аст.

Бо вуҷуди ин ҳама супориш ва хайру баракоте, ки бузургони дини Ислом дар бораи силаи раҳим фармуданд ин амри динӣ дар дунёи имрӯз кам-кам ба хотираҳо сипурда шуда ва ё камрангтар аз ҳамеша ба ҳаёти худ идома медиҳад.

Агар ба меҳмониҳои имрӯзи худ таваҷҷӯҳ кунед мебинед, ки дигар хабаре аз он ҳама шодӣ ва нишот , гуфтугӯҳои даруни хонаводагӣ ва хешовандӣ, ҳал кардани мушкилоти ҷавонон , ҷӯё шудан аз аҳволи бузургтарҳо ва хеле мавридҳои дигар, дигар ба чашм намехӯрад, чаро, ки танҳо ҷисми мо дар меҳмониҳо аст ва рӯҳу фикрамон дар дунёи маҷозӣ ва ба вежа дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки рӯз ба рӯз бар мо султа пайдо мекунанд.

Ёдамон рафтааст, ки фалсафаи нуҳуфта дар ин диду боздидҳо чист!

Дар гузашта фарзандони кӯчактари хонавода лаҳзашуморе мекарданд, ба хонаи бузургтарҳо ва бастагони худ бираванд, аммо дар дунёи кунунӣ барои бурдани фарзандон бояд ба онҳо илтимос кард то ба хонаи хешу табор бираванд, чаро ? Чун мегӯянд ҳавсала надорем , аммо барои сарф кардани вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақти фаровон доранд ва ё агар ҳам ба меҳмонӣ бираванд, аввалин саволе, ки дар вохӯрӣ бо бастагон мепурсанд ин аст, ки рамзи (порол) Wi-fi хонаи шумо чанд аст!

Бо каме фикр мефаҳмем, ки агар фалсафаи вуҷуди ин шабакаҳои иҷтимоӣ бар пояи пешрафти ҷомиаҳои башарӣ бино ниҳода шудааст, аммо бо ҳазфи фарҳангҳо ва ё фарҳангҳои асили динӣ ва миллӣ ва меҳании ҷомеаҳо сабаби камрангтар шудани ҳамин боварҳое мешаванд, ки бузургони дин дар тӯли таърих борҳо ва борҳо бар барпоии он таъкид карданд, чароки пешрафти ҳақиқӣ танҳо ва танҳо амал кардани саҳеҳу дуруст ба ин омӯзаҳои динӣ аст ва на ифроту тафрит.

 Осору баракоти силаи раҳим:

 Зиёд шудани умри инсон

Яке аз фоидаҳои дунёии силаи раҳим ин аст, ки Худованд ба хотири ин кор, умри инсонро зиёд мекунд ва дучори марги ногаҳонӣ намешавад. Аз Муҳаммад Убайдуллоҳ ривоят шуда, ки имом Ризо(а) мефрмоянд: «Марде аз умраш 3 сол монда буд. Вай силаи раҳим мекунд ва Худованд онро ба сӣ сол табдил мекунд, ки Худованд ҳар чӣ хоҳад мекунад.»

 Дафъи бало ва зиёди шудани мол

Агар бихоҳем аз балоҳои фардӣ ва иҷтимоӣ дар амон бошем ва ба анвои балоҳо дучор нагардем яке аз беҳтарин роҳҳо ҳамин силаи раҳим аст. Имом Боқир(а) мефармоянд: «Силаи раҳим аъмолро пок, амволро бисёр, балоҳоро дафъ мекунад ва ҳисобро осон карда ва аҷалро ба таъхир меандозад.»

 Зебоии ахлоқ ва покии ҷон

силаи раҳим сабаби аз байн рафтани кинаҳо мегардад. Чароки аз наздик ҳамдигарро мебинем ва эҳсос мекунем ва бо ҳам робита барқарор мекунем ва ин иртибот, рафторамонро зебо ҷилва медиҳад ва дар сухан гуфтанҳост, ки гиреҳҳои бадгумонӣ ва кина боз мешавад ва ҷояшро сафову самимият пур мекунад. Имом Содиқ(а) мефрмоянд: «Силаи раҳим ахлоқро зебо, дастро бахшанда, ҷонро покиза, рӯзиро зиёд карда ва аҷалро ба таъхир меандозад».

ҳоло бо шумост, ки фарҳангҳои асили худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ бифурӯшед ва ё дигаронро ба истифодаи мантиқӣ аз онҳо ташвиқ намоед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.