Тавба ва истиғфор

145

«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحًا عَسَى رَبُّكُمْ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ»

Яъне (эй касоне, ки имон овардаед! Ба сӯи Худо тавба кунед! Тавбаи холис, умед аст Парвардигоратон гуноҳони шуморо бипӯшонад).[1]

Рамазон, моҳи  омӯрзиш ва бозгашт аст. Бешак, ҳар инсоне дар зиндагиаш олудагиҳое доштааст ва ҳол дар рамазон, фурсат дорад бо рӯза, ҷони худро шустушӯ диҳад ва дар хилвати саҳарҳо, бо тавба ва истиғфор, рӯҳи хешро таҷаллӣ бахшад ва пок гардонад. Он ки дар ин моҳ танҳо барои Худо рӯза бидорад  ва аз гузаштаи хеш пушаймон бошад ва дар воқеъъ аз кораш баргардад, шомили афв ва бахшиши илоҳӣ хоҳад шуд. Паёмбари Гиромии Ислом(с) мефармояд:

Эй мардум! Ростӣ, ки ҷонҳои шумо дар гарави амалҳои шумост, пас онро бо истиғфор озод кунед ва аз гарав берун оваред.

Низ фармуд: Моҳи Рамазон, моҳи Худои Азза ва Ҷалла аст, моҳи тавба ва бозгашт ба сӯи Худост ва моҳи афв ва омӯрзиш, моҳи озодӣ аз оташ ва дастёбӣ ба биҳишт аст.

Пас бино бар он чи баён кардем:

Аввалан: Тавба ва истиғфор ва омӯрзишхоҳӣ, тирагӣ ва сиёҳии ҳосил аз гуноҳро мезудояд ва нобуд мекунад ва ба қалби одамӣ сафо ва нуроният мебахшад.

Дуввуман: Моҳи мубораки Рамазон, беҳтарин замон барои тавба ва истиғфор ва полоиши ҷисму ҷон аст.

Зарурат ва аҳамияти баҳс

Ҳарчанд Худованд дар оёти мухталифи Қуръони Карим дастуроте дар бораи «худшиносӣ», «тақво», «муроқиба ва муҳосиба», «ёди Худо ва дурӣ аз шайтон»… барои рушду, камол ва расидан ба саодати абадӣ ва ҳаёти ҷовидона ба мӯъминон додааст, аммо аз сӯи дигар, ба хотири зиндагии инсон дар дунёи модда ва модиёт ва вуҷуди душманони сарсахте чун шайтон, нафси аммора, ҷаҳолат, шаҳавот…, гоҳ парда бар рӯи адешаи инсон афканда шуда ва дар паи табаият ва пайравӣ аз онҳо ва иртикоби гуноҳ ва маосӣ, заминаи суқут ва бадбахтии ӯ фароҳам мешавад.

Инҷост, ки Худованди Ҳаким барои наҷоти инсон аз вартаи табоҳӣ ва нобудӣ, боби тавба ва истиғфорро ба рӯи бандагони хеш кушода ва онҳоро ба пушаймонӣ ва талаби бахшиш даъват мекунад, то роҳ барои бозгашти инсони фиребхӯрда боз бошад ва бо умедворӣ ба лутфу  раҳмати бекарони илоҳӣ бори дигар барои пок кардани рӯҳи хеш талош кунад ва бар ин асос дар оёт ва ривоёти фаровоне инсонро ба тавба ва истиғфор фаро мехонад.

Худованд дар сураи Таҳрим ояти 8 мефармояд:

«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحًا عَسَى رَبُّكُمْ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ»

Яъне эй касоне, ки имон овардаед! Ба сӯи Худо тавба кунед! Тавбаи холис, умед аст Парвардигоратон гуноҳони шуморо бипӯшонад.

Маъно ва мафҳуми тавба ва истиғфор

Тавба дар забони арабӣ ба маънои бозгашт ва дар истилоҳоти исломӣ ба маънои бозгашт ба сӯи Худост.

Фарди гунаҳкор бо ҳар гуноҳе, ки муртакиб мешавад, худро аз Худованд дуртар мекунад ва танҳо ба василаи тавба аст, ки метавонад ба сӯи Худованд бозгардад. Худованди Мутаол нисбат ба тамоми бандагонаш меҳрубон аст ва дари тавбаро ба рӯи ҳеҷ кас набастааст ва ҳамвора пазирои инсонҳоест, ки қасди бозгашт ба сӯяшро доранд.

Бинобар ин, инсонҳо кофист тасмим бигиранд ва ҳиммат кунанд, то худро аз гирдоби ҳалокатбахши гуноҳ ва нофармонии Парвардигор бираҳонанд.

Аммо тавба фақат гуфтани калимоте, ки баёнгари пушаймонӣ ва изҳори надомат бошанд нест. Ин калимот, марҳалаи ибтидоӣ ва нишонае аз ҳақиқати тавба ҳастанд. Асоси тавба ва ҳақиқати он, амал ва иқдоми ҷиддӣ барои бозгашт ба сӯи Худост. Агар касе бихоҳад ба таври ҷиддӣ тавба кунад, бояд шароити зарурӣ ва лозими онро риоят кунад ва илло роҳ ба ҷое нахоҳад бурд ва ба ҷое нахоҳад расид.

Аммо истиғфор ба маънои дархости омӯрзиш аз Худованд. Ин вожа дар луғат  ба маънои талаби бахшоиш аст.

Истиғфор дуоест, ки бо он инсон омӯрзиши гуноҳони худро аз Худованд металабад.

Фарқи тавба ва истиғфор

Дар Қуръони Карим зоти поки Худованд, наваду як бор ба унвони ғафур (бисёр омӯрзанда) ва панҷ бор ба унвони ғаффор (бисёр бахшанда) ёд шудааст. Низ дар оёти бисёре, мардум ба сӯи истиғфор аз гуноҳ фаро хонда шудаанд ва дар беш аз ҳаштод маврид, сухан аз тавба ва бозгашт ба сӯи Худо ва қабули тавба ба миён омадааст.

Дар бархе аз оёти Қуръонӣ, истиғфор ва тавба мулозими якдигаранд: Якҷо нахуст тавба ва сипас истиғфор омада; монанди:

«أَفَلاَ یَتُوبُونَ إِلَی اللهِ وَ یَستَغفِرُونَهُ وَ اللهُ غَفُورٌ رَحِیمٌ»

Яъне: Оё тавба намекунанд ва ба сӯи Худо боз намегарданд ва аз ӯ талаби омӯрзиш наменамоянд ва Худованд омӯрзанда ва меҳрубон аст[2].

Хитоби оят ба масеҳиёнест, ки ақоиди тавҳидиро ба куфр даромехтаанд.  Дар бархе дигар аз оёт, ибтидо истиғфор ва  онгоҳ тавба омадааст; монанди:

«وَ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٌ وَدُودٌ»

Яъне аз Парвардигори худ омӯрзиш биталабед ва ба сӯи ӯ боз гардед, ки Парвардигорам меҳрубон ва дустдори (бандагони тавбакор) аст.

«وَ يَا قَوْمِ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُم مِّدْرَارًا وَيَزِدْكُمْ قُوَّةً إِلَى قُوَّتِكُمْ وَلاَ تَتَوَلَّوْاْ مُجْرِمِينَ»

Яъне ва эй қавми ман! Аз Парвардигоратон талаби омӯрзиш кунед, сипас ба сӯи ӯ боз гардед, то (борони) осмониро пай дар пай бар шумо бифиристад ва нерӯе бар нерӯи шумо бияфзояд, (аз ҳақ) барнатобед ва гуноҳ накунед.

Хитоби паёмбарон ба  мардумонест, ки ҳанӯз имон наёвардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба оёти ёдшуда, назароти гуногунеро матраҳ намудаанд:

Бархе гуфтаанд  истиғфор  ба муносибати сиёқи оёте, ки хитоб ба мушрикон аст; яъне талаби омӯрзиш аз ширку тавба, бозгашт ба тоат ва анҷоми корҳои нек.

Баъзе дигар муътақиданд истиғфор ба забон аст ва тавба, пушаймонӣ ва тасмим бар тарки гуноҳ дар қалб аст.

Бархе дигар бар инанд, ки истиғфор ба маънои тавба ва мурод аз тавба дар оёт, тавбаи холисона ва ҳақиқӣ аст.

Истиғфор ба маъноии талаби омӯрзиш аз гуноҳони гузашта чун ширк аст ва тавба яъне имон ба Парвардигор.

Аммо аз баррасии маҷмӯи оёти Қуръонӣ метавон чунин натиҷа гирифт, ки истиғфор ба маънои шустушӯ ва тавба ба маънои касби камолот аст.

Иснон нахуст бояд худро аз гуноҳон пок созад ва сипас худро ба сифоти илоҳӣ ва ҳасана биорояд.

Худованди Таборак ва Таоло дар Қуръони Карим  мефармояд:

«وَ أَنِ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُم مَّتَاعًا حَسَنًا إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى»

Яъне ва ин ки аз Парвардигори хеш омӯрзиш биталабед, сипас ба сӯи ӯ боз гардед, то ба тарзи некӯе шуморо то муддати муайян баҳраманд созад[3].

Ҳамон гуна ки аввал либосҳои чиркинро аз бадан дармеоварем ва баъд либоси тамиз мепӯшем, бар ин асос истиғфор ҳамон марҳалаи талаби омӯрзиш ва зудудани олудагӣ аст ва тавба, марҳалаи амалии касби фазилатҳо ва бозгашт ба сӯи Худо ва ҷуброни кӯтоҳиҳо ва оростагӣ ба камолот аст.

Шароити тавба ва истиғфор

Тавба ва истиғфор ба маънои бозгашт ба сӯи Худо ва талаби мағфират аз Худо шарти хоссе надорад. Ҳамин ки банда аз гуноҳи худ пушаймон бошад ва азм бар тарки онро дошта бошад,  кофист ва кифоят мекунад.

Аммо барои он ки тавба ва истиғфор комил таҳаққуқ ёбад, шароите дорад.

Шароитеро, ки барои тавба ва истиғфор зикр шудааст, метавон дар шаш маврид хулоса кард:

  1. Пушаймонӣ ва ҳасрат аз корҳои бади гузашта.

2 .Қасд бар тарки он барои ҳамеша.

3 .Адо кардани ҳуқуқи мардум, ба тавре ки ҳангоми мурдан пок бошад ва раҳмати Худоро мулоқот кунад, дар ҳоле ки ҳаққи касе ба ӯҳдааш набошад.

4 .Ҳар фарзе, ки тарк карда ва анҷом надодааст, анҷом диҳад.

  1. Он чи гӯшти баданаш аз ҳаром рӯида, бо ҳузн бар охират обаш кунад, то пӯст ба устухон бичаспад ва гӯшти нав дар баданаш пайдо шавад.
  2. Заҳмати ибодатро ба бадани худ бичашонад, чунончи хушӣ ва ширинии гуноҳро чашонидааст.

Мавориде, ки зикр шуд дутояш рукн ва дутояш шарт ва дутояш камол аст.

Ба ин сурат, ки дутои аввалӣ рукн ва поя аст ва бидуни онду тавба муҳаққақ намешавад ва дутои дуввумӣ шарт аст, ки бидуни онду тавба асаре надорад ва дутои севвумӣ камол маҳсуб мешавад, яъне агар ҳосил шаванд, истиғфори комил анҷом гирифтааст.

[1] . Сураи Таҳрим,  ояти 8.

[2] Сураи Моида, ояти 74.

[3] Сураи Ҳуд, ояти 3.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.