Вазифаи волидайн дар замони имтиҳонот

186

1- донишомӯзон дар замони имтиҳонот ба фазои ёдгирии дилгармкунанда ва дур аз ҳавоспартӣ монанди телевизион ё садои баланд эҳтиёҷ доранд. Волидайн бояд дар ин муддат шароити хонаро ба шакле фароҳам кунанд то фарзанди монишомӯзашон эҳсоси оромиш дошта бошад; масалан меҳмониҳоро баъд аз имтиҳонот тартиб диҳанд ва ё агар бо даъват шудан ба меҳмонӣ фарзандатон эҳсоси танҳоӣ мекунад ва қарор аст дилаш пеши шумо бошад, беҳтар аст аз рафтан ба он меҳмонӣ парҳез кунед.

2- ба фарзандатон умед диҳед то бо қуввати бештар дарс бихонад масалан ин итминонро ба ӯ бидиҳед, ки баъд аз моҳи Рамазон ва пушти сар гузоштани муваффақиятомези имтиҳонот, барои рафъи хастагӣ ба тафреҳоте ҳамчун кӯҳнавардӣ, порк ва ё мусофирати чандарӯза хоҳед рафт.

3- дар барномарезии дарсии фарзандатон дахолат накунед, ӯ беш аз шумо ҳам сангинӣ ва сабукии дарсашро медонад ва ҳам тавоноиҳои ёдгирии худро хуб месанҷад. Таъкидҳои беш аз ҳадд ва амру наҳйҳои пайвастаи шумо танҳо метавонад фарзандатонро аз дарс хондан дилзада кунед; ба ҷои сарзаниш кардан, фарзандатонро таъйид ва ташвеқ кунед, ки бо вуҷуди рӯзадорӣ, аз дарс хондан ғофил намешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.