Ҳамсари солеҳ

133

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фамуданд:

“Мўъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад, ҳамсаре, ки вақте ба ў фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ў назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ў ғоиб мешавад он зан худро ва моли шавҳарро муҳофизат намояд”.

Ва низ фармуданд:

“Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ў дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргўй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд”.

Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд:

“Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ў дар доштани зани бад, манзили ғайри муносиб ва маркаби бад мебошад”.

Ва низ фармуданд:

“Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ў амин набошад”.

Ислом ҳамон гуна ки суфоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст.

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

“Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам”.

Ва фармуданд:

“Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некўкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некўкортар ва меҳрубонтар бошад”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.