Истифодаи номуносиб аз телефони ҳамроҳ

152

Ин рӯзҳо ҳамеша телефон ҳамроҳатон аст. Лаҳзае бе он наметавонед зиндагӣ кунед. Ҳар рӯз бо шакл ва шамоили ҷаззобтар зоҳир мешавад. Ҳар рӯз иштиёқатон барои дарки рамз ва розаш афзӯн мешавад. Аз ҳаққ набояд гузашт, ки бо буданаш лутфи зиёде ба шумо карда, иртиботатонро осон карда, ҳамеша дар дастрасед ва….. Аммо ин шумо ҳастед, ки гоҳе ба хато аз он истифода мекунед.

Бо пешрафти илму технология, васоили иртиботи мардумӣ ва ҷамъе ҳам мутаносиб бо он барои рафоҳи мардуми ҷомеа рушд хоҳад кард аммо истифода аз ин технологияҳо бояд беҳина бошад.

Бо пешрафти илму технологя, васоили иртиботи мардумӣ ва ҷамъӣ ҳам мутаносиб бо он барои рафоҳи мардуми ҷомеа рушд хоҳад кард аммо истифода аз ин технологияҳо бояд беҳина бошад.

Дар заминаи истифодаи дуруст аз ин василаи иртиботӣ бояд фарҳангсозӣ кунем ва ба мардуми ҷомеа бирасонем, ки ин васоили иртиботи ҷамъӣ барои беҳбуд ва осон дар кор аст ва афрод набояд истифодаи нодуруст аз он дошта бошанд.

Бо мушкилоте, ки имрӯза дар ҷомеа вуҷуд дорад афрод фурсате барои дидори якдигар надоранд аммо бо истифода аз ин технология ба осонӣ метавонанд аз аҳволи якдигар бохабар шаванд ва наметавон аз ин василаи иртиботи ҷамъӣ ба унвони як офата ёд кард.

Ҷавонони  азиз, шумо беҳтар аз ҳар каси дигаре медонед, ки зиндагӣ дар асри 21, асри суръат ва технология чӣ фоидаҳо ва зарарҳое дорад. Ҳеҷ кас мункири фоидаи илм нест аммо чизе, ки нигаронкунанда аст ба хусус барои хонаводаҳои шумо, истифодаҳои нодуруст аст, ки мешавад аз он кард ва чун шумо азизон ба иллати сафои ботин ва камтаҷрубагӣ бештарин эҳтимоли гирифторӣ дар домҳои нав ва навзҳурро доред, нигарониҳо роҷеъ ба шумо бештар аст.

Имрӯз танҳо фурсати сохтани фардои шумост, пас ҳайф аст ба батолат бигузарад.

Мӯҳтавоҳо ҳазорон истифодаи номуносибе, ки имрӯза аз телефони ҳамроҳ ва фардо бо таваҷҷуҳ ба суръати тағйирот дар арсаи иртиботот, дар васоили дигар эҷод мешавад, ҳамагӣ метавонад шурӯи як фасоди бузургтар бошад ва танҳо ҳарфе, ки метавон бо шумо дошт ин аст, ки машғулиятҳои муфид барои худатон эҷод кунед. Имрӯз танҳо фурсати сохтани фардои шумост. Пас ҳайф аст ба батолат бигузарад. Баъзе вақтҳо ба нафътон аст агар бархилофи ҷараёни об шино кунед.

Онқадар барои худатон барномаҳои муфид дошта бошед, ки дигар ҷое барои бекорӣ ва васвасаҳои рангоранг надошта бошед ва фаромӯш накунед барои муваффақият бояд бо тамоми энергия талош кард. Вақте бахше аз энергиятон сарфи корҳои беҳуда ва хато шавад, мутмаиннан наметавонед онтавр, ки бояд ва бо тамоми қува барои фардоятон талош кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.