Чигуна аз ҷойгоҳи худ назди Худованд огоҳ шавем?

99

Инсон барои ёфтану шинохти ҷойгоҳаш назди Худо роҳкорҳое дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба онҳо метавонад аз ҷойгоҳи худ назди Худованд огоҳ бошад.

Аҳ ҳазрати Алӣ(к) ривоят шудааст:

 مَنْ أَرَادَ مِنْکُمْ أَنْ یَعْلَمَ کَیْفَ مَنْزِلَتُهُ عِنْدَ اللَّهِ فَلْیَنْظُرْ کَیْفَ مَنْزِلَهُ اللَّهِ مِنْهُ عِنْدَ الذُّنُوبِ کَذَلِکَ مَنْزِلَتُهُ عِنْدَ اللَّهِ تَبَارَکَ وَ تَعَالَى

 Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: «Ҳар кас аз шумо, ки мехоҳад ҷойгоҳу мақоми худашро дар назди Худованд бидонад бояд бубинад, ки ба вақти гуноҳ ҷойгоҳи Худованд дар назди вай чигуна аст. Ҷойгоҳ ӯ назди Худованд ба ҳамон андоза мебошад, ки ҷойгоҳи Худованд дар назди он шахс аст.

 Ҷойгоҳи инсон назди Худованд чигуна аст?

Агар касе бихоҳад ҷойгоҳаш дар назди Худованд як ҷойгоҳи баланд аст ё паст , бояд диққат кунад ва ҷойгоҳи Худо назди худаш дар вақте, ки ба гуноҳон мерасад чигуна ҷойгоҳе аст. Фарз кунед, ки (паноҳ бар Худо) замина ва шароити гуноҳе пеш омадааст ва ҳамаи шароит ҳам фароҳам шудааст ва инсон метавонад гуноҳро анҷом диҳад.

Ин вақт аст, ки бояд бишиносад Худованд дар назараш чиқадар аҳамият дорад ва чӣ ҷойгоҳе дорад; Агар ҷойгоҳе азиму баланд дорад, ин сабаб мешавад, ки хавфу тарс аз Худоро пайдо кунад ва дасташ ба тарафи ин гуноҳ дароз нашавад. Чаро? Чун Худованд наҳй карда ва гуфтааст ин корро накун.

Агар Худованд пеши инсон бузург бошад, он инсон яқинан аз он гуноҳ дурӣ мекунад.

Агар Худованд пеши инсон бузург бошад гуноҳро анҷом намедиҳад. Ин як роҳи шинохти худ аст. Инсон худашро имтиҳон карда метавонад. Агар Худованд пеши ӯ боазамату бузург бошад мефаҳмад, ки худаш ҳам пеши Худованд азамат дошта ва ҷойгоҳи хуб дорад. Аммо агар дид, ки Худо дар наздаш кӯчак ҷилва карда ва азамате надошт ва ба самт гуноҳ рафт мефаҳмад, ки худаш дар назди Худованд пасту хор аст. Бубинед, ки ҳазрати Алӣ(к) чигуна робита кунед амирулмуъминин Алӣ(ъ) ба чӣ наҳви робитаро дуруст кард!

 Шароити мо пеш Худованд чигуна аст?

Масъалае, ки дар ин ривоят ҳаст ин аст, ки ҳазрат мефармоянд вақти бархурд бо «гуноҳ» бубинем Худованд чӣ аҳамияте назди мо дорад, аммо нафармудаанд, ки ҳангоми «итоат» аз Худованд бубинем Худованд чӣ ҷойгоҳе назди мо дорад. Чароки азамати Худованд дар назди мо вақте зоҳир мешавад, ки Ӯ моро наҳй кардааст, яъне ҳамон вақти гуноҳ. Дар як ҳадиси дигар аз ҳазати Алӣ(а) нақл шудааст, ки ҳазрат фармуданд ту ба кӯчакии гуноҳ нигоҳ накун, балки ба бузургии он касе нигоҳ кун, ки дар ҳоли маъсияту нофармонии ӯ ҳастӣ.

Бисёр ҳастанд касоне, ки мегӯянд мо намедонем Худованд аз мо розӣ аст ё на; Мегӯянд намедонем Худованд моро дӯст медорад ё дӯст намедорад; Мепурсанд вазъу шароити мо пеши Худованд чигуна аст? Посух ба ин пурсишҳо осон аст; бубинм вақти анҷоми як гуноҳ Худованд дар назарамон чигуна аст? Бузург аст ё кӯчак? Агар бузург аст пас мо инсонҳо ҳам пеши Худованд бузург буда ва Ӯ аз мо розӣ аст ва моро дӯст медорад; ва агар кӯчак аст, медонем, ки мо ҳам пеши Худованд кӯчаку паст буда ва аз ризояти илоҳӣ дур ҳастем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.