Кӯдакон ва талоқ

232

Хашм  

Барои бисёре аз кӯдакон хашм қавитарин, бодавомтарин ва печидатарин ҳаяҷоне аст, ки пас аз ҷудоии волидайн бо он даст ба гиребонанд. Кӯдакон агар худро ҳомии волидайн эҳсос кунанд, хашми худро, ки маъмулан баъдан дубора зоҳир мешавад ва ғолибан бероҳа меравад, фурӯ мехӯранд.

 Танҳоӣ

Ҳангоме ки волидайн қарори мулоқоте доранд ё издивоҷ мекунанд, кӯдакон эҳсос мекунанд, ки касе нест фақат аз онҳо муроқибат кунад. Онҳо эҳсос мекунанд дар ин ҷаҳон касе мудофеи онҳо нест.

 Бозгашт ба гузашта

Вақте кӯдакон ба булуғ мерасанд таҷрибиёти қарори мулоқоти худи онҳо, равобити ҷиддӣ ва махсусан омодагӣ барои издивоҷ ва анҷоми вазифаи падарӣ ва модарӣ, хотироти ҷудоии падару модарашонро дубора зинда мекунад.

Кӯдакон ҳассос ҳастанд гӯшҳои онҳо гуфтугӯи волидайнро мешунавад ва чашмони онҳо ҳолатҳои чеҳраашонро мебинад. Ҳарчи бузургсолон дар пинҳон кардани мушкилоти иртиботи худ бештар талош кунанд, кӯдакон мутаваҷҷеҳи танишҳои даруни, ғами пинҳон ва хашми фурӯхуфтаи онҳо мешаванд. Онҳо эҳсос мекунанд, ки дар атрофашон иттифоқи баде дар ҳоли рухдодан аст ва намедонанд чаро касе дар ин бора бо онҳо сӯҳбат намекунад. Бехабар нигаҳ доштани кӯдакон ва навҷавонон сабаб мешавад то онҳо ба таври мухотира омези эҳсоси осебпазирӣ кунанд. Бисёре аз кӯдакон дар ҳоле аз ончи, ки наметавонанд тавзеҳ диҳанд ва бифаҳманд ба ваҳшат меафтанд ва талош мекунанд чизҳои нофаҳмои худро бо хаёлоти худ пур кунанд. Кӯдакони дигаре, ки тарсҳо ва нигарониҳои худро дарунӣ месозанд, ин нигарониҳои фурӯхуфта ағлаб аз тариқи бемориҳо, рафтори ноҳанҷор ва мушкилоти иҷтимоӣ ва таҳсилӣ ошкор мешавад.

Кӯдакон ағлаб худро сарзаниш мекунанд, ки чаро натавонистаанд бо рафтори беҳтар, ҷилави талоқи волидайнашонро бигиранд ё монеъ аз хушунати байни падару модар шаванд.

Барои бузургсолоне, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, талоқ поёни кор аст. Барои кӯдакон, талоқ ғолибан оғози роҳ аст, оғози як кори нотамом, оғози билотаклифӣ. Зеҳни кӯдак пур аз пурсиш мешавад: Куҷо зиндагӣ хоҳам кард? Чанд вақт ба чанд вақт, падар ё модарро хоҳам дид? Оё номзади падар, ӯро тарк хоҳад кард? Оё модарам издивоҷ хоҳад кард? Оё падар ва модарам ҳаргиз бо ҳам оштӣ хоҳанд кард?

Бузургсолон моиланд фикр кунанд, ки кӯдакон билофосила пас аз талоқ давраи ғамро тай карда ва сипас ба содагӣ ба ҳолати пеш аз талоқ бар мегарданд, ин дидгоҳ дар зоҳир дуруст ба назар мерасад. Ағлаби кӯдакон ба думболи корҳои рӯзонаи худ мераванд; мктаб, варзиш, бошгоҳ, дарс, бозиҳои компютерӣ ва дидани дӯстон. Оромиши зоҳирии кӯдак ба маънои оромиши даруни ӯ нест.

Кӯдакон дар хурдсолӣ мумкин аст аз худ бипурсанд: «Чаро падару модар аз ҳам ҷудо шуданд?» ва дар бузургсолӣ аз худ мепурсанд: «Воқеан ишқ чист? Оё зан ва шавҳар ҳамеша ба ҳам вафодор мемонанд? Волидайни ман, ки ин ҳама бо ҳам носозгорӣ доранд чаро издивоҷ карданд?» Вазъияти хонаводагии кӯдак дар ҳар як аз рӯйдодҳои муҳимми зиндагии вай монанди ҷашни таваллуд, ҷашни фориғутаҳсилӣ, маросими издивоҷ ё ташйии ҷаноза дубора барҷастагӣ пайдо мекунад. Агар талоқ ба роҳи ҳали муносибе нарсида бошад дар ду ранҷи он дубора худро нишон медиҳад.

 Саволҳои муҳим

Кӯдакон дар ҳар син вақте волидайнашон аз ҳам ҷудо мешаванд нохоста се савол дар зеҳнашон шакл мегирад:

 1- Оё ман сабаби ин талоқ шудам?

Ҳатто агар волидайн, кӯдаконро мутмаин созанд, ки дар ин рӯйдод гуноҳе надоштаанд аммо кӯдакон мумкин аст то муддати тӯлонӣ гуноҳи озордиҳандаро эҳсос кунанд. Кӯдакон моиланд волидайни худро комил бибинанд ин вежагӣ сабаб мешавад, ки нуқтазаъфҳо ва иштибоҳоти падар ва модарро нодида бигиранд ва худро ба хотири масоиле, ки сабаби талоқ шудааст сарзаниш кунанд.

 2- Чӣ касе аз ман муҳофизат хоҳад кард?

Аз замони хурдсолӣ, кӯдакон дар сояи ду нафаре, ки аз ӯ муроқибат мекунанд эҳсоси амният менамоянд. Акнун фақат як нафар ҳузур дорад бадтар инки онҳо нигарони ин ҳастанд, ки падар ё модари боқимонда ҳам онҳоро тарк кунад. Кӯдакон аз ин метарсанд, ки ҳамаи такягоҳҳои онҳо фурӯ бирезад. Ин нигаронии асосии ҳамаи кӯдакон ва хусусан навҷавонон аст. Дар ҳоле ки ҷавонон зоҳиран аз хонаводаи худ канор мекашанд, бо вуҷуди ин мехоҳанд як паноҳгоҳи ҳимоятӣ дошта бошанд то ҳангоме, ки авзоъ бисёр тарснок мешавад ё мушкиле пеш меояд ба он муроҷиа кунанд.

 3- Оё ин рӯйдод барои ман ҳам иттифоқ хоҳад афтод?

Кӯдакон нигарони он ҳастанд, ки дар бузургсолӣ ва ба ҳангоми издивоҷ, таърих такрор шавад. Онҳо ояндаеро тасаввур мекунанд, ки ранҷи дарунӣ шуда ҷудоӣ ва талоқ бар он соя афканда бошад. Онҳо аз худ мепурсанд оё ҳар издивоҷе оқибаташ талоқ аст ба унвони волидайн ё муроқибин, метавонем аз таҷрибиёти зиндагии худ ба унвони як василаи омӯзишӣ барои кумак ба кӯдакон истифода кунем то онҳо ҳам бузургсолони корозмудае бишаванд.

Вақте яке аз волидайн пас аз талоқ аз зиндагии кӯдак хориҷ мешавад, кӯдак парешон мешавад. Ҳар рӯз аз худ мепурсад «Агар модар ё падар ӯро дӯст дорад, чаро ҳамеша ба ӯ телефон намезанад ё ба диданаш намеояд?»

Ба ҷуз дар мавориде, ки рафтори падар ё модар барои кӯдак зараровар аст, кӯдакон пас аз талоқ ниёзманди ҳузури фаъоли волидайн дар зиндагии худ ҳастанд дар ҳақиқат бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, агар волидайн пас аз талоқ ба масъулияти падарӣ ва модарии худ пойбанд бошанд, кӯдакон аз муҳаббат ва роҳнамоии онҳо баҳраманд мешаванд аммо ин мавзӯъ дар кишвари мо риоят намешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.