70% камбағалони ҷаҳонро занон ташкил медиҳанд

138

70% камбағалони дунёро занон ташкил медиҳанд/ ба масъалаҳо ва мушкилоти занон таваҷҷӯҳ кардан лозим аст

70 дарсади камбизоатони ҷаҳон занонанд ва дар миқёси ҷаҳонӣ занон ба ҳисоби миёна 50 дарсади даромади мардонро ба даст меоранд, ҳарчанд онҳо 50 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил додаанд, аммо сеяки нерӯи кориро ташкил медиҳанд.

Дарди муштараки занон дар ҳама ҷомеъаҳо, аз қабили хушунати шаҳрӣ, хушунати хонаводагӣ, нобаробарӣ дар дарёфти хадамоти беҳдоштӣ ва табобат, нобаробарӣ дар маош ва имтиёзҳои кор ва мавҷудияти монеаҳо дар роҳи пешбурди кор ва таъмини ҷои кор ва ғайра, дар байни занон ҳамбастагии бештарро ба бор овардааст. Имрӯз ранҷи зани суриягие, ки овора шуданашон пушти хонаводаашро шикастааст, дар баробари ноамнии зани украинӣ бар асари ҳамлаи низомии Русия ба кишвараш, дар баробари азобу ранҷи 70-солаи  занони фаластинӣ ва андӯҳи ҷангу даҳшат бар занони афғон ва ноумедӣ, даҳшату тарс аз ояндаи номаълуми фарзандони занони яманӣ як дарди муштаракест, ки миёни ҳамаи занон эҳсос мешавад.

Имрӯза ноамнии иҷтимоии занон танҳо мутааллиқ ба як кишвар ё ду кишвар нест, балки масъалаест, ки каму зиёд дар ҳамаи давлатҳо қобили мушоҳидааст. Муносибатҳои рамзие чун “Рӯзи Ҷаҳонии Зан” (8-уми март) зиддияте бо рӯзҳои миллии дишварҳо надорад ва хуб аст, ки барои гиромидошти мақоми зан ва модар аз ин рӯзҳои байналмилалӣ истифода шавад. Рӯзҳои ҷаҳонӣ фурсате барои тарҳи дарди муштарак ва зарурати бозандешии давлатҳо ва созмонҳо ҷиҳати ҷустуҷуи чораҳо бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳаштуми март мутааллиқ ба ҳеҷ кишваре нест ва барои ҳеҷ миллате нест 8-уми март барои ҳамаи занони ҷаҳон аст; мусулмон, масеҳӣ, яҳудӣ, зартуштӣ, будоӣ в…!

Дар ин замина лозим аст бо нигоҳе ба таърихи муборизоти занон барои ба даст овардани ҳаққи худ ва талош барои сулҳи ҷаҳоние, ки дар он хонавода ва фарзандонашон таъми меҳру дӯстӣ ва осоиштагиро эҳсос кунанд, рӯзи ҳамбастагии ҳамаи занонро бо шиорҳои ҷаҳонӣ ҳамроҳ кунем ва хоҳони иқдомоти амалии давлатҳо ва созмонҳо барои иҷроӣ кардани онҳо бошем!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.