Силаи раҳм

281

Силаи раҳм яъне: Рафтуомад бо хешутабори наздик ва диду боздид ва хабаргирифтани онҳо.

Қатъи раҳм яъне: Тарки робита ва дустӣ бо хешутабор.

Аз хусусиёти парҳезгорон, пайванд ва иртибот бо арҳом ва хешовандон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин масъала дар Ислом тавсияҳои фаровоне, нисбат ба ин мавзӯъ шудааст. Мехоҳем дар ин бора тавзеҳ диҳем ва осори силаи раҳмро дар дунё ва охират баён кунем. Зеро инрӯзҳо ба ин суннати хуби Ислом чандон аҳаммият дода намешавад. Лозим аст мардумро ба зарурати он ошно кард ва ононро ба анҷоми он ташвиқ кунем ва нисбат ба тарки он ҳушдор диҳем.

Фавоиди силаи раҳм чист?

– Диду боздид сабаб мешавад ахлоқи инсон хуб шавад.

– Диду боздид саховатро зиёд, рӯҳро латифу пок мекунад.

– Диду боздид ва ризқро зиёд мекунад.[1]

– Касе, ки аҳли дидубоздид бо хешутабор шуд дар қиёмат ҳисобаш осон аст.

– Силаи раҳм, рӯзи қиёмат ҳисобро равон мекунад.

– Силаи раҳм мурданро осон мекунад.[2]

– Силаи раҳм молро рушд медиҳад, аъмолро тасфия мекунад.[3]

– Силаи раҳм балоро аз ҷони инсон дӯр мекунад.

Касе, ки бо фомил рафту омад кунад, Худо ӯро дӯст дорад. Номаш ба некӯӣ бурда мешавад.

Нақши силаи раҳм дар тӯли умри инсон

Як рӯз имом Содиқ ба як нафар гуфт: Эй муяссар! борҳо Азроил омадааст, ҷони туро бигирад. Ҳар дафъа Азроил омадааст ҷони туро бигирад, ту қаблаш як силаи раҳм кардӣ Худо умри туро тӯлонӣ кардааст. Ва ин ба хотире аст, ки наздиконатро боздид мекунӣ.[4]

Дар силаи раҳм байни афрод фарқ нагузорем

Дӯрӣ аз табъиз дар силаи раҳм ва расидагӣ ба хешовандон умрро зиёд мекунад. Гарчи хеши ту одами хубе ҳам нест.[5] Яъне агар хеши бад ҳам дорӣ, агар дидани ӯ рафти умри ту тӯлони мешавад.

Дар силаи раҳм фарқе байни пулдор ва фақир нагузоред.

Имом Ризо(а) Фармуд: Касе, ки саломҳояш бо пулдор ва фақир фарқ мекунад, Худо бар ӯ ғазаб мекунад: Агар касеро ба хотири пулаш ба ӯ эҳтироми бештаре кардӣ миқдоре аз дини ту аз байн меравад.

Дар ҳадис аст: Афроде аст, ки гуноҳкор ҳастанд, аммо чун ба хешутабор рафтуомад мекунанд вазъашон хуб аст. Ва одамҳое аст, намози таҳаҷҷуд ҳам мехонанд, чун бо ҳам қаҳр ҳастанд, зиндагиашон сахт аст.

Ҳадис аст: Ҳатто афроди гунаҳкор аҳли диду боздид бошанд вазъашон хуб аст. Ва афроди бо тақво агар аҳли омадурафт набошанд, дар зиндагишон сахтӣ қарор мегирад.[6]

 Чигуна силаи раҳм кунем?

1- Бо ҷону дил силаи раҳм кунед.

2- Ҷилави зарари хешонро бигиред.

3- Ба онҳо фоида бирасонед.[7]

 Роҳёбӣ ба биҳишт

Расули Худо(с) мефармояд: «Шаш амал аст, ки ҳаркас яке аз онҳоро анҷом диҳад дар рӯзи қиёмат ба фоидаи ӯ далел меоранд то ӯро вориди биҳишт кунанд. Ба Худованд мегӯянд: Худоё ин бандае аст, ки дар дунё амали маро ба ҷой овардааст. Он шашо амал иборатанд аз: Намоз, закот, ҳаҷ, рӯза, адои амонат ва силаи раҳм.»[8]

 Осори қатъи раҳм

Қатъи раҳм яке аз корҳоест, ки осор ва паёмадҳои хатарнок дар зиндагии инсон дорад, ки ривоёти зиёде дар ин бора нақл шудааст.

Дар ин ҷо ба таври хулоса, ба баъзе аз паёмадҳои қатъи раҳм ишора мекунем:

1- Кутоҳ шудани умр: Расули Худо(с) фармудааст: «Инсоне, ки слаи раҳм мекунад Худованд ба сабаби он, умри се солаи ӯро ба сиву се сол афзоиш медиҳад. Дар муқобил, инсоне, ки қатъи раҳм мекунад Худованд умри сисолаи ӯро ба се сол ё камтар аз он кам мекунад.»[9]

2- Ибтило ба фақр: Алӣ(а) фармуд: Қатъи раҳм бо хешовандон тангдастӣ меоварад.»[10]

3- Нобудии ҳосили кор: «Бо қатъи раҳм ҳеҷ ҳосиле ба даст намеояд.»[11]

4- Қатъи насл: Имом Боқир(а) мефармояд: Дар китоби Имом Алӣ(а) омадааст: «Се хислат аст, ки дорандагони он намемиранд; Магар онки кайфари онҳоро дар ҳамин дунё мебинанд: Ситам, қатъи раҳм ва қасами дурӯғе, ки бо он бо фармони Худо мухолифат мекунанд … Ба дурустӣ, ки қасами дурӯғ ва қатъи раҳм сарзаминҳоро аз аҳли он холӣ мегардонад ва раҳми занонро ақим месозад ва ақим шудани раҳм, сабаби инқитоъи насл мешавад.»[12]

5- Нозил нашудани раҳмат: Расули Худо фармудааст: «Раҳмат бар қавме, ки дар миёни онҳо қотеъи раҳм вуҷуд дошта бошад; Нозил намешавад.»[13]

6- Маҳрумият аз биҳишт: Расули Худо(с) мефармоянд: Се гурӯҳанд, ки ҳаргиз дохили биҳишт намешванд: Мӯътод ба шароб, мӯътод ба сиҳру ҷоду ва қатъкунандаи раҳм»[14]

[1] . Кофӣ/ҷ2/с151

[2] . Биҳоруланвор/ҷ74/с174

[3] . Кофӣ/ҷ2/с157

[4] . Васоил/ҷ9/с389

[5] . Мустадрак, ҷ.15, с.241

[6] . Кофӣ

[7] . Баҳоруланвор, ҷ71, с109

[8] . Мустадракулвасоил, ҷ1, саҳ 73

[9] . Васоил, ҷ.21, с.537

[10]. Васоил, ҷ.15, с.247

[11]. Мустадрак; ҷ15, с186

[12]. Кофӣ, ҷ.2, с.247

[13] . Кофӣ, ҷ.2, с.184

[14] . Васоил, ҷ.15, с.346

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.